Маълумот оиди чорабиниҳои ҳифзи моҳӣ дар моҳи апрел

Бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят аз 5 апрел то 20 июни соли ҷорӣ дар обанборҳои вилоят сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ шудааст.  Барои амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанборҳои вилоят  дар давоми як моҳи гузашта корҳои муайян ба анҷом расид. Ба гурӯҳҳои фаврии ташкил намудаи ситод намояндагони ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони вилоят, ҶСК «Моҳипарвари Қайроққум» ва нозирони ҷамъиятӣ дохил карда шуда, дар ҳудуди обанборҳои ҳавзаи Сирдарё аз қисми болооби «Баҳри Тоҷик» то НБО -и Фарҳод, истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон ва роҳи оҳан, бозорҳо, нуқтаҳои пухтупази маҳсулоти моҳигии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Ашт, Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Исфара зери назорат гирифта шуд.

Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ нишон дод, ки дар давоми моҳ дар «Баҳри Тоҷик» ва ҳавзаи Сирдарё 28 маротиба  амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда, нисбати  29  нафар шаҳрвандон протоколҳо тартиб ва парвандаҳо барои баррасӣ ба шӯъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо фиристода шуда, ба бозорҳо, нуқтаҳои пухтупаз ва фурӯши моҳиҳо 43 амрнома дода шудааст. Ҳамчунин зарари пешниҳодшуда 807 сомониро ташкил дода, аз шахсони қӯруқшикан 4 адад қаиқи резинӣ, 6 адад либоси махсуси резинӣ, зиёда аз 260 адад тӯрҳои ҳархелаи моҳидорӣ, ки 23,4 км-ро ташкил дод ва дигар аслиҳаҳои шикори моҳӣ муваққатан  мусодира  гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.