Семинар-вохўрӣ бо донишҷўён дар шаҳри Хуҷанд

 Бахшида ба санаи 10 октябр - Рўзи ҷаҳонии муҳоҷирати парандаҳо дар факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» семинар – вохўрии намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо донишҷўён баргузор гардид. Аз чониби мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба аҳмияти ҳифзи муҳоҷирати парандаҳо, дар фасли зимистон гузаронидани корҳои биотехникӣ дар доманаи кўҳҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи олами ҳайвонот суханронӣ карда шуд. Дар охири семинар – вохўрӣ саволу чавоб бо мутахассисон ва ҳам бо донишҷўён ба амал омада, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

    Мақсад аз баргузории вохўрии мазкур пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати экологии донишҷўён, ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ғамхори ба табиат, аз ҷумла олами набототу ҳайвонот мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.