Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Конибодом

 Нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом бо мақсади пешбурди сиёсати экологӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера дар якҷогӣ  бо мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии раёсат ва кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар кўчаҳои асосии нақлиётгарди шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти мазкур 25 адад нақлиёти гуногунтамға аз ченкунӣ гузаронида шуда, дараҷаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар муайян гардид. Барои аз меъёр зиёд будани моддаҳои ифлоскунанда, ки аз нақлиёт ба ҳавои атмосфера ихроҷ мегардад, нисбати 4 нафар ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Боиси қайд аст, ки тибқи нақшаи пешбинигардида амалиёти «Ҳавои тоза» дар ҳар як шаҳру ноҳия на кам аз 1 маротиба дар семоҳа баргузор мегардад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.