Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Исфара

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара дар кӯчаи марказӣ – хиёбони Исмоили Сомонии шањр овезаи экологӣ бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насб гардид. Ҳамчунин, тибқи супоришу тақсимот овезаи мазкур ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 бахшида шудааст.

 Ҳадафи аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад. Ин иқдом минбаъд њатман идома ёфта, роҳандозӣ карда мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.