joomla

Дар бораи мониторинги экологӣ

Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз

26 июли соли 2014, №1120

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  с.2011, №3, мод.174)

 

Дар бораи мониторинги экологӣ

 

 Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини мониторинги экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва муносибатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар ин соҳа ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1.

 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-1 таъсири антропогенӣ - маҷмўи таъсиррасонии мустақим ва ғайримустақими фаъолияти инсон ба муҳити зист;

2- ифлосшавии муҳити зист - дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар намуди фаъолияти инсон  ба миқдори (консентратсияи) аз андозаи миёнаи бисёрсолаи табиӣ зиёд (дар ҳудуди тағйирёбии интиҳоӣ) ба муҳити зист овардан ё дар он пайдо шудани унсурҳои физикӣ, кимиёвӣ ва биологие, ки одатан ба он хос нестанд; 

- 3таъмини амнияти экологӣ – маҷмўи тадбирҳо оид ба пешгирии пайдоиш ва густариши ҳолатҳои хатарноки экологӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо;

- 4муҳити зист – маҷмўи ҷузъҳои табиат (ҳавои атмосфера, об, хок, қаъри замин, олами наботот ва ҳайвонот) ва ландшафт, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва дигар объектҳои моддӣ, ки ба сифати ҳаёт, шароити фаъолият ва вазъи саломатии инсон ва (ё) амали мутақобилаи ин ҷузъҳо таъсир мерасонанд;

- 5ҳифзи муҳити зист – маҷмўи тадбирҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва минтақавӣ, маъмурию хоҷагидорӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии муҳити зист равона карда шудаанд;

-6 истифодабарандагони табиат – шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти хҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятро мувофиқи талаботи қонунгузории ҶТ ба роҳ монда, дар пешбурди он захираҳои табииро истифода мебаренд ва (ё) бо амалисозии он ба муҳити зист таъсир мерасонанд (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз

26 июли соли 2014, №1120);

-7 системаи мониторинги экологӣ – сохтори сермақсад ва сертаркибаи иттилоотӣ, ки бо роҳи якҷоякунии зерсистемаҳои алоҳида, маҷмааҳои ченкунию иттилоотӣ ва ҳисобкунию иттилоотии аз ҷиҳати мақсад ва талаботи (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120)

8умумӣ барои ташкил ва гузаронидани мушоҳидаҳо, ҷамъбаст ва ҳамгироии маълумоти бадастовардаи ба ҳам алоқаманд ташкил карда мешавад;

-9 ҳолати фавқулоддаи экологӣ – ҳолати хатарноки экологӣ, ки ба мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, инчунин муҳити зист фавран андешидани тадбирҳои таъҷилиро барои рафъи он талаб менамояд;

-10 амнияти экологӣ – ҳолати муҳофизавии манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон, ҷамъият, муҳити зист аз хатарҳои дар натиҷаи таъсирҳои антропогенӣ ва табиӣ пайдошаванда;

- 11ҳолати хатарноки экологӣ – ҳолате, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои антропогенӣ  ва табиӣ, аз ҷумла бар асари  офату фалокатҳои табиӣ муҳити зист хароб гардидааст ё эҳтимоли хароб шудан дорад ва ё тағйир ёфта, ба вазъияти бад афтодааст ва вобаста ба ин ба манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва ҷамъият хатар таҳдид мекунад; - ин сархат Хориҷ карда шудааст  (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120)

- 12талаботи экологӣ – меъёрҳо, қоидаи ташкил ва пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, вобаста ба истифодаи намудҳои алоҳидаи захираҳои табиӣ ва (ё) таъсир ба муҳити зист;

- 13мониторинги экологӣ - маҷмўи тадбирҳо оид ба гузаронидани мушоҳида, арзёбӣ, пешгўии ҳолати ҷузъҳои алоҳидаи муҳити зист, маҷмааҳои ҳудудҳои табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиию антропогенӣ, омилҳои табиӣ ва антропогении таъсир ба онҳо ва манбаъҳои ташаккулёбии онҳо дар асоси ченкунии нишондодҳои миқдорӣ ва сифатии ифлосшавии онҳо.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи мониторинги экологӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи мониторинги экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. 

 

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои мониторинги экологӣ

1. Мониторинги экологӣ бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:

- мушоҳидаи ҳолати муҳити зист, аз он ҷумла ҳолати муҳити зист дар минтақаҳои воқеъи манбаъҳои таъсири антропогенӣ ва таъсири ин манбаъҳо ба муҳити зист;

- арзёбӣ ва пешгўии тағйири ҳолати муҳити зист зери таъсири омилҳои антропогенӣ ва табиӣ;

- таъмини талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилооти эътимоднок дар бораи ҳолати муҳити зист ва тағйирёбии он, ки барои рафъ ва (ё) кам намудани оқибати ногувори чунин тағйирёбиҳо зарур аст.

2. Вазифаҳои мониторинги экологӣ инҳоянд:

- ба роҳ мондани мушоҳидаҳои мунтазами ҳолати объектҳои мониторинги экологӣ;

- созмон додани махзани иттилоотии маълумот дар бораи объектҳои мушоҳидашаванда;

- арзёбии нишондиҳандаҳои ҳолат ва мукаммалии функсионалии маҷмааҳои табиӣ, муҳити зист ва вазъи саломатии инсон;

- пешгўии тағйирёбии ҳолати объектҳои мушоҳидашаванда;

- таҳияи   барномаҳо,   пешниҳодот   ва   тадбирҳо   дар   бораи  рафъи оқибати ногувори таъсир ба муҳити зист;

- иттилоотонии   мақомоти   ҳокимияти   давлатӣ,   шахсони  воқеӣ  ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳолати муҳити зист.

 

Моддаи 4. Объектҳо ва субъектҳои мониторинги экологӣ

1. Объектҳои мониторинги экологӣ аз инҳо иборатанд:

- манбаъҳои таъсири антропогенӣ ба муҳити зист;

- объектҳо ва минтақаҳои махсуси муҳити зист (ҳавои атмосфера, об, хок, қаъри замин, объектҳои хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои табиӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда);

- гурўҳҳои аҳолӣ, ки таъсири манфии омилҳои муҳити зистро ҳис менамоянд.

2. Субъектҳои мониторинги экологӣ аз инҳо иборатанд:

- мақоми (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120)

ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ;

- мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот(Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120);

- истифодабарандагони табиат.

3. Мониторинги экологӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва маҳдуд (локалӣ, объектӣ) дар ҳаҷме, ки гирифтани иттилооти пурра ва эътимоднок дар бораи муҳити зист ва ҳолати экологӣ, инчунин динамикаи тағйирёбии онҳо зарур аст, ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 5. Принсипҳои асосии ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ

Принсипҳои асосии ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ инҳоянд:

- мунтазамии мушоҳидаҳо дар ҳаҷми зарурӣ ва кофӣ;

- фаврӣ гузаронидани мушоҳидаҳо дар ҳолатҳои фавқулодда;

- ягонагӣ ва муқоисашавандагии усулҳои мушоҳида ва назорати ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интишори иттилооти дастрасшуда;

- эътимоднокии иттилоот дар бораи ҳолати объектҳои мониторинги экологӣ ва дастрасии он барои муштариён;

- коллегиалӣ будан дар пешгўии натиҷаҳои мониторинги экологӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қарорҳои идоракунӣ;

- ҳамоҳангии амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120);

Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баҳисобгирии маълумоти мониторинги экологӣ ҳангоми таҳия, ташаккул ва амалигардонии стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба роҳ мондани мониторинги экологӣ ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки ба муҳити зист таъсири мустақим ё ғайримустақим мерасонанд, риояи қатъии талабот доир ба таъмини мониторинги экологӣ аз тарафи ҳамаи субъектҳои  хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятҳо, аз он ҷумла фаъолияти марбут ба ҳифзи табиат;

- таъмини бокафолати  мониторинги экологӣ аз ҳисоби захираҳои молиявӣ ва моддию техникии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти ба муҳити зист таъсиррасонандаро амалӣ мегардонанд.

 

БОБИ 2.

ТАШКИЛИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 6. Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 1. Мониторинги экологӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Асоси Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зерсистемаҳои функсионалӣ ва маҳаллии мониторинги экологии дар заминаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонёфта иборат мебошад, ки барои ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ ваколатдоранд. Ҳамоҳангсозии фаъолияти зерсистемаҳои идоравӣ ва функсионалӣ ва муттаҳиднамоии онҳоро дар Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ амалӣ месозад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб, шакл ва мўҳлатҳои пешниҳоди захираҳои иттилоотиро ба Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи субъектҳои мониторинги экологӣ ва тартиби истифодаи маълумоти ин системаро муайян месозад.

4. Маълумоти мониторинги экологӣ, ки ба иттилооти экологӣ мансуб аст, махфӣ буда наметавонад. Дастрасии маҳдуди вобаста ба зарурати таъмини сирри давлатиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 7. Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қайди объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақоми ва мақоми давлатие, ки онро амалӣ менамояд, аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120);

 

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ истифодабарандагони табиатро дар бораи мансубияти объектҳои тобеи он ба Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи пешниҳоди огоҳнома (амрия) хабардор менамояд.

4. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қитъаҳои намунавӣ ва нуқтаҳои пойгоҳӣ барои арзёбии сифати муҳити зист ворид карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Истифодаи захираҳои иттилоотии мониторинги экологӣ

 Захираҳои иттилоотии мониторинги экологӣ барои истифодаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми қабули қарорҳо доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ дар ҳолатҳои зерин заруранд:

- ҳангоми тайёр намудани пешгўиҳо ва таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз он ҷумла барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии экологӣ, инвеститсионӣ ва дигар барномаҳо;

- ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва меъморӣ, аз он ҷумла нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо;

- ҳангоми қабули қарорҳо доир ба сохтмони объектҳои калони хоҷагидорӣ;

- ҳангоми пешбурди намудҳои алоҳидаи кадастрҳои давлатии захираҳои табиӣ;

- ҳангоми тайёр намудани маърўзаҳои давлатӣ доир ба ҳолати муҳити зист ва таъсири он ба вазъи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои истифодабарии табиат, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ, инчунин маблағгузории тадбирҳо ва барномаҳои беҳдошти муҳити зист ва аҳолие, ки дар ҳудудҳои дорои мақоми (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120);

махсуси экологӣ зиндагӣ менамоянд.

 

БОБИ 3.

САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мониторинги экологӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мониторинги экологӣ инҳоянд:

- мақоми ваколатдори давлатиро оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ муайян менамояд;

- фаъолияти мақоми давлатиро, ки ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ ваколатдор аст, ҳамоҳанг месозад;

- таҳия ва иҷрои барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявиро доир ба мониторинги экологӣ ташкил менамояд;

- тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;

- тартиби муттаҳидсозии захираҳои иттилоотии субъектҳои мониторинги экологро дар Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонр ва истифодабарии онҳоро муайян менамояд; (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120);

 

- аз мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ маълумоти мониторинги экологӣ, маводи таҳлилӣ ва дигар иттилооти экологиро мегирад ва онҳоро ҳангоми қабули қарорҳо доир ба беҳдошти аҳолӣ ва муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ истифода мебарад;

- салоҳияти дигарро дар соҳаи мониторинги экологӣ мувофиқи қонунгузорӣ амалӣ менамояд.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ 

1. Ташкил ва гузаронидани мониторинги экологиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ  амалӣ менамояд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ: (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120);

- мониторинги объектҳои муҳити табиии дахлдорро (калимаҳои ----„дар доираи дастурамали ин мақомот“ хориҷ гардидааст) (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120) мустақилона ташкил ва амалӣ мегардонад;

- дар ташкил ва гузаронидани мониторинги давлатии объектҳои об иштирок менамояд;

- объектҳои мониторинги экологии давлатиро дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ муайян менамояд;

- тадқиқотро доир ба мониторинги экологӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва услубии аз ҷиҳати ягонагии услубҳо, тарзҳо ва нишондиҳандаҳои мувофиқашудае ташкил менамоянд, ки дар асоси онҳо маълумот дар бораи ҳолати  объектҳои мониторинги экологӣ ҷамъоварӣ ва таҳқиқ карда мешавад;

- тартиби пешниҳоди ҳатмии маълумоти ҳуҷҷатшудаи мониторинги экологиро ба маълумоти истифодабарандагони табиат мерасонад;

- пешбурди махзанҳои махсуси маълумоти мониторинги экологиро ташкил ва таъмин менамояд;

- арзёбии маълумоти мониторинги экологиро оид ба набудани маълумоте, ки тибқи қонунгузорӣ ба категорияи интишори маҳдуд мансуб аст, ташкил менамояд;

- мубодилаи иттилоотиро бо дигар мақомоти давлатӣ амалӣ мегардонад;

- талаботи тахассусиро оид ба ҳайати кормандоне, ки гузаронидани  мониторинги экологиро таъмин менамоянд, муқаррар мекунад;

- омўзишу таълими мутахассисонро барои кор дар соҳаи мониторинги экологӣ ташкил менамояд;

- барои ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ супоришҳои дахлдор медиҳад;

- мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аҳолиро дар бораи ҳолати муҳити зист дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти эътимодноки иттилооти экологӣ хабардор менамояд.

 

Моддаи 11. Иштироки иттиҳодияҳои (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120) ва шаҳрвандон дар системаи мониторинги экологӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ барои гирифтани иттилооти пурра ва эътимодноки ҳолати муҳити зист муроҷиат намоянд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ вазифадор аст, ки бо тартиби муқарраргардида шикоят ва аризаҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120) ҷамъиятиро дар бораи ҳолати муҳити зист баррасӣ намояд ва онҳоро аз натиҷаи баррасӣ ва тадбирҳои қабулгардида огоҳ созад.

3. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ бо пешниҳодҳо доир ба муқаррар намудани объектҳои иловагии мониторинги экологӣ муроҷиат намоянд.

4. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар гузаронидани  мониторинги экологӣ аз ҳисоби маблағи худ ё маблағҳои дигари  тибқи қонунгузорӣ пешбинишуда иштирок намоянд.

5. Маълумоти мониторинги экологии аз тарафи иттиҳодияҳои (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120)ҷамъиятӣ бадастовардашуда, ки ҷавобгўи талабот нисбат ба захираҳои иттилоотӣ мебошад, ба феҳристи  объектҳои мониторинги экологӣ ворид карда мешавад.

 

БОБИ 4.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 12. Ўҳдадориҳои субъектҳои мониторинги экологӣ 

1. Субъектҳои мониторинги экологӣ нисбати объектҳояшон, ки ба Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ўҳдадоранд:

- мониторинги маҳаллии манбаъҳои таъсири антропогениро ба муҳити зисти табиӣ аз ҳисоби маблағи худ ташкил намоянд ва гузаронанд;

- ташкили(Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120)заминаи зарурии моддию техникии мониторинги экологиро таъмин  (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120)намоянд;

- мониторинги маҳаллиро бо истифода аз усулу воситаҳои тасдиқшудаи тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида, ки ягонагии ченкуниҳоро таъмин менамояд, ба роҳ монанд;

- шахсони мансабдори  масъули гузаронидани мониторинги экологии маҳаллиро муайян ва тайёрии касбии онҳоро мувофиқи талаботи тахассусии муқарраргардида таъмин намоянд;

- ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумоти ҳуҷҷатшудаи мониторинги экологии маҳаллиро дар мўҳлат ва ҳаҷми муқарраргардида ройгон пешниҳод намоянд.

2. Истифодабарандагони табиат ва (ё) шахсони ҳуқуқии аз тарафи онҳо ҷалбшуда мониторинги экологии маҳаллиро аз рўи барномаҳое, ки  аз тарафи худи онҳо тибқи талаботи муқарраргардида таҳия гардида, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ мувофиқа шудаанд, амалӣ мегардонанд.

3. Ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташон бо истифодаи захираҳои табиӣ ё  хавфи таъсири манфӣ ба муҳити зист вобаста аст, мониторинги экологиро мувофиқи қонунгузорӣ ташкил ва амалӣ мегардонанд. -Дар асоси (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120)хориҷ карда шудааст. 

 

Моддаи 13.  Мониторинги экологӣ дар ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ

1. Дар ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ (минтақаи ҳолати фавқулоддаи экологӣ, минтақаи ҳолати хатарноки (Қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 26 июли соли 2014, №1120)экологӣ) мониторинги экологӣ қисми таркибии барномаҳои беҳдошти минтақа мебошад.

2. Мониторинги экологӣ дар объектҳое, ки нисбати онҳо қарори мансубият ба ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ қабул шудааст, дар ҳаҷми барои арзёбии самараноки пурра ва эътимодноки тадбирҳо ва барномаҳои иҷрошавандаи ҳифзи табиат кифоя гузаронида мешавад.

 

Моддаи 14. Мониторинги экологӣ дар воҳидҳои марзию маъмурии  пўшида

1. Мониторинги экологӣ дар воҳидҳои марзию маъмурии пўшида қисми таркибии мониторинги экологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Мониторинги экологӣ дар воҳидҳои марзию маъмурии пўшида бо назардошти талаботи тибқи қонунгузорӣ муайянгардида амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 15. Мониторинги экологӣ дар объектҳои ҳарбӣ ва мудофиавӣ

Дар объектҳои ҳарбӣ ва мудофиавӣ, инчунин дар ҷамъомадҳо ва машқҳои ҳарбӣ, ҳангоми ҷойгиронии қўшун ва техникаи ҳарбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги экологӣ бо назардошти талаботи муайянкардаи  қонунгузорӣ ташкил ва амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 16. Мониторинги экологӣ ҳангоми огоҳнамоӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда

1. Дар объектҳое, ки ба Феҳристи давлатии объектҳои хатарнок ворид шудаанд, мониторинги экологии ҳолати онҳо аз рўи нишондодҳои дахлдор бо ин объектҳо, инчунин мониторинги экологии омилҳои берунае, ки имконияти сарзании ҳолатҳои фавқулоддаро доранд, ташкил ва амалӣ карда мешавад.

2. Ҳангоми сар задани ҳодисаҳои фавқулодда мониторинги экологии объектҳои табиӣ ва дигар объектҳое, ки дар минтақаи зери таъсири ҳодисаҳои фавқулодда ва паҳншавии оқибатҳои номусоиди онҳоянд, гузаронида мешавад.

 

Моддаи 17. Мониторинги экологии партовҳои хатарнок

1. Мониторинги экологӣ дар ҳамаи зинаҳои муносибат бо партовҳои хатарнок (ғуншавӣ, интиқол, безараргардонӣ, истифода, гўркунӣ ва ғайра) ба роҳ монда мешавад.

2. Мониторинги экологиро шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки амалиёти дахлдорро вобаста ба муносибат бо партовҳои хатарнок  мегузаронанд, амалӣ мегардонанд, ба шарте ки дар шартномаи миёни онҳо бо истеҳсолкунанда ё молики партовҳои хатарнок тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. 

 

Моддаи 18. Мониторинги экологӣ ва экспертизаи давлатии экологӣ

Дар ҳуҷҷатҳои баэкспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшуда доир ба тадбирҳои мансуб ба истифодабарии табиат, ки амалӣ намудани онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, бахши алоҳида оид ба мониторинги экологӣ ҳатмист. Дар объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ, ки ҳамзамон объектҳои мониторинги экологӣ мебошанд (пурра ё қисман), пуррагӣ ва эътимоднокии иттилооти ба экспертиза пешниҳодшуда бо истифодаи захираҳои иттилооти дахлдор, ки дар системаи мониторинги экологӣ мавҷуд аст, таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 19. Маблағгузории тадбирҳо оид ба ташкил ва гузаронидани  мониторинги экологӣ

1. Системаи  мониторинги экологӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ   барои гузаронидани мониторинги экологӣ, иҷрои барномаҳои давлатии мақсаднок, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии ташкилотҳо ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешавад.

2. Маблағ барои ташкили мониторинги экологӣ дар доираи иҷрои барномаҳои ҷумҳуриявии мақсаднок ва маҳаллӣ аз буҷети дахлдор ва фондҳои ғайрибуҷетӣ ҷудо карда мешавад.

3. Маблағгузории ташкили мониторинги экологӣ аз ҳисоби истифодабарандагони табиат, ки моддаи 11 Қонуни мазкур муайян кардааст ва аз ҳисоби худи онҳо амалӣ карда мешавад.

4. Мониторинги экологии манбаъҳои ифлоскунандаи муҳити зист, ки моликияти коммуналӣ мебошанд, аз ҳисоби корхонаҳо–истифодабарандагони табиати дар ҳудуди ҳамин воҳидҳои марзию маъмурӣ  ҷойгиршуда  маблағгузорӣ карда мешавад.

5. Мониторинги экологии вазъи саломатии аҳолӣ, ки таъсири манфии омилҳои муҳити зистро дар ҳудуди воҳидҳои маҳаллӣ ҳис менамоянд, аз ҳисоби буҷетҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар манбаъҳои тибқи қонунгузорӣ барои рафъи ҳамин манбаи ифлоскунанда пешбинишуда маблағгузорӣ карда мешавад.

6. Мониторинги экологии объектҳои табиӣ ва дигар объектҳои дар ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ набуда, инчунин гузаронидани мониторинги экологии ҳолати муҳити зист, вазъи саломатии аҳолӣ дар ҳаҷми барномаҳои ҷумҳуриявии мақсаднок пешбинишуда аз ҳисоби буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар манбаъҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

 

Моддаи 20. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мониторинги экологӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мониторинги экологӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳ монда мешавад.

 

 

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 25 марти соли 2011

№ 707

 

 

 

 

 

 

Дар бораи иттилооти экологӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи иттилооти экологӣ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини иттилооти экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян менамояд ва ба таъмини ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ба дастрасии иттилооти экологии мукаммал, эътимоднок ва саривақтӣ мусоидат карда, муносибатҳоро дар ин бахш танзим менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- иттилоот - маълумот дар бораи шахсҳо, ашё, объект, воқеиёт, рӯйдоду ҳодисот (падидаҳо) ва равандҳо, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;

- иттилооти экологӣ – иттилооти ҳуҷҷатии дорои маълумот оид ба вазъи муҳити зист ва таъсир ба он, тадбирҳои ҳифзи он, ҳамчунин таъсири муҳити зист ба инсон мебошад, ки таркибашро Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,  муайян менамоянд;

- иттилооти хосаи экологӣ – иттилооти экологӣ, ки дар асоси шартнома манзур мешавад ва барои пешниҳоди он тайёрии иловагӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот зарур аст;

- иттилооти умумии экологӣ– иттилооти экологие, ки барои истифодаи омма аз ҷониби моликони иттилооти экологӣҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳояшон, ки аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, муқаррар шудааст;

- захираҳои иттилооти экологӣ - иттилооти экологие, ки сарфи назар аз усули пешниҳод ё ташкили нигоҳдориаш (аснод, маҷмӯи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, махзани маълумот), барои воридкунӣ ба системаи иттилоотии экологӣ пешбинӣ шудааст ё дар дохилаш мавҷуд аст;

- молики иттилооти экологӣ - мақомоти давлатӣ ё дигар шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи фаъолияташ иттилооти  экологӣ  ташаккул меёбад;

- пешниҳоди иттилооти экологӣ - амали молики иттилооти экологӣ, ки тибқи ӯҳдадориҳои ба моликони чунин иттилоот вогузоркардаи   Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартнома оид ба пешниҳоди иттилооти хосаи экологӣ ба расонидани иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат менамояд;

- интишори иттилооти экологӣ - амали молики иттилооти экологӣ, ки  мақсадаш тавассути ҷойгиронӣ дар нашрияҳо, дигар воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои расмии худ дар шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ ё бо роҳҳои дигари дастраси умум расонидани иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ, шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи иттилооти экологӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи иттилооти экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Объекти муносибатҳо дар бахши иттилооти экологӣ

 

Объекти муносибатҳо дар бахши иттилооти экологӣ иттилооти экологиест, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- дар бораи вазъи муҳити зист, аз ҷумла ҳавои атмосферӣ, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, замин, хок, олами набототу ҳайвонот, ландшафтҳои табиӣ, дигар объектҳои табиӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо, инчунин дар бораи организмҳои ирсӣ-муҳандисӣ ва микроорганизмҳо;
- дар бораи таъсири моддаҳо, инчунин энергия, ғалоғула, нурафкан
ӣ ва дигар омилҳои физикӣ ба муҳити зист;

- дар бораи қарорҳои мақомоти давлатӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари шахсони ҳуқуқӣ вобаста бо таъсири манфӣ ба муҳити зист ё ҳифзи он, инчунин асосноккунии зарурати иҷрои онҳо, аз он ҷумла асосноккунии молиявию иқтисодӣ;

- дар бораи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои комплексии ҳудудӣ, барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, консепсияҳо, стратегияҳо, нақшаҳо, барномаҳо ва чорабиниҳое, ки амалигардонии онҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад ё таъсир расонида метавонад, инчунин асосноккунии зарурати қабули онҳо, аз он ҷумла асосноккунии молиявию иқтисодӣ;

- дар бораи вазъи саломатӣ ва бехатарии шаҳрвандон;

- дар бораи шароити зиндагии шаҳрвандон то он дараҷа, ки ба онҳо муҳити зист ё тавассути муҳити зист омилҳо, фаъолият ва тадбирҳои дар сархатҳои сеюм ва чоруми ҳамин модда зикршуда таъсир мерасонанд ё расонида метавонанд.

 

Моддаи 4. Ҳуқуқи дастрас кардани иттилооти экологӣ

 

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи озодона дастрас кардани иттилооти экологии дар ихтиёри моликони иттилооти экологӣ мавҷуда бе зарурати фаҳмонидани сабабҳои таваҷҷӯҳ ба ин  иттилооти экологӣ, бо тартиб ва тарзе, ки Қонуни мазкур муайян намудааст, кафолат дода мешавад.

Моддаи 5. Намудҳои иттилооти экологӣ ва манбаъҳои асосии он

 

1. Иттилооти экологӣ ба иттилооти умумии экологӣ ва иттилооти хосаи экологӣ тақсим мешавад.

2. Ба иттилооти хосаи экологӣ нисбат додани иттилооти экологие, ки аз ҳодисаи расонидани зарар ба муҳити зист иборат аст, манъ аст.

3. Иттилооти экологие, ки моликони иттилооти экологӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳод ё интишор мекунанд, дар натиҷаи фаъолиятҳои зерин ташаккул меёбад:

- гузаронидани мониторинги муҳити зист;- гузаронидани ченкунӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- ба роҳ мондани баҳисобгирии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- ба роҳ мондани баҳисобгирии захираҳои табиии истифодашаванда ва таъсир ба муҳити зист;

- гузаронидани арзёбии таъсири фаъолияти пешбинишудаи хоҷагидорӣ ё фаъолияти дигар ба муҳити зист;

- гузаронидани экспертизаи экологӣ;

- амалӣ намудани назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- гузаронидани аудити экологӣ;

- гузаронидани сертификатсияи экологӣ;

- амалӣ намудани бамеъёрдарорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- таҳия ва амалӣ намудани нақшаҳои маҷмӯии ҳудудӣ, барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист.

4. Додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномаҳодиҳӣ, ки дар асоси онҳо захираҳои табиӣ ҳамчун манбаи ҷамъоварии иттилооти экологӣ истифода карда мешаванд, ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба ин иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ё дигар ҳуҷҷатҳо, манънамоӣ, барқароркунӣ, тамдиди мӯҳлати амали иҷозатномаҳодиҳӣ, қатъ намудани амали онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 6. Тартиби ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии  иттилооти экологӣ

 

1. Тартиби ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ иттилооти экологиеро дар бар мегиранд, ки дар натиҷаи фаъолияти дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 5 ҳамин Қонун пешбинишудаи моликони иттилооти экологӣ ташаккул меёбад ва дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои дигари давлатӣҷиҳати иҷрои вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи онҳо гузошташуда захира карда мешавад.

3. Пешниҳод ва интишори маълумоте, ки ба захираҳои давлатии иттилооти экологӣ ворид шудааст, мувофиқи моддаҳои 9–12  Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 7. Дастрасӣ ба иттилооти экологӣ

 

1. Дастрасии мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ба иттилооти умумии экологӣ тавассути пешниҳод ё интишори иттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ таъмин карда мешавад.

2. Дастрасии мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ба иттилооти хосаи экологӣ дар асоси шартнома бо моликони иттилооти  экологӣ таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 8. Маҳдудияти дастрасӣ ба иттилооти экологӣ

1. Пешниҳод ё интишори иттилооти экологӣ дар мавридҳои зерин манъ аст, агар:

- иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сирри давлатӣ ба шумор равад;

- ошкор намудани иттилоот ба баррасии судии парвандаҳо, пешбурди тафтишоти пешакӣ ва истеҳсолоти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ халал расонад;

- ошкор намудани иттилоот ба муҳити зист зарар расонад ё хатари расонидани чунин зарарро дошта бошад;

- ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бо дарназардошти амнияти давлат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ муайян намудаанд.

2. Пешниҳоди иттилооти экологӣ  инчунин рад карда мешавад, агар:

- мақомоти давлатӣ, ташкилоти дигари давлатӣ иттилооти дархостшударо надошта бошанд ва гирифтани чунин иттилоот аз дигар моликони иттилооти экологӣ бинобар набудани он ғайриимкон бошад;

- шахси ҳуқуқӣ, ки мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ нест, иттилооти экологии дархостшударо надошта бошад;

- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

3. Дастрасӣ ба иттилооти экологии зерин маҳдуд карда намешавад:

- дар бораи вазъи муҳити зист ё зарари ба он расида;

- дар бораи партови моддаҳои олудакунанда ба атмосфера, партови гандаобҳо ба объектҳои обӣ, ки аз меъёрҳои ҳифзи муҳити зист зиёданд ва ё дар сурати набудани чунин меъёрҳо, агар муайянкунии онҳоро   қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;

- дар бораи партови моддаҳои кимиёвӣ ё дигар моддаҳо, омехтаи онҳо, ашёҳо ва дигар партовҳо ба объекти обӣ;

- дар бораи афтодани моддаҳои кимиёвӣ ва дигар моддаҳо ба замин ва хок, ки ба бадшавии ҳолати онҳо ё сифати обҳои зеризаминӣ оварда мерасонад;

- дар бораи нурафкании иондоркунанда ва электромагнитӣ, ғалоғула ё таъсири дигари физикии аз меъёрҳои ҳифзи муҳити зист зиёд ё набудани чунин меъёрҳо, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани онҳоро талаб намояд;

- дар ҳолатҳои дигаре, ки  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 9. Пешниҳоди иттилооти экологӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқїти дигари давлатӣ ба шумор намераванд

 

1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи молики иттилооти экологӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мақомоти  давлатӣ ва ё ташкилоти дигари давлатӣ (минбаъд - дархосткунанда) ба ҳисоб намераванд, дар асоси дархости онҳо ройгон пешниҳод карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муайян накарда бошад.

2. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи молики иттилооти экологӣ ба дархосткунанда дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи воридшавии дархост оид ба пешниҳоди он манзур карда мешавад.

3. Талабот ба дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологиро қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

4. Иттилооти умумии экологӣ дар шакл, ҳаҷм ва таркиби зикрнамудаи дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ пешниҳод мешавад. Агар молики иттилооти экологӣ барои дар шакл ва ҳаҷми дархостшуда пешниҳод намудани иттилооти экологӣ имконияти техникӣ надошта бошад, онро дар шакл ва ҳаҷми мавҷуда бо зикри сабабҳои дахлдор манзур мегардонад.

5. Дар сурати шахси ҳуқуқӣ будани молики иттилооти умумии экологии дархостшуда, ки мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ намебошад, мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ, ки ба унвонаш дархост ворид шудааст ва қонеъ намудани ин дархост ба салоҳияти ӯ дохил мешавад, вазифадор аст, ки дар давоми даҳ рӯзи баъди ворид шудани дархост чунин иттилооти экологиро аз молики иттилооти экологӣ мустақилона дархост намояд ва дархосткунандаро хаттӣ дар ин бора огоҳ созад.

6. Дар ҳолати воридшавии дархости мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ дар бораи пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ, ки дар қисми 5 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, молики иттилооти экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми даҳ рӯзи баъди ворид шудани он иттилооти дархостшударо пешниҳод намояд ё дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост дархосткунандаро дар бораи рад намудани пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ бо зикри сабабҳои раднамоӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, огоҳ созад.

7. Мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ, ки тибқи қисми 6 ҳамин модда иттилооти умумии экологиро дастрас намудааст, иттилооти мазкурро дар давоми як моҳ аз рӯзи воридшавии дархост ба дархосткунанда пешниҳод менамояд. Дар ҳолати аз молики иттилооти экологӣ гирифтани раднома дар бораи пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ, мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ  дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии раднома дархосткунандаро бо зикри сабабҳои радди дархост огоҳ месозад.

8. Агар қаноатбахш кардани дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ дар салоҳияти мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ набошад, онҳо вазифадоранд, ки дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост онро ба дигар мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатие, ки салоҳияти қаноатбахш гардонидани чунин дархостро дороанд, равон намоянд ва дар ин хусус дархосткунандаро огоҳ созанд.

9. Агар иттилооти экологии дархостшуда ба иттилооти хосаи экологӣ мансуб бошад, молики иттилооти экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост ба дархосткунанда бастани шартномаи дарёфти иттилооти хосаи экологиро пешниҳод намояд.

10. Дар сурати мавҷудияти асос барои рад намудани пешниҳоди иттилооти экологӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, молики иттилооти экологӣ дар давоми панҷ рӯз дархосткунандаро дар бораи рад намудани дархости пешниҳоди иттилооти экологӣ бо нишон додани сабабҳои раднамоӣ ва фаҳмонидани тартиб ва мӯҳлати эътироз нисбати қарори қабулшуда хаттӣ огоҳ менамояд.

 

Моддаи 10. Хусусияти пешниҳоди иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ

1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳои дигари давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости онҳо бо роҳи табодули чунин иттилоот ё ирсоли он пешниҳод карда мешавад.

2. Иттилооти хосаи экологӣ ба мақомоти давлатӣ ройгон пешниҳод карда мешавад, агар қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муайян накарда бошад. Иттилооти хосаи экологӣ ба ташкилотҳои дигари давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи моддаи 11 Қонуни мазкур  пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 11. Тартибу шартҳои пешниҳоди иттилооти хосаи экологӣ ва пардохт барои он

 

Иттилооти хосаи экологӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаи дарёфти иттилооти хосаи экологӣ пешниҳод карда мешавад. Андозаи пардохт барои чунин иттилоот набояд аз хароҷоти асоснок барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти хосаи экологӣ зиёд бошад.

Моддаи 12. Интишори иттилооти умумии экологӣ

 

1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ тавассути нашрияҳо, воситаҳои дигари ахбори омма, сомонаҳои расмии худ дар шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ ё бо роҳҳои дигари дастраси умум тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешавад.

2. Таркиби иттилооти умумии экологии интишораш ҳатмӣ, моликони иттилооти экологӣ, ки ӯҳдадоранд чунин иттилоотро интишор намоянд ва мӯҳлати интишори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.

Моддаи 13. Ҳамкории байналмилалӣ дар бахши иттилооти экологӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар бахши иттилооти экологӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

ҶумҳурииТоҷикистон                                                                        Эмомалӣ  РАҲМОН

 

ш. Душанбе,

25 марти соли 2011,

№ 705

Дар бораи аудити экологӣ

Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аудити экологӣ

 

Қонуни мазкур принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият ба муҳити зист, ҳаёт ва саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- рушди устувор - раванди рушди ҷомеа, ки ҳалли мутавозини вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва масъалаҳои нигоҳдории муҳити мусоиди зист ва иқтидори захираҳои табииро бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи наслҳои имрӯза ва ояндаи инсон таъмин менамояд;

- амнияти экологӣ - ҳолати таҳти муҳофизат қарор доштани манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа, муҳити зист аз таҳдидҳое, ки дар натиҷаи таъсиррасонии антропогенӣ ва табиӣ ба муҳити зист рӯй медиҳанд, аз ҷумла фалокату садамаҳо, офатҳои табиӣ;

- аудити экологӣ - намуди фаъолият, ки таҳлили мувофиқати фаъолият ва ҳисоботи субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, дастурӣ ва танзимкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табииро дар бар мегирад;

- аудитори экологӣ - шахси воқеӣ, ки аз аттестатсияи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст ва шаҳодатномаи тахассусӣ гирифтааст;

- ташкилоти аудитории экологӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки дорои иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ мебошад;

- хулосаи аудити экологӣ - санади ҳуқуқӣ, ки дар он натиҷаи санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ ва маълумоти дигар тибқи  шартҳои шартномаи байни субъекти хоҷагидорӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ, аудиторе, ки бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад, сабт шудааст;

- иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ - ҳуҷҷати махсусе, ки  ҳуқуқи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аудити экологӣ машғул шудани дорандаи онро тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити экологӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои аудити экологӣ

1. Мақсадҳои аудити экологӣ инҳоянд:

- мусоидат ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар муайян намудани сиёсати экологии худ;

- ташаккули афзалиятҳо барои амалӣ намудани чорабиниҳо, аз ҷумла чораҳои огоҳикунанда барои риояи талаботи экологии муқарраргардида;

- ташкили механизми иҷрои танзими самараноки истифодабарии табиат ва таъмини рушди устувор.

2. Вазифаҳои аудити экологӣ инҳоянд:

- асосноккунии стратегия ва барномаи экологии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ;

- муайян намудани афзалиятҳо ҳангоми банақшагирии фаъолияти субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, ошкор намудани имкониятҳои иловагии амалисозии он;

- санҷиши риояи қонунгузории ҳифзи муҳити зист аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ;

- баланд бардоштани самаранокии танзими таъсиррасонии субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба муҳити зист;

- паст намудани хавфи сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи ба ифлосшавии муҳити зист алоқаманд.

 

Моддаи 4. Принсипҳои аудити экологӣ

Принсипҳои асосии аудити экологӣ инҳоянд:

- ҳатмӣ будани баҳисобгирии талаботи амнияти экологӣ ва рушди устувор;

- баҳисобгирии хусусиятҳои табиӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҳудуд, ҳолати имрӯза ва ояндаи муҳити зисти табиӣ;

- салоҳияти касбӣ;

- мустақилияти фаъолияти аудитории экологӣ;

 - боэътимодӣ ва пуррагии маълумот;

- илман асоснок, холисона ва қонунӣ будани хулосаҳои аудиторӣ;

- махфияти маълумот.

 

Моддаи 5. Намудҳои аудити экологӣ

1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд аудити экологии ташаббусӣ ва ҳатмӣ гузаронида шаванд.

2. Аудити экологии ташаббусиро дар асоси қарори субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ташкилоти аудитории экологӣ, аудитори бе ташкили шахси ҳуқуқӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда мегузаронад.

3. Аудити экологии ҳатмӣ бо қарори мақоми ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби ташкилоти аудитории экологӣ гузаронида мешавад.

4. Тартиби таъини аудити экологии ҳатмиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

 Моддаи 6. Объектҳои аудити экологӣ

Объектҳои аудити экологӣ инҳоянд:

- фаъолият ва ҳисоботи субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ;

- ҳуҷҷатҳои техникӣ ва технологӣ;

- ҳуҷҷатҳои меъёрии идоравӣ;

 - ҳисоботи субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба корҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- барнома ва нақшаи чорабиниҳои субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;

- лоиҳаҳои нақшаҳои (барномаҳои) сохтмон, азнавсозӣ, васеъкунӣ, консерватсия ва барҳамдиҳии объектҳои фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ;

- лоиҳаҳои азхудкунии замин.

 

Моддаи 7. Мақоми ваколатдори танзими давлатии аудити экологӣ

Мақоми ваколатдори танзими давлатии аудити экологиро (минбаъд - мақоми ваколатдор) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки он чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

- таҳия ва интишори  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба аудити экологӣ;

- муқаррар намудани стандартҳои аудити экологӣ;

- пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ;

- муқаррар кардани талаботи тахассусӣ нисбат ба аудиторҳои экологӣ;

- иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти аудитории экологӣ;

- аттестатсияи аудиторҳои экологӣ;

- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи аудити экологӣ;

- вазифаҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти аудитории экологӣ

Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ дар  асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.

 

Моддаи 9. Аттестатсияи  аудиторҳои экологӣ

1. Аттестатсияи аудиторҳои экологиро мақоми ваколатдор дар шакли имтиҳони тахассусӣ мегузаронад. Ба шахсоне, ки имтиҳони тахассусиро супурдаанд, шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ ба мӯҳлати номаҳдуди эътибори он дода мешавад.

 

Моддаи 10. Бекор кардани шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ

1. Шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:

- муқаррар гардидани пешниҳоди маълумоти беэътимод барои ба аттестатсия роҳ додани номзад ба аудитори экологӣ;

- ғайриқобили амал эътироф намудани аудитори экологӣ ё маҳдуд намудани қобилияти амали он бо тартиби судӣ;

- додани хулосаи аудити экологии бардурӯғ, инчунин додани хулоса бе гузаронидани аудити экологӣ;

- қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи ба мӯҳлати муайян маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти аудитории экологӣ;

- мунтазам риоя нагардидани талаботи асосии стандартҳои аудити экологӣ ва дигар қонунвайронкунӣ дар рафти фаъолияти касбӣ.

2. Қарори бекор намудани шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологиро мақоми ваколатдор қабул мекунад.

 

Моддаи 11. Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои  аудитории экологӣ

1. Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ бояд маълумотро дар бораи аудиторҳои экологӣ, ташкилотҳои аудитории экологӣ, шаҳодатномаи тахассусӣ ва иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологиро дар бар гирад. 

 

Моддаи 12. Тартиби гузаронидани аудити экологӣ

1. Аудити экологӣ дар асоси шартномаи байни субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ ё аудиторе, ки бе ташкили  шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, дар сурати доштани иҷозатнома оид ба гузаронидани аудити экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

2. Дар шартномаи гузаронидани аудити экологӣ бояд шартҳои ҳатмии зерин пешбинӣ гарданд: мавзӯи шартнома, мӯҳлат, ҳаҷми муайяни хизматрасонӣ, ҳаҷм ва шартҳои пардохти маблағ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо. Бо розигии тарафҳо дар шартнома метавонанд дигар шартҳо пешбинӣ карда шаванд.

3. Ташкилоти аудитории экологӣ, аудиторе, ки  бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, ҳуқуқ доранд барои гузаронидани аудит дар асоси шартнома дигар ташкилотҳои экологии иҷозатномаи дахлдор дошта ва аудиторҳои экологии аз аттестатсия гузаштаро ҷалб намоянд. Дар ин сурат тамоми масъулият оид ба талаботи дар моддаҳои 14 ва 15 Қонуни мазкур нишондодашуда ба зиммаи ташкилоти аудитории экологӣ, аудитори  бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда гузошта мешавад, ки бо субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ шартнома бастаанд.  

 

Моддаи 13. Хулосаи аудити экологӣ

1. Оид ба натиҷаҳои аудити экологии гузаронидашуда хулосаи аудити экологӣ тартиб дода мешавад.

2. Шакли хулосаи аудити экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

3. Хулосаи аудити экологиро роҳбари ташкилоти аудитории экологӣ ё муовини ӯ ба имзо мерасонад ва бо мӯҳри ташкилот тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолати гузаронидани аудит аз ҷониби аудитори  бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда, хулосаи аудити экологӣ бо имзои худи ӯ тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ

1. Субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ҳуқуқ дорад, ки:

- аз аудитори экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани аудити экологӣ ва баъд аз шиносоӣ бо хулосаи аудиторӣ оид ба санадҳои меъёрӣ, ки дар асоси онҳо хулосаҳои аудиторҳои экологӣ тартиб дода шудаанд, маълумот гирад;

- нисбат ба хулосаи аудиторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят намояд;

- аз хизматрасонии аудитори экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ дар мавриди риоя накардани шартҳои шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ даст кашад.

2. Субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ӯҳдадор аст:

- ба аудитори экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ барои сари вақт ва хушсифат гузаронидани аудити экологӣ тибқи шартҳои шартнома шароит муҳайё кунад;

- талаботи аудитори экологӣ ё ташкилоти аудитории экологиро, ки аз шартҳои шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ бармеоянд, иҷро намояд;

- ба гузаронидани аудити экологӣ бо мақсади маҳдуд намудани доираи масъалаҳои мавриди аудит фарогирифташуда, агар дар шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, халал нарасонад;

- дигар ӯҳдадориҳои дар шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро иҷро намояд. 

 

Моддаи 15. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ

1. Аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:

 - мустақилона муайян намудани шакл ва усулҳои гузаронидани аудити экологӣ бо назардошти шартҳои мушаххаси шартнома бо субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гирифтан ва санҷидани маълумоти зарурӣ барои амалӣ кардани аудити экологӣ, аз ҷумла ҳангоми мусоидати мақомоти давлатӣ, ки аудити экологиро  таъин кардаанд;

- аз шахсони мансабдори субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ гирифтани тавзеҳоти шифоҳӣ ва хаттӣ оид ба масъалаҳое, ки дар рафти гузаронидани аудити экологӣ пайдо гардидаанд;

- даст кашидан аз гузаронидани аудити экологӣ дар ҳолати аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин дар ҳолати аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ки гузаронидани аудити экологиро таъин кардаанд, ҳангоми зарурат таъмин нагардидани амнияти шахсии аудитори экологӣ ва аъзои оилаи ӯ.

2. Аудитори экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ ӯҳдадоранд:

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми гузаронидани аудити экологӣ ҳатман риоя намоянд;

- аудити экологиро бо салоҳият гузаронанд;

- ҳуҷҷатҳои дар рафти аудити экологӣ гирифта ва тартиб додаашонро эҳтиёт намоянд ва мазмуни онҳоро бе розигии роҳбари субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва шартҳои шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ, фош накунанд;

- ба роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба талаботи қонунгузорӣ вобаста ба гузаронидани аудити экологӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо ва баъди шиносоӣ бо хулосаи аудити экологӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба онҳо хулосаҳои аудитори экологӣ асос ёфтаанд, маълумот пешниҳод намоянд;

- субъекти фаъолияти хоҷагидориро аз номувофиқатии фаъолияти ӯ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологӣ огоҳ намоянд;

- махфияти натиҷаи аудити экологӣ ва маълумотеро, ки ҳангоми гузаронидани он  дастрас намудаанд ва махфияташ зери ҳимояи қонун аст, риоя намоянд;

- ба мақоми ваколатдор оид ба вайронкунии қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист, агар чунин қонунвайронкунӣ эҳтимолан боиси хатари экологӣ дар миқёси кишвар ва минтақа шуда тавонад, хабар диҳанд;

- маълумоти дар рафти аудити экологӣ дастрас намудаашонро ба шахсони сеюм надиҳанд;

- дигар ӯҳдадориҳоро, ки дар шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, иҷро намоянд.

3. Барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ ба ташкилот зарур аст, ки роҳбари аввали он ва муовинонаш шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологиро дошта бошанд.

 

Моддаи 16. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи аудити экологӣ

1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи аудити экологӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешавад.

2. Шаҳодатномаҳои тахассусии байналмилалӣ ва хориҷии аудиторҳои экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.

3. Аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории хориҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ ворид карда мешаванд ва пас аз ин ҳуқуқи фаъолият намуданро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. 

 

Моддаи 17. Маблағгузории  аудити экологӣ

Аудити экологӣ аз ҳисоби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ дар асоси шартнома маблағгузорӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

    Президенти  

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ РАҲМОН

     ш. Душанбе,

26 декабри соли 2011,

          № 785

 

Дар бораи экспертизаи экологӣ

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

 МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 «Дар бораи экспертизаи экологӣ»

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» қабул карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонС. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  5 марти соли 2003

№808

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ»

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.192)

 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М.УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  7 апрели соли 2003

№ 377

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи экспертизаи экологӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.150; соли  2005, №12, мод. 638; соли 2007, №7, мод. 690)

 

Қонуни мазкур тартиби умумии ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологиро танзим намуда, ҳуқуқ ва eҳдадории тарафҳои дар гузаронидани экспертизаи экологӣ иштирокдоштаро муайян мекунад, ҳуқуқи шаҳрвандонро оид ба дарёфт намудани иттилоот дар бораи хатари экологии объектҳои банақшагирифташаванда, сохташудаистода, истифодашаванда ва тартиби эътирози хулосаҳо ва баррасии баҳсҳо, ки дар асоси онҳо қабул шудаанд, инчунин ҷавобгариро барои вайрон намудани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар менамояд.

 

Боби I. Қоидаҳои умумӣ

 

Моддаи 1. Экспертизаи экологӣ

Экспертизаи экологӣ ба таври расмӣ муайянкунии мутобиқати фаъолияти пешбинишуда ва анҷомдодашудаи хоҷагӣ ва дигар фаъолиятҳо ба талаботҳои экологӣ ва муайянкунии имконпазирии истифодаи объектҳои экспертизаи экологӣ бо мақсади пешгирии оқибатҳои эҳтимолии номусоиди таъсиррасонии ин фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои ба он вобастаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари истифодаи объекти экспертизаи экологӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба экспертизаи экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсадҳои экспертизаи экологӣ

Мақсадҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборатанд:

- пешгирии оқибатҳои манфии имконпазири истифодаи объектҳои экспертизашаванда ва таъсири номусоиди онҳо ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист, амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла бартарафкунии зарари онҳо ҳангоми иҷрои фаъолияти идоракунӣ, хоҷагӣ, сармоягузорӣ ва дигар фаъолият оид ба истифодаи объектҳои экспертизашаванда;

- таъмини пешгeиҳои экологӣ дар асоси ахборот оид ба ҳолат ва таuйиротҳои имконпазири вазъияти экологӣ дар натиҷаи ҷойгиркунӣ ва инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист ва амнияти экологии ҷомеа таъсири манфӣ намерасонанд;

- ба вуҷуд овардани манбаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист ва манбаи маълумот дар соҳаи баҳодиҳии таъсири экологӣ ба инсон ва табиат.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои экспертизаи экологӣ

Вазифаҳои зкспертизаи экологӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- баҳодиҳии самаранокӣ, асоснокӣ ва кофӣ будани тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои экспертизашаванда;

- баҳодиҳии дурустии аз ҷониби истеҳсолкунанда муайянкунии дараҷаи хавф ва хатари экологии фаъолияти пешбинишаванда ва иҷрошаванда;

- баҳодиҳии мутобиқати объектҳои экспертизашавандаи ҷиҳати истифодабарӣ пешбинишуда, пеш аз қабули қарор оид ба истифодабарии онҳо, ё мутобиқати фаъолияти аллакай дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрошаванда ба стандартҳои экологӣ;

- ташкили таҳлил ва баҳодиҳии ҳамаҷониба, холисона, аз ҷиҳати илмӣ асоснокӣ объектҳои экспертизашаванда;

- таҳлил ва баҳодиҳии таъсири аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои экспертизашаванда ба саломатии аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, муҳити зист, инчунин оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ;

- тайёр намудани хулосаҳои холисона ва аз ҷиҳати илмӣ асоснокӣ экспетризаи экологӣ, пешниҳоди саривақтии онҳо ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки оид ба истифодаи объекти экспертизашаванда қарор қабул менамояд, додани маълумот ба шахсони манфиатдор, ҷомеа ва шаҳрвандон;

- гирифтани маълумот дар бораи вазъи экологӣ ва таҳлили он.

 

Моддаи 5. Принсипҳои экспертизаи экологӣ

Экспертизаи экологӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ба таври ҳатмӣ гузаронидани экспертизаи экологӣ то қабули қарор дар бораи ба истифода додани объекти экспертизаи экологӣ;

- эҳтимоли имконпазири хавфи экологии объектҳое, ки барои экспертизаи экологӣ пешбинӣ шудаанд;

- маҷмeъи баҳои таъсири фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои он;

- боэътимодӣ ва пуррагии маълумоте, ки ба экспертизаи экологӣ пешниҳод карда мешавад;

- мустақилияти мақомоти экспертӣ ва экспертҳо ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳояшон дар соҳаи экспертизаи экологӣ;

- аз ҷиҳати илмӣ асоснок, холисона ва қонунӣ будани хулосаҳои экспертизаи экологӣ;

- ошкорбаёнӣ, иштироки ҷомеа, ба назар гирифтани афкори умум;

- масъулияти иштирокчиёни экспертизаи экологӣ ва тарафҳои манфиатдор барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертизаи экологӣ.

 

Моддаи 6. Намудҳои экспертизаи экологӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуди экспертизаи экологӣ:

- экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи экологии ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 7. Объектҳои экспертизаи экологӣ

Аз экспертизаи ҳатмии экологӣ инҳо бояд гузаронида шаванд:

1) лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, дастурию методӣ, ки фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти ба истифодабарии муҳити зист алоқаманд бударо танзим менамоянд;

2) ҳуҷҷатҳое, ки пеш аз таҳияи дурнамои рущд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, аз ҷумла:

- лоиҳаҳои барномаҳои давлатии комплексӣ ва мақсадноки иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва uайра;

- лоиҳаҳои нақшаи генералии инкишофи ҳудудҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳудудҳои бо реҷаи махсуси истифодабарии табиат ва бурдани фаъолияти хоҷагӣ;

- лоиҳаҳои нақшаҳои инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла саноат;

- лоиҳаҳои барномаҳои сармоягузорӣ (инвеститсия), ки ба масъалаҳои истифодабарии табиат дахл доранд;

- лоиҳаҳои комплексии нақшаҳои давлатии ҳифзи табиат;

3) ҳамаи намудҳои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, аз ҷумла:

- лоиҳаҳои нақшаҳои генералии ҷойгиркунонӣ, истифодабарии табиат ва ташкили минтақавии қувваҳои истеҳсолкунанда;

- лоиҳаҳои нақшаҳои комплексии минтақавии ҳифзи табиат ва истифодаи он;

- нақшаҳо ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ;

- нақшаи генералии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои зист;

- лоиҳаҳои хати марзии маъмурии шаҳрҳо ва деҳаҳо;

- нақшаи генералии ҳудуд, мақомоти тобеъи ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин минтақаҳои истиқоматӣ, саноатӣ, истироҳатӣ ва корӣ;

- лоиҳаҳои банақшагирии муфассали марказҳои ҷамъиятӣ, маҳалҳои зист ва роҳҳои асосии шаҳрҳо;

- лоиҳаҳои сохтмони маҳалҳо, қитъаҳои шаҳрҳо ва дигар маҳаллаҳои истиқоматӣ;

- лоиҳаи рекултиватсияи заминҳое, ки дар натиҷаи кофтуковҳои геологӣ, истеҳсоли канданиҳои фоиданок, тарконидан ва дигар намуди корҳо вайрон шудаанд;

4) асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои сохтмонҳо, азнавсозӣ, васеъкунӣ, азнавтаҷҳизонии техникӣ, барҳам додан ва муваққатан хобонидани иншоот, корхонаҳо ва дигар лоиҳаҳо, сарфи назар аз арзиши меъёрӣ, мансубияти муассисавӣ ва шакли моликият, ки татбиқи онҳо мумкин аст ба муҳити зист таъсир расонад, аз ҷумла маводҳо оид ба барпо намудани корхонаҳои муштарак бо фирмаҳои хориҷӣ;

5) асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагӣ, ки метавонанд ба муҳити зисти давлатҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонанд ё барои амалӣ намудани онҳо истифодаи объектҳои табиии бо давлатҳои ҳамсарҳад умумӣ зарур аст ва онҳо ба манфиати давлатҳои ҳамсарҳад, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида муайян шудаанд, дахолат мекунанд;

6) маводҳо оиди таъсиси корхонаҳои соҳаи истеҳсоли нафт, истихроҷи нафту газ, истеҳсоли ангишт ва маъданҳои куҳӣ, инчунин корхонаҳои калони дигар соҳаҳои саноат бо сармоягузориҳои хориҷӣ, сарфи назар аз ҳаҷми сармояи оинномавии онҳо;

7) маводҳои тадқиқотии корхонаҳои амалкунандаи аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, объектҳо, техника, технология, масолеҳ ва ашё, ки бо тартиби муқарраргардида дар сурати қабули қарорҳои дахлдор оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист иҷро гардидаанд;

8) лоиҳаҳои шартномаҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот ва шартномаҳои консессионӣ ва uайра, ки истифодаи сарватҳои табиӣ ва партовҳои объекти бо сармояи хориҷиро пешбинӣ менамоянд;

9) ҳуҷҷатҳои техникӣ барои техникаи нав, технология, масолеҳ ва ашё, мол ва хизмати сертификатсияшаванда, аз ҷумла аз хориҷа харидашаванда;

10) маводҳои тадқиқоти комплексии экологии ҳудудҳо ва объектҳое, ки ба онҳо додани мақоми ҳуқуқии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда, минтақаҳои экологии зарардида ё минтақаҳои ҳолати фавқулоддаро асоснок менамоянд;

11) лоиҳаҳои нақшаи ҳифз ва истифодаи об, ҷангал, замин ва дигар сарватҳои табиӣ, ки дар ихтиёри давлат қарор доранд;

12) маводҳо оид ба намудҳои фаъолияте, ки хавфи экологӣ доранд;

13) дигар намуди ҳуҷҷатҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии бо тартиби муқарраргардида қабулшуда, метавонанд ба муҳити зист таъсири мустақим ё uайримустақим расонанд.

 

Моддаи 8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Фаъолият дар соҳаи экспертизаи экологӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 9.  (Хориљ карда шуд бо Қ Ҷ Т аз 30.07.07с №328).

 

Боби II. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияги давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи экспертизаи экологӣ

 

Моддаи 10. Ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатии экспертизаи экологиро ташкил менамояд;

- оид ба ҳифзи манфиатҳои давлат, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар соҳаи экспертизаи экологӣ тадбирҳо меандешад;

- кори мақомоти идораи давлатиро ҷиҳати якҷоя гузаронидани чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаҳои экспертизаи экологии дорои аҳамияти давлатӣ ва байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад;

- аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ гузаронидани экспертизаи давлатии экологии иловагӣ ва такрориро таъин менамояд;

 

Моддаи 11. Ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Ба ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ дохил мешаванд:

-ташкили экспертизаи давлатии экологии объектҳое, ки дар моддаи 7 ҳамин Қонун зикр гардидаанд, инчунин ташкили комиссияи экспертӣ;

- муқаррар намудани мeҳлати эътибори хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- таҳия, аз нав баррасӣ намудан ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ва дасгурию методӣ, ки татбиқи ҳамин қонунро дар хусуси гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ таъмин менамояд;

- таъмини илмию методии экспертизаи давлатии экологӣ;

- ташкили бо иттилоот таъмин намудани экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла таъсис ва пешбурди манбаи маълумот оид ба фаъолияти пешбинишаванда, оид ба истифодаи объекти экспертиза ва таъсири онҳо ба муҳити зист;

- бо тартиби муқарраршуда ҳамкорӣ намудан бо мақомоти экологию экспертии давлатҳои дигар бо мақсади гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳои экологии муштарак, мубодилаи тадқиқотҳои илмию методӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ;

-- гузаронидани семинару конференсияҳо оид ба масъалаҳои методологӣ ва шаклҳои анҷом додани экспертизаи экологӣ, мубодилаи таҷриба доир ба гузаронидани он ва баланд бардоштани сифати фаъолияти экспертизаи экологӣ;

- дар ҳудуди салоҳияти худ ҳамоҳанг сохтани фаъолияти экспертизаи  экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом додани роҳбарии методӣ дар масъалаи гузаронидани экспертизаи экологии объектҳо, сарфи назар аз тобеъият ва шакли моликияти онҳо;

- назорати риоя намудани Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии экологӣ ҳангоми ташкил ва гузаронидани он;

- пешбурди феҳристи давлатии экспертҳо дар гузаронидани экспертизаи экологӣ;

- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва воҳидҳои экспертии онҳо дар доираи салоҳияти худ.

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ҳуқуқ дорад:

- экспертизаҳои экологии байналмилалиро ташкил намояд, анҷом диҳад ва дар онҳо иштирок намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон олимону мутахассисони хориҷиро оид ба экспертизаи экологӣ ҷалб намояд, ба uайр аз ҳолатҳое, ки агар объекти экспертиза дорои сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ бошад;

- оид ба вазъи муҳити зист аз манбаи иттилоот ва оид ба баҳодиҳии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти инсон ва табиат аз манбаи маълумот дастрас намояд;

- ба мақомоти бонкӣ оид ба қатъи маблаuгузории объектҳое, ки баҳои мусбии экспертизаи экологиро нагирифтаанд, хулоса фиристад;

- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот ҷиҳати ҳалли масъалаи оид ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар вайрон намудани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ гунаҳкоранд, маводи дахлдор тайёр намуда супорад;

- дар доираи салоҳияти худ дигар амалро, ки хилофи қонунгузории ҷорӣ набуда, ҷиҳати татбиқи ваколати онҳо заруранд, анҷом диҳад.

 

Моддаи 12. Eҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ eҳдадор аст:

- мувофиқати тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро бо талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва дастурию методӣ таъмин намояд;

- мақомоти ҳокимияти давлатиро оид ба гузаронидани маҷлисҳои комиссияҳои экспертизаи давлатии экологӣ доир ба объектҳои экспертизаи экологӣ, пешакӣ огоҳ намояд;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологиро ба мақомоте, ки оид ба гузаронидани объекти экспертиза қарор қабул мекунад, фиристад;

- барои шинос шудан ба фармоишдиҳанда, ки барои гузаронидани экспертизаи экологӣ ариза додааст, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва дастурию методиро, ки гузаронидан ва ташкили экспертизаи давлатии экологиро ба тартиб медарорад, пешниҳод намояд;

- ба иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки экспертизаи экологии ҷамъиятиро анҷом медиҳанд, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникие, ки ҷиҳати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ талаботро муқаррар мекунад, барои шинос шудан пешниҳод намояд;

- ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони алоҳидае, ки пешниҳоди асосноки мансуб ба ҷиҳати экологии татбиқи фаъолияти банақшагирифташударо манзур намудаанд, маводе, ки баҳисобгирии ин пешниҳодотро ҳангоми анҷоми экспертизаи давлатии экологӣ асоснок мекунад, фиристад;

- ба воситаҳои ахбори умум тибқи дархости онҳо оид ба натиҷаҳои анҷоми экспертизаи давлатии экологӣ маълумот диҳад;

- тарбия, бозомузӣ ва такмили ихтисоси эксперт-экологҳои экспертизаи давлатии экологиро ташкил намояд.

 

Моддаи 13. Ваколати мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар соҳаи экспертизаи экологӣ

Ба ваколатҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар соҳаи экспертизаи экологӣ инҳо дохил мешаванд:

- фиристодани экспертҳо дар ҳайати комиссияҳои экспертӣ ҷиҳати иштирок дар экспертизаи объектҳое, ки истифодаашон дар минтақаи онҳо пешбинӣ шудааст ва дар ҳолатҳои таъсири имконпазири фаъолияти хоҷагии аз тарафи воҳидҳои дигари маъмурию ҳуқуқӣ ба нақша гирифташуда ба муҳити зист;

- ташкили муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, гузаронидани пурсишҳо ва раъйпурсиҳо дар байни аҳолӣ оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари пешбинишаванда, ки ба экспертизаи экологӣ тааллуқ доранд;

- қабул ва татбиқи қарорҳо дар доираи ваколатҳояшон оид ба масъалаҳои экспертизаи экологӣ дар асоси натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, раъйпурсиҳо, пурсишҳо, дархостҳои иттиҳодияҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятии экологӣ, иттилоот оид ба экспертизаи экологӣ;

- нишон додани ташаббус дар асоси дархостҳои аҳолӣ ҷиҳати гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ;

- огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари пешбинишуда дар минтақаҳои дахлдор;

- огоҳ намудани мақомоти прокуратура ва мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат оид ба оuози ба амалбарории объекти экспертизаи экологӣ бе хулосаҳои мусбот экспертизаи экологӣ;

- татбиқи дигар ваколатҳо дар ин соҳа дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ҳуқуқ доранд:

- аз мақомоти дахлдори ваколатдор оид ба объектҳои экспертизаи экологӣ, ки истифодаи онҳо метавонад ба муҳити зисти минтақаи мазкур таъсир расонад ва аз натиҷаҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ва экспертизаи экологии ҷамъиятӣ маълумотҳои зарурӣ гиранд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ба таври хаттӣ пешниҳоди далелноки худро оид ба нуқтаи назари экологии амалигардонии фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигари пешбинишуда ирсол намоянд.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон дар соҳаи ташкили экспертизаи экологӣ

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ташкили экспертизаи экологӣ ҳуқуқ доранд:

- мутобиқи Қонуни мазкур ҷиҳати гузаронидани экспертизаи экологии фаъолияти хоҷагӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки иҷрои он ба манфиатҳои экологии аҳолии дар ин маҳалҳо истиқоматкунанда зарар мерасонанд, ташаббус нишон диҳанд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ба таври хаттӣ пешниҳодоти асосноке манзур намояд, ки ба тарафҳои экологии анҷоми фаъолияти банақшагирифташуда дахл доранд;

- аз мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ, доир ба натиҷаҳои анҷоми экспертизаи экологӣ маълумот гиранд;

- фаъолияти дигарро дар соҳаи экспертизаи экологӣ, ки хилофи қонунгузории ҷорӣ нестанд, анҷом диҳанд.

Ҳангоми таҳияи хулосаи, экспертизаи давлатии экологӣ ва қабули қарор оид ба истифодаи объекти экспертиза маводҳои ба комиссияи экспертӣ фиристодашуда, ки афкори ҷомеаро инъикос мекунанд, бояд баррасӣ карда шаванд.

 

Боби III. Экспертизаи давлатии экологӣ

 

Моддаи 15. Комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экалогӣ

Экспертизаи давлатии экологӣ аз тарафи комиссияи экспертӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ таъсис ёфтааст, ба анҷом расонида мешавад.

Ба комиссияи экспертӣ экспертҳои uайриштатӣ дохил карда мешаванд ва дар ҳолатҳое, ки тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар шудаанд, кормандони штатии он дохил шуда метавонанд.

Низомнома дар бораи фаъолияти комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 16. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ

Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ мутахассисе мебошад, ки барои гузаронидани экспертизаи экологӣ оид ба самтҳои дахлдори илму техника ва технология аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ҷалб шудааст.

Фармоишдиҳанда ё таҳиякунандаи лоиҳа, намояндаи онҳо, намояндаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки объекти таҳти экспертиза қарор дошта ба соҳаи фаъолияти онҳо дахл дорад, инчунин бо фармоишдиҳанда ва таҳиякунандаи лоиҳа муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои шартномавӣ, ки мукофоти моддиро пешбинӣ мекунанд доранд, коршиноси экспертизаи давлатии экологӣ буда наметавонанд.

Эксперт дар гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, мутобиқи Қонуни мазкур ва супориши додашудаи роҳбари комиссияи экспертӣ иштирок мекунад.

Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ, ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, ҳуқуқҳои зеринро дорад:

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ дар хусуси зарурияти аз ҷониби фармоишдиҳанда пешниҳод намудани мавод барои экспертизаи экологӣ, ки ҷиҳати баҳодиҳии ҳамаҷониба ва воқеии объектҳои экспертизашаванда заруранд, хабар диҳад;

- доир ба объекти экспертиза андешаи махсус иброз намояд, ки он бояд ҳатман ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ замима гардад.

Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ вазифадор аст:

- таҳлили ҳаматарафа, пурра, холисона ва комплексии маводи ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшавандаро анҷом дода, мутобиқати онҳоро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ муайян намояд;

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба экспертизаи экологӣ риоя намояд;

- мeҳлат ва тартиби иҷрои экспертизаи экологиро, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар шудаанд, риоя намояд;

- асоснокӣ ва холисона будани хулосаҳои худро таъмин намояд;

- дар таҳияи маводе, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ баҳисобгирии хулосаҳои экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, инчунин пешниҳодоти аз мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дохилшудаи ба тарафҳои экологии объектҳои экспертиза дахлдорро асоснок мекунанд, иштирок намояд.

Пардохти музди меҳнати экспертҳои uайриштатии экспертизаи давлатии экологӣ дар асоси шартнома аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Пардохт ва ҳавасмандгардонии кормандони штатӣ, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ иштирок мекунанд, бо тартиби барои хизматчиёни давлати муқарраргардида анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 17. Шартҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ

Объектҳои экспертизашаванда бояд асосноккунии бехатарии экологии фаъолияти банақшагирифташуда ё амалишудаистода, баҳодиҳии комплексии экологию иҷтимоӣ ва иқтисодии таъсири мавҷуда ё дарназардошташудаи онҳоро ба вазъи муҳити зист, баҳои хавфу зарари экологӣ ба сиҳатии одамон, инчунин роҳҳои пешбинишавандаи дигари кам намудани чунин таъсирро дошта бошанд.

Экспертизаи давлатии экологӣ ба шарте гузаронида мешавад, ки шакл ва мундариҷаи маводи пешниҳоднамудаи фармоишдиҳанда ба талаботи Қонуни мазкур, тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ тасдиқшуда, мутобиқат намояд ва дар таркиби маводи пешниҳодшаванда мавҷуд бошанд:

- ҳуҷҷатҳое, ки бояд мутобиқи моддаи 7 ҳамин Қонун таҳти экспертизаи давлатии экологӣ дар ҳаҷме, ки бо тартиби муқарраргардида муайян шудааст, қарор гирифта, маводи баҳодиҳии таъсири фаъолияти объекти экспертизашаванда ба муҳити зистро дошта бошанд;

- хулосаҳои мусбӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои мувофиқашудаи мақомоти назорати давлатӣ ва идораи давлатиро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дастрас мешаванд;

- хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, агар он гузаронида шуда бошад.

Экспертизаи давлатии экологӣ дар сурати аз ҷониби фармоишдиҳанда ба таври пурра пешпардохт намудани маблаu гузаронида мешавад.

 

Моддаи 18. Мeҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ

Мeҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ вобаста ба мураккабии объекти экспертизашаванда, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муқаррар мегардад, муайян мешавад ва набояд аз 45 рeзи тақвимӣ зиёд бошад.

Ибтидои мeҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ на дертар аз як моҳи баъди пардохти маблаu ва қабул шудани маҷмeи мавод ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ҳаҷм ва миқдори пурра мутобиқи талаботҳои моддаи 17 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 19. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ

Натиҷаҳои кори комиссияи экспертӣ, дар шакли хулосаҳо тартиб дода шуда, дар ҳолате қабул карда мешавад, ки аксарияти экспертҳои ихтисосноки дар рeйхати ҳайати комиссияи экспертӣ буда, онро дастгирӣ намоянд.

Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби комиссияи экспертии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ ташкилшуда омода гардида, оид ба таъсири имконпазири фаъолияти экспертизашаванда ба муҳити зист ва имконияти амалигардонии объекти экспертизашаванда натиҷаи асоснок дорад ва ҳангоми тасдиқи мутобиқати он ба супориши оид ба гузаронидани экспертизаи экологӣ дорои эътибор мебошад.

Ба хулосаҳои тайёрнамудаи комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ мулоҳизоти асоснокӣ экспертҳое, ки бо ақидаи комиссия норозиянд, замима карда мешаванд.

Хулосаи комиссияи экспертӣ аз ҷониби раиси комиссияи экспертӣ, котиби масъул ва ҳамаи аъзоёни он ба имзо расида, бе розигии онҳо таuйир дода намешавад.

Хулосаи таҳиянамудаи комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ, баъди расман тасдиқ шудан аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ мақоми хулосаи экспертизаи давлатии экологиро мегирад.

Оқибати ҳуқуқии хулосаи манфӣ баровардани экспертизаи давлатии экологӣ, манъ намудани истифодаи объекти экспертизашаванда мебошад.

Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба фармоишдиҳанда фиристода мешавад.

Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дахлдори назорати маълумот оид ба истифодаи хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо фиристода мешавад.

Дар сурати манфӣ будани хулосаҳои экспертизаи экологӣ фармоишдиҳанда ҳуқуқ дорад маводро ҷиҳати экспертизаи давлатии экологии такрорӣ, ба шарте, ки он бо дарназардошти мулоҳизоти хулосаи манфӣ такмил дода шудааст, пешниҳод кунад.

Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.

 

Моддаи 20. Гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ва иловагӣ

Экспертизаи давлатии экологии такрорӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- такмили мавод дар асоси эродҳои пешниҳодкардаи экспертизаи давлатии экологии қаблан гузаронидашуда;

- таuйир ёфтани шартҳои истифодабарии табиат;

- истифодаи объекти экспертиза бо риоя накардани қарорҳои қабулгардидаи қаблӣ ё мeҳлатҳои меъёрии банақшагирӣ ва сохтмон, ки тибқи меъёр ва қоидаҳои ҷории сохтмонӣ пешбинӣ гардидаанд;

- ба охир расонидани мeҳлати хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- дар асоси қарорҳои суд ва суди иқтисодӣ;

- дохил кардани таuйирот ба ҳуҷҷатҳо баъди гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ.

Ба гузаронидани экспертизаи экологии такрорӣ ҷалб намудани шахсоне, ки дар экспертизаи экологии таҳти муҳокима қарордошта иштирок намудаанд, манъ аст.

Экспертизаи давлатии экологии иловагӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- ҳангоми муайян намудани мухолифат байни технология ва лоиҳаҳои мавҷуда;

- дар сурати дар мeҳлатҳои муқарраршуда иҷро накардани eҳдадориҳои шартномавӣ, ҳангоми гузаронидани экспертизаи қаблӣ;

- дар сурати беэътибор донистани хулосаи қаблӣ.

 

Боби IV. Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

 

Моддаи 21. Гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ бо ташаббуси шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки самти асосии фаъолияти онҳо тибқи оинномаашон ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологӣ мебошад, ташкил ва гузаронида мешавад.

Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ метавонад дар худи ҳамон объектҳо, новобаста аз гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ анҷом дода шавад.

Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ нисбат ба объектҳои дар моддаи 7 ҳамин Қонун муайяншуда, ба uайр аз объектҳои экспертизаи экологӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари тибқи қонун муҳофизатшаванда доранд, метавонад анҷом дода шавад.

Нисбат ба экспертҳое, ки барои гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд, талаботи дар қисми дуюм, банди 1 қисми чорум, бандҳои 1, 2, 4 қисми панҷуми моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинишуда, татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 22. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Ташкилоту иттиҳодияҳои  ҷамъиятие,  ки  экспертизаи  экологиро  бо  тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд:

- аз фармоишдиҳанда ҳуҷҷатҳои экспертизашавандаро дар ҳаҷми дар моддаи 17 Қонуни мазкур зикр гардида гиранд;

- бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки талаботи гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро муқаррар менамояд, шинос шаванд.

 

Моддаи 23. Шартҳои экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Экспертизаи экологии ҷамъиятӣ дар сурати қайди давлатии аризаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи гузаронидани он аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки дар ҳудуди онҳо фаъолияти экспертӣ дар назар дошта шудааст, амалӣ мегардад.

Ҳангоми мавҷуд будани ариза дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятии як объекти экспертизаи экологӣ, ташкили комиссияи экспертизакунанда аз ду ва ё зиёда иттиҳодияҳои ҷамъияти иҷозат дода мешавад.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо eҳдадор аст, ки дар мeҳлати ҳафт рeзи баъд аз рeзи додани ариза дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, онро ба қайд гирад ё рад намояд. Аризаи дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, ки ба қайд гирифтани он дар мeҳлати нишондодашуда рад карда нашудааст, қайдшуда ҳисоб меёбад.

Дар аризаи иттиҳодияҳои ҷамъияти дар бораи гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ бояд номгeӣ, суроuаи ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи ҳайати комиссияи экспертизакунанда, хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, маълумот дар бораи объекти экспертизаи экологии ҷамъиятӣ, мeҳлати гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ қайд ёфта бошад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки экспертизаи экологии ҷамъиятиро ташкил мекунанд, eҳдадоранд аҳолиро дар бораи саршавӣ ва натиҷаҳои гузаронидани он хабардор кунанд.

 

Моддаи 24. Рад намудани қайди давлатии ариза оид ба гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Бақайдгирии давлатии ариза оид ба гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятӣ дар чунин ҳолатҳо мумкин аст рад карда шавад, агар:

- экспертизаи экологии ҷамъиятӣ нисбати объектҳои экспертӣ пештар гузаронида шуда бошад;

- экспертизаи экологии ҷамъиятӣ нисбати объектҳое, ки маълумот дар бораи онҳо дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари тибқи Қонун муҳофизатшаванда мебошанд;

- низоми ба қайди давлатӣ гирифтани иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо тартиби муайяншуда мувофиқат накунад;

- оинномаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки экспертизаи экологии ҷамъиятиро мегузаронад, ба талаботи моддаи 22 Қонуни мазкур мувофиқат накунанд.

 

Моддаи 25. Хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ ба мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд ва ба мақомоте, ки оид ба истифодаи объекти экспертизашаванда қарор қабул мекунанд, фиристонида мешавад.

Хулосаҳои экспертизаи экологии ҷамъиятӣ хусусияти тавсиявӣ дошта, танҳо баъд аз тасдиқи натиҷаҳои он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунад.

Хулосаи экспертизаи экологии ҷамъиятӣ метавонад дар воситаҳои ахбороти умум интишор гардад ва ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, мақомоти экспертизаи давлатии экологӣ, фармоишдиҳандагони ҳуҷҷатҳое, ки аз экспертизаи экологии ҷамъиятӣ мегузаранд ва дигар шахсони манфиатдор пешниҳод карда шавад.

 

Боби V. Баҳои таъсири объектҳои нав ва намудҳои фаъолияти пешбинишаванда ба муҳити зист

 

Моддаи 26 . Ба нақшагирии объектҳои нав ва намудҳои фаъолият

Ба нақшагирии объектҳои нав ва намудҳои фаъолият, ки ба муҳити зист таъсир расонида метавонанд, дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои оид ба баҳои таъсир ба муҳити зист амалӣ гардонида шуда, аз экспертизаи давлатии экологи ҳатмӣ гузаронида мешавад.

Номгeи объектҳо ва намудҳои фаъолият, ки барои онҳо кор карда баромадани ҳуҷҷатҳо доир ба баҳои таъсир ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 27 . Ташкил ва гузаронидани баҳои таъсир ба муҳити зист

Ташкил ва гузаронидани баҳои таъсир ба муҳити зист дар ҳама давраҳои банақшагирӣ ва ба лоиҳагирии объектҳо, маблаuгузории коркарди ҳуҷҷатҳои оид ба баҳои таъсир ба муҳити зист, ташкил намудани муҳокимаҳои ҷамъиятии фаъолияти пешбинишуда, ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо доир ба баҳои таъсир ба муҳити зист аз тарафи дархосткунанда таъмин карда мешавад.

Талабот оиди гузаронидани баҳои таъсир ба муҳити зист, инчунин ба ҳуҷҷатҳо оид ба баҳои таъсир ба муҳити зист, дар Низомномаи баҳои таъсир ба муҳити зист, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, номбар карда мешавад.

 

Боби VI. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои фармоишдиҳандагон, таҳиякунандагони лоиҳа ва шахсони сеюм

 

Моддаи 28. Ҳуқуқҳои фармоишдиҳандагон, таҳиякунандагони лоиҳа ва шахсони сеюм

Фармоишдиҳандагон, лоиҳасозон ва шахсони сеюм ҳуқуқ доранд:

- аз мақоми ташкилкунандаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ оид ба ҷараёни экспертизаи давлатии экологӣ, ки ба манфиати онҳо дахлдор аст, маълумот гиранд;

- аз мақоми ташкилкунандаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ҷиҳати шиносоӣ маълумоти меъёрии техникӣ ва дастурию методиро гиранд;

- ба мақоме, ки гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро ташкил менамояд, бо талаби бартараф намудани вайронкунии тартиби муқарраргардидаи гузаронидани экспертиза муроҷиат намоянд;

- ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ шарҳ, эрод ва таклифҳои марбут ба объекти экспертизашавандаро пешниҳод намоянд;

- бо хулосаҳои экспертизаи экологӣ шинос шаванд;

- ба суд ҷиҳати ҷуброни зарар, ки дар натаҷаи қасдан вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ расонида шудааст, даъво пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 29. Eҳдадориҳои таҳиякунандагон, фармоишдиҳандагони лоиҳа ва ҳуҷҷатҳои дигар

Таҳиякунандагон, фармоишдиҳандагони лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар eҳдадоранд:

- ба экепертизаи давлатии экологӣ ҳуҷҷатҳоро мутобиқи талаботи моддаҳои 7 ва 20 Қонуни мазкур, аз ҷумла дар сурати ворид намудани таuйирот ба ҳуҷҷатҳое, ки хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ гирифтаанд, пешниҳод намоянд;

- гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро пардохт намоянд;

- ба мақоме, ки гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро ташкил менамояд, мавод, маълумот, ҳисобу китоб ва тадқиқоти иловагиро, ки ба объектҳои экспертизашаванда дахл доранд, диҳанд;

- фаъолияти банақшагирифташударо мутобиқи ҳуҷҷатҳое, ки хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологиро гирифтааст ва барои оuози маблаuгузорӣ ба муассисаҳои бонкӣ пешниҳод шуда метавонанд, амалӣ намояд.

 

Боби VII. Маблаггузории экcпертизаи экологӣ

 

Моддаи 30. Маблаuгузории экспертизаи давлатии экологӣ

Экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла ҳангоми такроран гузаронидани он, аз ҳисоби фармоишдиҳанда, мутобиқи тартиби муайяншудаи хароҷоте, ки аз ҷониби мақоми анҷомдиҳандаи экспертизаи экологӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ муайян мегардад, маблаuгузори карда мешавад.

Маблаuҳои молиявӣ ҷиҳати амалӣ намудани экспертизаи давлатии экологии объектҳо, аз ҷониби фармоишдиҳанда, ки мутобиқи Қонуни мазкур маводро барои экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод мекунад, ба ҳисобномаи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи экологӣ гузаронида мешаванд. Тартиби истифодаи ин маблаuҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 31. Маблаuгузории экспертизаи экологии ҷамъиятӣ

Маблаuгузории экспертизаи экологии ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблаuҳои шахсии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хазинаҳои экологӣ, ҷамъиятӣ ва uайра, инчунин аз ҳисоби дигар маблаuҳое, ки тибқи қонунгузорӣ манъ нагаштаанд, сурат мегирад.

 

Боби VIII. Қоидаҳои хотимавӣ

 

Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ

Щахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 33. Ҷуброни зараре, ки бо сабаби риоя накардаии қонунгузорӣ оид ба экспертизаи экологӣ расонида мешавад

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби мақомоти экспертизаи экологӣ, фармоишдиҳандагон, лоиҳасозон ва шахсони дигар, дар натиҷаи риоя нагардидани қонунгузорӣ оид ба экcпертизаи экологӣ вайрон карда мешаванд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зарари расонидашударо талаб намуда метавонанд.

 

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуии мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                       Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  22 апрели соли 2003

№20

Дар бораи ҳифзи муҳити зист

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи ҳифзи муҳити зист

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст. 

БОБИ 1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

- муҳити зист - муҳити зисти инсон, маҷмӯи ҷузъиёти муҳити табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, инчунин объектҳои антропогенӣ;

- объекти антропогенӣ - объекте, ки инсон барои таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии худ сохтааст ва он дорои хусусиятҳои объектҳои табиӣ намебошад;

- гуногунии биологӣ - шаклҳои гуногуни организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминӣ ва обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо мебошанд; мафҳуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо дар бар мегирад; 

- муҳити зисти мусоид - муҳити зисте, ки сифати он фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогениро таъмин менамояд;

- зарар ба муҳити зист - тағйирёбии номатлуби ҳолати муҳити зист: ифлосшавӣ ва камшавии захираҳои табиӣ, хароб гардидан ва коҳиши системаҳои экологӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон ба вуҷуд омадааст;

- парки  дендрологии давлатӣ - гурӯҳи растаниҳое, ки арзиши илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, намудҳои табиии набототи боғу гулгаштҳо (паркҳо);

- моддаи ифлоскунанда - модда ё омехтаи моддаҳое, ки миқдор ва (ё) таркиби онҳо аз меъёри барои моддаҳои кимиёвӣ, аз ҷумла радиоактивӣ, дигар моддаҳо ва микроорганизмҳо муқарраргардида зиёд мебошад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд;

- ифлосшавии муҳити зист - воридшавии моддаҳои эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ ва биологӣ, моддаҳои радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зист, инчунин таъсири садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири манфии физикӣ ба муҳити зист;

- минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) - ҳудуди замин ва қисми фазо, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил карда мешавад; 

- минтақаҳои санитарии муҳофизатӣ - ҳудудҳои табиие, ки барои таъмини меъёрҳои гигиении зарурии ғилзати моддаҳои ифлоскунанда дар қабати рӯизаминии атмосфера, ҳифзи манбаъҳои об, кам кардани таъсири манфии хатҳои интиқоли барқ ба аҳолии маҳал таъин гардидаанд;

- сифати муҳити зист - ҳолати муҳити зист, ки бо нишондиҳандаҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ, нишондиҳандаҳои дигар ва (ё) маҷмӯи онҳо ифода мегардад; 

- ҷузъҳои муҳити табиӣ - замин, қаъри он, хок, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот ва дигар организмҳо, инчунин қабати озони атмосфера ва фазои кайҳонии атрофи Замин, ки дар маҷмӯъ шароити мусоидро барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи Замин таъмин мекунанд;  

- назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (назорати экологӣ) - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба пешгирӣ, ошкор ва рафъ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузорӣ  дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини риояи талабот, аз ҷумла меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва ғайра равона шудаанд;

- Китоби Сурх - маҷмӯи маълумотҳо оид ба намудҳои нодир, нобудшаванда ё таҳти таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи растаниҳо ва ҳайвонот, ки бо мақсади ҷорӣ намудани низоми ҳифозати махсус ва азнавбарқароркунии минбаъдаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;

- лимити истифодаи захираҳои табиӣ - миқдори ниҳоии гирифтан ва истеъмол кардани захираҳои табиӣ, ихроҷи моддаҳои зараровар ба муҳити зист, ки бо мақсади ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи онҳо, пешгирӣ ва рафъи таъсири номатлуби онҳо муқаррар карда мешавад;

- меъёрҳои ихроҷи партови моддаҳо ва микроорганизмҳои ифлоскунанда (минбаъд - меъёрҳои ихроҷ ва партов) - маҳдудияти ихроҷ ва партови моддаҳо ва микроорганизмҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ки барои давраи гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавҷуда, бо мақсади ноил гардидан ба меъёрҳои ҳифзи муҳити зист муқаррар карда мешаванд; 

- мониторинги муҳити зист (мониторинги экологӣ) - системаи комплексии мушоҳида, арзёбӣ ва ешгӯии тағйироти ҳолати муҳити зист таҳти таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ;

- меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист (минбаъд - меъёрҳои ҳифзи табиат) - меъёрҳои муқарраргардидаи сифати муҳити зист ва меъёрҳои таъсири имконпазир ба он ки дар сурати риояи онҳо муҳити мусоиди зист барои ҳаёти инсон, фаъолияти устувори системаҳои табиии экологӣ таъмин гардида, гуногунии биологӣ ҳифз карда мешавад; 

- меъёрҳои имконпазири фишори антропогенӣ ба муҳити зист - меъёрҳое, ки мутобиқи андозаи таъсири маҷмӯии имконпазири ҳама манбаъҳо ба муҳити зист ва (ё) ҷузъиёти алоҳидаи муҳити табиат дар доираи минтақаҳои мушаххас муқаррар карда шудаанд ва дар сурати риояи онҳо фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ таъмин ва гуногунии биологӣ ҳифз карда мешавад;

- ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - қитъаҳои замин, об ва фазои он ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, истироҳатӣ ва солимгардонӣ ҷойгиранд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун пурра ва ё қисман аз истифодаи ҳоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми ҳифозати махсус муайян гардидааст;

- ҳифзи муҳити зист - системаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятии дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ, маърифатӣ ва байналмилалӣ, ки ба таъмини ҳамоҳангии муносибати мутақобилаи ҷамъият ва табиат дар асоси ҳифз ва барқарорсозии муҳити табиӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани сифати муҳити зисти инсон, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва бартараф намудани оқибатҳои он равона гардидаанд;

- арзёбии таъсир ба муҳити зист - намуди фаъолият оид ба ошкор намудан, таҳлил кардан ва ба ҳисоб гирифтани оқибатҳои таъсири мустақим ва ғайримустақими фаъолияти ба нақша гирифташудаи хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба муҳити зист бо мақсади қабули қарорҳо оид ба имконпазир ё имконнопазир будани анҷомдиҳии он; 

- объекти табиии антропогенӣ - объекти табиӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият тағйир ёфтааст ва (ё) объекте, ки аз тарафи инсон сохта шуда, дорои хусусияти объекти табиӣ мебошад ва аҳамияти рекреатсионӣ ва муҳофизатӣ дорад; 

- объекти табиӣ - системаи экологии табиӣ, ландшафти табиӣ ва ҷузъҳои таркибии онҳо, ки хусусиятҳои табиии худро нигоҳ доштаанд; 

- комплекси табиӣ - маҷмӯи объектҳои табиии аз ҷиҳати функсионалӣ ва табиӣ ба ҳам алоқаманде, ки бо нишонаҳои географӣ ва нишонаҳои  дигари марбута муттаҳид мебошанд;
- ландшафти табиӣ - мавзее, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият тағйир наёфтааст ва ба навъҳои муайяни релефи маҳал, хок, растании дар шароити ягонаи иқлимӣ ташаккулёфта мувофиқ мебошад; 

- захираҳои табиӣ - ҷузъиёти табиии муҳити зист, объектҳои табиӣ ва табиии антропогение, ки инсон истифода мебарад (энергияи офтоб, гармии дохилизаминӣ, ҳавои атмосфера, захираҳои замин, об, ҷангал ва маъдан, маводи радиоактивӣ, олами набототу ҳайвонот ва маҳсули онҳо, дигар неъматҳои табиӣ);

- истифодаи захираҳои табиат - фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият (аз ҷумла низомӣ) бо истифодаи намудҳои алоҳидаи захираҳои табиӣ, инчунин таъсири ин фаъолият ба муҳити зист;

- истифодабарандаи табиат - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳамчун ташаббускор ё фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият амал намуда, бо муҳити зист ва захираҳои табиӣ созгор аст;

- системаи ҳифзи муҳити зист - маҷмӯи барнома, чорабинӣ ва стандартҳои давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, воҳидҳои зерсохтори он, шабакаҳои дар соҳаи муҳити зист, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, амалкунандаи муассисаю ташкилотҳо, ки ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳити зист нигаронида шуда, барои иҷрои мақсаду вазифаҳои ягона, афзун гардонидани саҳми ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таъмини амнияти экологӣ ва муҳити зисти барои инсон мусоид муттаҳид карда шудаанд;

- меъёри технологӣ - меъёри имконпазири ихроҷ ва партови модда ва микроорганизмҳо, ки барои манбаъҳои статсионарӣ (доимӣ), сайёр ва дигар манбаъҳо, равандҳои технологӣ ва таҷҳизот муқаррар карда мешаванд ва андозаи имконпазири ҳаҷми ихроҷ ва партови моддаҳо ва микроорганизмҳоро ба муҳити зист ба ҳисоби воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда инъикос менамояд;

- қабати озон - қабати атмосферӣ дар сатҳи сайёра дар баландии 7-8 км дар қутбҳо ва 17-18 км дар Экватор бо тамаркузи зиёди молекулаҳои озон, ки нурҳои ултрабунафши барои организмҳои зинда ҳалокатоварро аз кайҳон намегузаронад;

- системаи экологӣ - маҷмӯи ягона, устувор, мустақилона инкишофёбанда ва танзимшавандаи ҷузъиёти зинда ва ғайризиндаи муҳити зист дар ҳудуди қитъаи муайяни биосферӣ, ки тавассути мубодилаи моддаҳо, энергия ва иттилоот байни ҳам алоқаманд мебошанд; 

- иттилооти экологӣ - ҳама гуна иттилоот дар шакли хаттӣ, визуалӣ, акустикӣ, электронӣ ё ҳама гуна шакли дигари моддӣ дар бораи ҳолати муҳити зист ва ҷузъиёти он, инчунин робитаи мутақобилаи байни ин ҷузъиёт, омилҳо, ба монанди моддаҳо, энергия, садо, радиатсия, амалҳо, аз ҷумла чорабиниҳои маъмурӣ, созишномаҳои экологӣ, қонунгузорӣ, нақшаҳо ва барномаҳои марбут ба муҳити зист, хароҷоту даромадҳо ва дигар тадқиқоти иқтисодӣ ва дурнамоҳое, ки дар қабули қарорҳо оид ба муҳити зист истифода мегарданд;

- амнияти экологӣ - ҳолати муҳофизавии манфиатҳои муҳими ҳаётии шахс, ҷомеа, муҳити зист ва таҳдидҳое, ки дар натиҷаи таъсиррасонии антропогенӣ ва табиӣ ба муҳити зист, аз ҷумла ба офату фалокатҳои табиӣ алоқаманданд;

- хатари экологӣ - эҳтимолияти фарорасии ҳолате, ки барои муҳити зист оқибати номусоид дошта, дар натиҷаи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари манфӣ, ҳолатҳои - муқаррар намудани мутобиқатӣ ё номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ба вуҷуд меояд;

- экспертизаи экологӣ ба талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла санадҳои ҳуқуқии меъёрҳои техникӣ;

- аудити экологӣ - таҳлили мутобиқати фаъолият ва ҳисоботи субъекти ҳоҷагидорӣ ба қонунгузории амалкунанда, ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, дастурӣ ва танзимкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур муносибатҳои марбут ба алоқамандии мутақобилаи ҷамъият ва муҳити зистро дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зисти ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, танзим менамояд. 

2. Масъалаҳои ҳифз ва истифодаи замин, қаъри замин, об, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла ҷангалҳо, инчунин объектҳои муҳити атрофи дорои арзиши махсуси экологӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаро дар қисмате, ки дар Қонуни мазкур танзим намегарданд, қонунҳои дахлдор ва қонунҳои дигари дар асоси он амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд.

3. Муносибатҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист дар қисмати барои таъмини бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ зарурро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъмини муҳити зисти барои инсон мусоид нигаронида шудаанд, ба танзим медароранд. 

Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

1. Барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист системаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва фаъолияти он ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити солим ва мусоид равона мегардад. 

2. Асоси ташкилии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист барномаҳо, стратегияҳо ва нақшаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист буда, онҳоро мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия мекунад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Моддаи 5. Принсипҳои асосии ҳифзи муҳити зист

Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд, дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад:

- таъмини волоияти Конститутсия (Сарқонун) ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  ҳифзи муҳити зист; 

- афзалияти ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, риояи ҳуқуқи он ба муҳити мусоиди зист; 

- барқарор сохтан ва нигоҳ доштан, истифодаи устувор ва оқилонаи муҳити зист бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, таъмини муҳити мусоиди  зист барои кору истироҳати аҳолӣ;

- пайвасти илман асосноки манфиатҳои ҳуқуқӣ, экологӣ, иқтисодию иҷтимоии инсон, ҷамъият ва давлат, андешидани чораҳои самаранок бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор;   

- музднок будани истифодабарии захираҳои табиӣ ва ҷуброни зарари ба муҳити зист расонидашуда; 

- мустақилияти назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; 

- эҳтимолияти хатари экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташаванда;  

- арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳангоми қабули қарорҳо оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият; 

- афзалияти нигоҳдории системаҳои экологӣ, ландшафт ва комплексҳои табиӣ;

- имконпазирии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити табиат бо назардошти талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- ҳатмӣ будани иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои ғайритиҷоратӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист; 

- риояи ҳуқуқи ҳар як шахс барои дарёфти маълумоти дақиқ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои марбут ба ҳуқуқи онҳо ба муҳити зисти мусоид тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳавасманд ва дастгирӣ кардани ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ; 

- ногузир будани ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- ташкил ва рушди системаи маърифати экологӣ, тарбия ва ташаккули фарҳанги экологӣ;

- ҳамкории байналмилалӣ. 

Моддаи 6. Объектҳои ҳифзи муҳити зист

1. Аз ифлосшавӣ, вайроншавӣ, осеб дидан, камшавӣ, харобшавӣ ва дигар таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ инҳо ҳифз карда мешаванд: 

- замин, қаъри он, хок; 

- обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ; 

- ҳавои атмосфера, қабати озонии Замин;

- олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла тамоми намудҳои ҷангал, инчунин фонди генетикии онҳо. 

2. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, аз ҷумла биосферӣ, минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ), парваришгоҳҳои табиии давлатӣ, ёдгориҳои табиӣ, паркҳои табиӣ, миллӣ ва дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, дигар комплексҳо ва объектҳои табиӣ, ки моҳияти махсуси ҳифзи табиат, илмӣ, таърихию фарҳангӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва тандурустӣ доранд, инчунин объектҳои олами набототу ҳайвоноти нодир ё зери хатари нобудшавӣ қарордошта, дигар организмҳо ва макони зисту сабзиши онҳо таҳти муҳофизати махсус қарор дода мешаванд. 

3. Ба объектҳои муҳофизати махсус ҳамчунин минтақаҳои ташаккулёбии обҳои зеризаминӣ (водии дарёҳо, даҳанаи селроҳа, шелфи доманакӯҳҳо), бозёфтҳои нодири геологӣ ва ташкилаҳои минералогӣ, объектҳои палеонтологӣ ва дигар қитъаҳои қаъри замин, ки арзиши махсуси илмӣ, фарҳангӣ ва ғайра доранд, замини назди соҳил ва минтақаҳои ҳифзи объектҳои об, ҳавзҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ, қитъаҳои муҳофизатии ҷангалҳо ва дигар минтақаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, мансубанд.  

Моддаи 7. Барнома, консепсия, стратегия ва нақшаҳои амал дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

1. Барои ташкили фаъолияти мақсаднок ва пурсамар ҷиҳати таъмини сифати мусоиди муҳити зист, идоракунии устувор, таъмини амнияти экологӣ, татбиқи муқаррароти конвенсия ва созишномаҳои байналмилалии экологӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия, инчунин дар асоси онҳо нақшаҳои амал, ки тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи устувору оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зистро барои ояндаи дарозмӯҳлат пешбинӣ менамоянд, таҳия карда мешаванд. 

Бо мақсади аз байн бурдани такрори айнан як фаъолият ва беҳтар истифода бурдани имкониятҳо нисбати ду ва зиёда конвенсия ва созишномаҳои байналмилалии экологӣ, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия ва нақшаҳои амали ягона таҳия карда мешаванд.

 2. Барнома, консепсия, стратегия ва нақшаҳои амали давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдор, инчунин аҳли ҷомеа таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд. 

3. Нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист бо назардошти дурнамоҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дар асоси тадқиқотҳои илмие, ки ба ҳалли масъалаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист равона гардидаанд, таҳия карда мешаванд.

4. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба муҳити зист таъсири манфӣ расонандаро анҷом медиҳанд, вазифадоранд чорабиниҳои ҳифзи муҳити зистро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гиранд ва амалӣ гардонанд.

 

БОБИ 2.САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳоянд: 

- муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; 

- муқаррар намудани тартиби таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбати фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият;

- ҳавасмандгардонии кашфиёт ва тадқиқоти илмӣ, илмии техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ ва идоракунии устувори истифодаи табиат, аз байн бурдан ва пешгирӣ кардани коҳиши муҳити зист;  

- муқаррар намудани андоза ва тартиби ситонидани пардохти маблағҳо барои истифодабарии захираҳои табиӣ ва ифлоскунии муҳити зист;  

- тасдиқи низомномаи фонди давлатии ҳифзи муҳити зист; 

- муайян намудани тартиб ва шартҳои суғуртаи ҳатмии экологии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;  

- муайян намудани тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ва расмиёти арзёбии таъсири фаъолияти ба нақша гирифташаванда ба муҳити зист; 

- қабули қарорҳо дар хусуси истифодаи захираҳои табиӣ, бастани шартномаҳо ва қарордодҳо, аз ҷумла консессияҳо;

- тасдиқи барнома, консепсия, стратегия ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин нақшаҳои комплексии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, тартиби пешбурди кадастрҳои давлатии захираҳои  табиӣ; 

- маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист дар доира ва ҳаҷми муқаррарнамудаи буҷети давлатӣ;

- муқаррар намудани сохтор, мӯҳтаво ва тартиби мониторинги давлатии муҳити зист ва захираҳои табиӣ, ташаккули системаи давлатии мушоҳидаи вазъи муҳити зист ва таъмини фаъолияти ин система;

- тасдиқи номгӯи гурӯҳҳои маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки бояд ҳатман стандартизатсия ва сертификатсия шаванд;

- тасдиқи номгӯи объектҳои муҳити зисти дорои аҳамияти махсуси экологӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ташкили мамнӯъгоҳҳои давлатӣ, паркҳои миллӣ ва табиии давлатӣ, инчунин дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ; 

- муайян намудани тартиб ва шартҳои ҷамъоварӣ, таҳлил, ҷамъбаст, пешниҳоди иттилоот ва пешбурди омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- муқаррар намудани тартиби назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;  

- мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;

- анҷом додани дигар салоҳиятҳо мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 9. Ваколати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 

1. Ба ваколати мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мансубанд: 

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатии экологӣ ва идоракунии комплексӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;  

- амалӣ сохтани назорати давлатии фаъолияти объектҳои хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, новобаста ба шаклҳои моликият ва мансубияти идоравӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи ахираҳои табиӣ; 

- таҳияи лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин назорати иҷрои онҳо;

- таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои  табиӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои барнома, консепсия, стратегия ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин нақшаҳои комплексии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, иштирок дар татбиқи онҳо; 

- ширкат дар таҳия ва татбиқи барномаҳои экологии байнидавлатӣ ва минтақавӣ;

- ширкат дар амалисозии чорабиниҳои ҳифзи табиат ва дигар чорабиниҳое, ки барои беҳбуди вазъи муҳити зист андешида мешаванд, аз ҷумла дар минтақаҳои офати экологӣ;

- ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои давлатии экологии фаъолияти ба нақша гирифташаванда; 

- анҷом додани амалҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба ҷавобгарии маъмурӣ ва дигар ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор;

- ба суд пешниҳод намудани даъво дар хусуси ситонидани ҷарима, ҷуброни товони зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист расонида шудааст, ҳамчунин пардохти ҳатмии маблағҳо барои ифлос кардани муҳити зист  ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он; 

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба таъсиси мавзеъҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, идора кардани чунин мавзеъҳо, назорати ҳифз ва истифодаи онҳо;

- иштирок дар ташкил, татбиқ ва рушди маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;  

- бо тартиби муқаррарнамуда маҳдуд кардан, боздоштан ва қатъ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки бо риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад; 

- ташкил ва пешбурди мониторинги давлатии муҳити зист, таъмини фаъолияти хадамоти давлатии азорати муҳити зист;

- бо тартиби муқарраргардида таъмин кардани аҳолӣ бо иттилоот оид ба вазъи муҳити зист дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;  

- ройгон дастрас намудани иттилооти экологӣ аз вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо;  

- таҳия ва  пешбурди Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи Низомнома ва ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи он; 

- додани иҷозатномаҳо ба баъзе намудҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият";

- барои субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани лимит ва квотаҳои истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла объектҳои олами набототу ҳайвонот, маҳсулоти ҷангал, партовҳо ба ҳавои атмосфера, манбаъҳои об, рӯи замин ва қабати он, ҷойгиронии партовҳо;

- додани иҷозат барои ҳуқуқи ҷамъоварӣ кардан, аз сарҳад гузаронидан ва гӯронидани  партови истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, ихроҷ ва ҷойгиронии моддаҳои  ифлоскунандаи муҳити зист, парма кардани чоҳҳои об  ва истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ;

- ташкил кардан ва гузаронидани сертификатсияи экологии объектҳои муҳити зист, захираҳои табиӣ, маҳсулот, мавод ва ашёи хом, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, равандҳои технологӣ ва хизматрасонӣ, ки барои пешгирӣ ва бартараф кардани зарар ба муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ   равона карда шудаанд;

- муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ, ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиронии  партовҳо;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба  ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;

- таъсис ва пешбурди кадастри давлатии захираҳои табиӣ, баҳисобгирӣ ва арзёбии захираҳои табиӣ; 

- анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бехатарии экологӣ, омӯзиш, ҷамъбаст ва интишори таҷрибаи байналмилалӣ, таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист эътироф намудааст;

- ҷамъоварӣ ва баррасии иттилооти экологӣ, таҳия ва нашри ҳисоботу гузоришҳои миллӣ оид ба вазъи муҳити зист; 

- анҷом додани дигар вазифаҳои таъмини ҳифзи самараноки муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ дар доираи салоҳияти худ.

2. Иҷрои қарорҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти  он қароргирифта  барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, аз рӯи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ: 

- дар минтақаҳои дахлдор самтҳои асосии ҳифзи муҳити зисти табиӣ ва истифодаи захираҳои табииро муайян месозанд ва барномаҳои экологиро тасдиқ менамоянд; 

- хароҷоти ҳифз ва солимгардонии муҳити зистро дар буҷети маҳаллӣ тасдиқ мекунанд;  

- ҳисоботи роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳоро оид ба вазъи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиат мешунаванд;

- дар доираи ваколати худ доир ба масъалаҳои солимгардонии муҳити зист, ҳифз, барқарорсозӣ ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳифзи объектҳои муҳити зисти дорои арзиши махсуси экологӣ, илмию фарҳангӣ қоидаҳои иҷрояшон ҳатмӣ  қабул мекунанд.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ корҳои зеринро анҷом медиҳанд:

- назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва танзими истифодаи захираҳои табиат;

- таҳия ва татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои амал оид ба  ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиат дар минтақаҳои марбута, сохтмон ва азнавсозии объектҳои ҳифзи муҳити зист;

- пешниҳоди таклиф ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист дар хусуси ҳифзи объектҳои муҳити зист, ки дорои арзиши махсуси экологӣ, таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд, инчунин оид ба таъсиси мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда;

- таблиғи ҳифзи муҳити зист, анҷом додани корҳои тарбия ва ташаккули маърифати экологии аҳолӣ;

- амалӣ сохтани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  қарорҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин иштироки аҳолиро дар ҳалли масъалаҳои  беҳбуди муҳофизати муҳити зист таъмин менамоянд.

 

БОБИ 3.ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН,

ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИГАРИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи   ҳифзи муҳити зист

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиндагӣ дар шароити барои саломатӣ ва ҳаёт мусоид ва истифода аз неъматҳои он, ба ҳифзи муҳити зист аз таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта ҳуқуқ доранд.

2. Шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ доранд: 

- иттиҳодияҳо ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратии фаъолияташон вобаста ба ҳифзи муҳити зистро таъсис диҳанд; 

- ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар ташкилот ва шахсони мансабдор барои гирифтани иттилооти саривақтӣ, пурра ва дақиқи вобаста ба вазъи муҳити зисти маҳалли истиқомати худ, чораҳои вобаста ба ҳифзи он муроҷиат намоянд ва чунин иттилоотро дастрас кунанд. Агар ошкор кардани иттилооти экологӣ ба ҳифзи сирри давлатӣ ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда таъсири манфӣ расонад, дархост метавонад рад карда шавад;

- дар ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, намоишу роҳпаймоиҳо ва раъйпурсиҳо дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва дар дигар  чорабиниҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, ширкат варзанд; 

- дар равандҳои баррасӣ ва қабули қарорҳо вобаста ба лоиҳаҳои нақшаҳо, барномаҳо ва санадҳои қонунгузории марбут ба муҳити зист, арзёбии таъсир ба муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими муҳити зист ширкат варзанд, савол, тавзеҳот, иттилоот, таҳқиқот ё фикру ақидаҳои дилхоҳи худро нисбат ба лоиҳаҳои зикргардида, аз ҷумла лоиҳаҳои қарорҳоеро, ки аз рӯи онҳо қабул мегарданд, пешниҳод кунанд;

- экспертизаи ҷамъиятии экологиро талаб кунанд ва дар гузаронидани он тибқи тартиби муқарраргардида ширкат варзанд; 

- оид ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, таъсири манфӣ ба он бо шикоят, ариза ва пешниҳодҳо ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дигар ташкилотҳо муроҷиат кунанд, ҷавобҳои баҳангом ва асоснок гиранд; 

- оид ба ҷуброни зараре, ки  ба муҳити зист, моликияти шахсӣ ва саломатии онҳо расидааст, ба суд даъво оваранд;

- ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки худро аз таъсири манфии муҳити зист, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар фаъолият ба вуҷуд меояд, суғурта кунанд; 

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд. 

3. Шаҳрвандон ӯҳдадоранд: 

- муҳити зист ва захираҳои табиатро ҳифз кунанд;

- муҳити зист ва сарватҳои табииро эҳтиёт кунанд;

- ба мақоми  ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат кунанд;

- дигар талаботро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, риоя кунанд.

4. Истифодаи муҳити зисти табиӣ аз ҷониби шаҳрвандон бар зарари муҳити зист, ҳуқуқ ва манфиатҳои дигар шаҳрвандон, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳуқуқ доранд, ки: 

- мувофиқи тартиби муқарраргардида дар  таҳия, таблиғ ва татбиқи барномаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист иштирок намоянд, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳимоя кунанд, дар асоси ихтиёрӣ шаҳрвандонро ба фаъолияти соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷалб намоянд; 

- аз ҳисоби маблағи худ ва маблағи ҷалбгардида фаъолияти вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии захираҳои табиӣ, таъмини бехатарии экологиро иҷро ва таблиғ кунанд;  

- ба мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор барои дастрас кардани иттилооти баҳангом, пурра ва дақиқ оид ба вазъи муҳити зист, чораҳои ҳифзи он, ҳолат ва далелҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист, ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон таҳдид мекунанд, муроҷиат намоянд. 

Дархост оид ба иттилооти экологӣ дар ҳолате, ки ошкор кардани он ба ҳифзи сирри давлатӣ ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда таъсири манфӣ расонад, метавонад рад карда шавад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида дар муҳокима ва қабули қарорҳои хоҷагӣ ва дигар қарорҳое, ки татбиқи онҳо метавонад ба муҳити зист, ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад, ширкат варзанд;

- ба мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти марказии ҳоқимияти давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳо бо арзу шикоят ва пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист, таъсири манфӣ ба муҳити зист муроҷиат кунанд, ҷавоби баҳангом ва асоснок гиранд; 

- экспертизаи ҷамъиятии экологиро мутобиқи тартиби муқарраргардида ташкил кунанд ва гузаронанд, намояндагони худро барои ширкат дар экспертизаи давлатии экологӣ тавсия намоянд;

- дар хусуси бекор кардани қарор оид ба лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон, навсозӣ, ба истифода додани объектҳо, ҳамчунин оид ба маҳдудсозӣ, боздоштан ва қатъ кардани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва суд муроҷиат кунанд;

- бо мақсади ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон оид ба ҷуброни товони зарари ба муҳити зист расонидашуда ба суд даъво пешниҳод кунанд.

2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ӯҳдадоранд:

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя кунанд;

- ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд;

3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, доранд.

4. Аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ истифода кардани муҳити зист ба зарари он, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст.

Моддаи 14. Кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 

1. Давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ татбиқи ҳуқуқҳои дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба онҳо додашударо кафолат медиҳад. 

2. Шахсоне, ки ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар Қонуни мазкур нишон додашударо иҷро кардани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон монеъ мегарданд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15. Системаи чорабиниҳои давлатии таъмини ҳуқуқдорӣ ба муҳити зисти мусоид

1. Мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор ӯҳдадоранд ба шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар татбиқи ҳуқуқҳояшон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мусоидат кунанд.

2. Қарор дар бораи ҷойгир кардани объектҳое, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти онҳо метавонад ба муҳити зист зарар расонад, бо назардошти фикру ақидаи аҳолии сокини ин минтақа қабул карда мешавад.

 

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ  ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 16. Усулҳои танзими иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 

1. Вазифаҳои механизми иқтисодии ҳифзи муҳити зист рушди ҳавасмандгардонии моддиву маънавии аъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият, кормандони онҳо ва шаҳрвандон ба таҳия, банақшагирӣ ва амалӣ сохтани чорабиниҳои амнияти экологӣ, истифодаи самаранок, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии захираҳои табиӣ мебошад.

2. Ба усулҳои танзими иқтисодии соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳо мансубанд:

- таҳияи дурнамои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар асоси дурнамои экологӣ; 

- таҳияи барнома, консепсия, стратегия ва нақшаҳои амал дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- таҳия ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист бо мақсади пешгирӣ ва рафъи зарар ба муҳити зист; - муқаррар намудани пардохти маблағҳо барои таъсири манфӣ ба муҳити зист;

- муқаррар намудани лимитҳо, квотаҳо ва ситонидани пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла объектҳои олами набототу ҳайвонот, маҳсулоти ҷангал, партовҳо ба ҳавои атмосфера, манбаъҳои обӣ, рӯи замин ва қабати он, ҷойгиронии партовҳо ва дигар намудҳои таъсироти манфӣ ба муҳит зист;

- арзёбии иқтисодии объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, ҳамчунин таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист;

- дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, инноватсионӣ ва дигар фаъолият (аз ҷумла суғуртаи экологӣ), ки ба ҷорӣ кардани технология ва истеҳсолоти беҳтарину пешқадам, навъҳои ғайрианъанавии энергия, истифодаи захираҳои мустаъмал ва коркарди партовҳо, инчунин дигар тадбирҳои самараноки ҳифзи муҳити зист нигаронидашуда;

- бо тартиби муқарраргардида ҷуброн намудани зиёне, ки ба муҳити зист расонида шудааст; 

- усулҳои дигари танзими иқтисодии такмил ва ҳифзи самараноки муҳити зист. 

3. Танзими иқтисодии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. 

 

Моддаи 17. Баҳисобгирӣ  ва арзёбии иҷтимоию иқтисодии  захираҳои табиӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист якҷоя бо мақомоти давлатии омор ва истифодабарандагони табиат ҳисоботи миқдор ва сифати захираҳои табиӣ, ашёи мустаъмал, инчунин маҳсулоти ғайриасосии фаъолияти ҳоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятро таҳия мекунанд, арзёбии иҷтимоию иқтисодии онҳоро анҷом медиҳанд. 

2. Пешбурди кадастрҳои давлатии захираҳои табиӣ, минтақаҳо ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист гузошта мешавад.

Моддаи 18. Маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист

Чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:

- буҷети давлатӣ; 

- ҳақгузориҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; 

- дигар манбаъҳои молиявие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст. 

Моддаи 19. Лимитҳо ва квотаҳои истифодаи табиат

1. Лимиту квотаҳои истифодаи табиат чун системаи маҳдудиятҳои экологӣ аз ҳаҷмҳои ниҳоии ба истифодабарандагони табиат барои мӯҳлати муайян муқарраргардидаи истифодаи захираҳои табиӣ, ихроҷу партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳои истеҳсолӣ иборат мебошанд.

2. Лимиту квотаҳои истифодаи табиат барои истифодабарандагони табиат аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар асоси зарурати тадриҷан расидан ба андозаҳои меъёрии истифодаи захираҳои табиӣ, ҳадди имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист ва ҳаҷмҳои меъёрии ҷойгиронии партовҳои истеҳсолӣ бо назардошти вазъи экологии минтақа муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 20. Пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ ва расонидани таъсири манфӣ ба муҳити зист

1. Пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ (замин, об, сарватҳои зеризаминӣ, ҷангал, олами набототу ҳайвонот, захираҳои рекреатсионӣ ва дигар захираҳо) дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

- барои ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ;

- барои истифодаи захираҳои табиӣ дар доираи лимиту квотаҳои муқарраршуда;

- барои аз лимиту квотаҳои муқарраршуда зиёд истифода бурдани захираҳои табиӣ;

2. Пардохти маблағҳо барои расонидани таъсири манфӣ ба муҳити зист дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

- барои партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист дар доираи лимиту  квотаҳои муқарраршуда;

- барои аз лимит ва квотаҳои муқарраршуда зиёд партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист. 

3. Тартиби ҳисоб ва татбиқ кардани меъёри пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зистро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

4. Пардохти маблағҳои истифодаи захираҳои табиӣ ва расонидани таъсир ба муҳити зист истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, ҷуброни товони зарарҳои ба муҳити зист расонидашуда озод намекунад.

 

Моддаи 21. Фондҳои ҳифзи муҳити зист

1. Барои хароҷоти пешбининашудаи вобаста ба ҳифз ва солимгардонии муҳити зист, барқарор кардани талафоти муҳити зист ва ҷуброни товони зиёни ба он расонидашуда, фондҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявии ҳифзи муҳити зист таъсис дода мешаванд.

2. Фондҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои барои истифодаи захираҳои табиӣ, ихроҷи (партофтан, ҷойгиронӣ) маводи зарарнок ба муҳити зист, пардохташуда, хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ва дигар манъбаҳо ташаккул меёбанд.

3. Тартиби ташкилу истифодаи фондҳои ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.

 

Моддаи 22. Фондҳои суғуртаи ҳифзи муҳити зист

1. Фондҳои суғуртаи ҳифзи муҳити зист барои пӯшонидани хароҷот оид ба барқарорсози  талафоти муҳити зист, ҷуброни товони зарари ба саломатию молу мулки шаҳрвандон дар натиҷаи офатҳои табиӣ, садамаю фалокат ва дигар хатарҳои экологӣ расида  таъсис дода мешаванд.

2. Фондҳои мазкур аз ҳисоби маблағҷудокунии давлат, корхонаҳо. ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз тобеъият ва шаклҳои моликияташон, инчунин аз маблағи хайрияи ихтиёрии шаҳрвандон таъсис дода мешаванд.

3. Шартҳои суғуртакунӣ, тартиби ворид намудани пардохти маблағҳои суғуртавӣ мувофиқи онунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 5.БАМЕЪЁРДАРОРИИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 23. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист

1. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист бо мақсади муайян кардани ҳадди имконпазири меъёри аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи таъсир ба муҳити зист, ки бехатарии экологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера, об, замин, олами набототу ҳайвонот, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табииро кафолат медиҳад, анҷом дода мешавад.  

2. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист системаи меъёр ва стандартҳои сифати муҳити зист мебошад, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд.

 

Моддаи 24. Таҳияи меъёрҳои соҳаи ҳифзи  муҳити зист

Таҳияи меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳоро дар бар мегирад:

- иҷрои корҳои тадқиқотӣ-илмӣ ҷиҳати асосноккунии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- бо тартиби муқарраргардида гузаронидани экспертиза, тасдиқ ва нашри меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- муайян кардани асосҳои таҳия ё аз нав дида баромадани меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- ташаккул ва пешбурди махзани ягонаи иттилоотии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани натиҷаҳои экологӣ, иҷтимоию иқтисодии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист.

 

Моддаи 25. Меъёрҳои сифати муҳити зист

1. Меъёрҳои сифати муҳити зист барои арзёбии вазъи муҳити зист ба манфиати саломатии инсон, нигоҳдории системаҳои экологии табиӣ ва фонди генетикии олами набототу ҳайвонот муқаррар карда мешаванд.

2. Ба меъёрҳои сифати муҳити зист инҳо мансубанд:

- меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои кимиёвии вазъи муҳити зист  муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати моддаҳои кимиёвӣ, инчунин моддаҳои радиоактивӣ;
- меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои  физикии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла мутобиқи нишондиҳандаҳои дараҷаи радиоактивӣ ва ҳарорат;

- меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои биологии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла навъ ва гурӯҳҳои растанӣ, ҳайвонот ва дигар организмҳое, ки  ҳамчун индикаторҳои сифати муҳити зист истифода бурда мешаванд, инчунин меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати микроорганизмҳо;  

- дигар меъёрҳои сифати муҳити зист.

3. Барои минтақаҳои алоҳида (мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, паркҳои миллии табиӣ, минтақаҳои осоишию курортӣ ва  истироҳатӣ) бо назардошти хусусиятҳои табиию иқлимӣ, ҳамчунин арзиши махсуси онҳо меъёрҳои нисбатан қатъии сифати муҳити зист муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Меъёрҳои ҳадди имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳои зарарнок

1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳои зарарнок, аз ҷумла микроорганизмҳои патогенӣ ва дигар моддаҳои биологии ҳаво ва обу заминро ифлоскунанда бо назардошти воридоти умумии партовҳо аз ҳамаи объектҳои истеҳсолӣ, маълумотҳои инвентаризатсияи ихроҷ ва партофтани моддаҳои зарарнок аз ҳар як манбаи ифлоскунанда, меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати моддаҳои зарарнок дар муҳити зист ва ифлосии мавҷудаи он муайян карда мешавад.

2. Ихроҷ ва партофтани моддаҳои зарарнок, дигар модда ва микроорганизмҳо ба муҳити зист дар доираи лимитҳои муқарраргардидаи имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳо ва микроорганизмҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мумкин аст.

 

Моддаи 27. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири номатлуби физикӣ

1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири номатлуби физикӣ ба андозаи таъминкунандаи ҳифзи саломатӣ ва қобилияти меҳнатии одамон, ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зисти барои зиндагӣ мусоид муайян карда мешавад.

2. Меъёрҳои мазкур ва усулҳои муайян кардани онҳо аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 28. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи таъсири радиатсионӣ

1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи таркиби бехавфи моддаҳои радиоактивӣ дар муҳити зист ва озуқа, ҳадди имконпазири дараҷаи шуоъафкании радиатсионӣ ба андозае муайян карда мешаванд, ки саломатии инсон ва насли ояндаи одамон, нигаҳдории олами набототу ҳайвонот ва ҳолати мусоиди зист кафолат дода шаванд. 

2. Меъёрҳои мазкур ва усулҳои муайян кардани онҳо аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Меъёрҳои истифодабарии нурӣ, пестисидҳо, заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва дигар моддаҳои кимиёвӣ

Меъёрҳои истифодаи нуриҳои минералӣ ва органикӣ, дигар моддаҳои кимиёвӣ ва воситаҳои нумӯи растаниҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба андозае муқаррар карда мешаванд, ки талаботи ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби озуқа ва организми одам, инчунин ҳифзи саломатии инсон, фонди генетикии он ва олами набототу ҳайвонот таъмин карда шаванд.

 

Моддаи 30. Меъёрҳои ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои зарарноки биологӣ дар озуқа

1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои зарарноки кимиёвӣ, заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои зарарноки биологӣ дар озуқа бо роҳи муайян кардани меъёри камтарини имконпазири барои саломатии инсон безарар, барои ҳар як намуди моддаи кимиёвӣ, заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои зарарноки биологӣ ва ҳар як намуди озуқа муайян карда мешаванд.

2. Меъёрҳои мазкур аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти стандартҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 31. Стандартҳои экологӣ

1. Дар стандартҳо барои техника, технология ва маводу ашъёи нав, дигар маҳсулоте, ки метавонанд ба табиат, саломатӣ ва фонди генетикии инсон таъсири зарарнок расонанд, талаботи экологие муқаррар карда мешаванд, ки риояи меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсиррасонӣ ба муҳити зистро дар ҷараёни истеҳсолот, барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифода (истеъмол) ва нобудсозии  маводу маҳсулоти мазкур бояд таъмин намоянд. 

2. Стандартҳои мазкур, усулҳои муайян кардани онҳо ва намудҳои техника, технология, масолеҳ, моддаҳо ва дигар маҳсулоте, ки барои онҳо таҳия мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар мувофиқа бо мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 32. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист

1. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист барои субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият бо мақсади арзёбӣ ва танзими таъсири ҳама манбаъҳои статсионарӣ, сайёр ва дигар манбаъҳои ба муҳити зист таъсиррасон, ки дар ҳудуди минтақаи мушаххас  ҷойгиранд, муқаррар карда мешаванд. 

2. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист барои ҳар як намуди таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва таъсири муштараки ҳамаи манбаъҳои дар ҳудуди ин минтақа ҷойгирбуда  муқаррар карда мешаванд. 

3. Ҳангоми муқаррар намудани меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист хусусиятҳои муҳити зисти минтақаҳои мушаххас ба инобат гирифта мешаванд.

 

Моддаи 33. Меъёрҳои минтақаҳои санитарӣ ва муҳофизатӣ

1. Меъёрҳои минтақаҳои санитарӣ, муҳофизатӣ, санитарию муҳофизатии об барои ҳифзи обанбор ва дигар манбаъҳои обтаъминкунӣ, минтақаҳои курортӣ, муолиҷавию солимгардонӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар ҳудудҳо аз ифлосшавӣ ва дигар таъсири номатлуб муқаррар карда мешаванд.

2. Меъёрҳои мазкур аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зист якҷоя бо дигар мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия карда, мавриди амал қарор дода мешаванд.

 

Моддаи 34.Сертификатсияи экологӣ

1. Сертификатсияи экологӣ бо мақсади таъмини фаъолияти аз ҷониби хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ бехатари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида мешавад.

2. Сертификатсияи экологӣ метавонад ҳатмӣ ё ихтиёрӣ бошад.

3. Сертификатсияи экологии ҳатмӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 6. АРЗЁБИИ ТАЪСИР БА МУҲИТИ ЗИСТ ВА

ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 35. Арзёбии таъсир ба муҳити зист

1. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии аҳолӣ мустақиман ё ғайримустақим таъсир мерасонад, арзёбӣ карда мешавад.  

2. Арзёбии таъсир ба муҳити зист расмиёти ҳатмӣ буда, ҳангоми таҳияи ҳама гуна вариантҳои алтернативии ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ, аз ҷумла пеш аз сармоягузорӣ, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташавандаро асоснок мекунад, бо иштироки ҷомеъа гузаронида мешавад.

3. Номгӯи навъҳои фаъолият ва талабот нисбати маводи арзёбии таъсир ба муҳити зист дар низомнома, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 36. Вазифаҳои экспертизаи экологӣ

1. Экспертизаи экологӣ барои санҷиши асоснокӣ ва мутобиқати фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари ба нақша гирифташуда ба талаботи меъёрҳои сифати муҳити зисти табиӣ, қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии ҷомеа гузаронида мешавад. 

2. Сохтмон, мавриди истифода қарор додан, инчунин амалӣ сохтани фаъолияти дигари хоҷагидорӣ бе хулосаи мусбии экспертизаи экологӣ манъ аст. 

3. Вазифаҳо ва тартиби гузаронидани экспертизаи экологиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экпертизаи экологӣ" муқаррар мекунад.

 

БОБИ 7. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ҲАНГОМИ ҶОЙГИРОНӢ, ЛОИҲАКАШӢ, СОХТМОН, АЗНАВСОЗӢ, МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ КОРХОНА, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТҲО

 

Моддаи 37. Талаботи умумии экологӣ ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо

1. Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, мавриди истифода қарор додан, муваққатан хобондан (консерватсия кардан) ва барҳамдиҳии корхона, иншооту дастгоҳҳо, ҳангоми гузаронидани хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, қубурҳо, каналҳо, роҳҳои нақлиётӣ ва дигар объектҳое, ки ба муҳити зист мустақиман ва ғайримустақим таъсир расонида метавонанд, бояд талабот оид ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи саломатии инсон риоя гардида, барои ҳифз ва солимгардонии муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ тадбирҳо андешида шаванд. 

2. Вайрон кардани талабот оид ба ҳифзи муҳити зист боиси  тибқи амри мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муваққатан боздоштан, маҳдуд кардан ё пурра қатъ гардонидани фаъолияти ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, мавриди истифода қарор додан, муваққатан боздоштан ва барҳам додани объектҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъият, мегардад.

 

Моддаи 38. Талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҷойгиронии  корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо

1. Ҳангоми ҷойгиронии корхонаҳо, иншооту объектҳои дигар, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеъият, иҷрои талабот оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, амнияти экологӣ, ба назар гирифтани оқибатҳои наздиктарин ва дури экологӣ, генетикӣ, иқтисодӣ, демографӣ, маънавӣ ва дигари фаъолияти объектҳои мазкур бояд таъмин карда шавад.

2. Ҷойҳои сохтмони корхона, иншооту дигар объектҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият, тибқи қонунгузории амалкунанда, дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ муайян карда мешаванд. 

3. Ҳангоми ҷойгиронии биноҳо, иншоот ва дигар объектҳо тамоми чораҳои имконпазир  оид ба халалдор нагаштани манфиатҳои қонунии шаҳрвандон андешида мешаванд.

 

Моддаи 39. Талаботи экологӣ  нисбати сохтмону азнавсозии корхона, иншоотҳо ва дигар объектҳо

1. Иҷрои  корҳои омодасозӣ дар маҳал, сохтмон, таъмиру таҷдиди объектҳо, сарфи назар аз шакли моликияту тобеияташон, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ манъ аст. Тағйир додани лоиҳа ё арзиши корҳои тасдиқшуда бар зарари муҳити зист иҷозат дода намешавад.

2. Корҳои дар қисми экологии лоиҳа пешбинишуда дар навбати аввал иҷро карда мешаванд.

3. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷиҳати ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рекултиватсияи заминҳо ва барқарорсозии захираҳои дигари табиӣ, ободонии атроф ва солимгардонии  муҳити зист бояд тадбирҳо андешида шаванд.

4. Риоя накардани талаботи моддаи мазкур боиси дар асоси амрияи мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати бехатарии корҳо дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ манъ кардани корҳои сохтмонӣ то бартараф кардани норасоиҳои қайдшуда мегардад.

 

Моддаи 40. Риоя намудани талаботи экологӣ ҳангоми хусусигардонии молу мулки давлатӣ

1. Корхона ва дигар объектҳо бо назардошти натиҷаҳои санҷиши вазъи экологии онҳо хусусӣ гардонида мешаванд. Санҷиши вазъи экологии корхона ва дигар объектҳо тибқи нақшаи хусусигардонӣ пешбинӣ мегардад ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад.

2. Чорабиниҳо оид ба тоза ва безараргардонии корхона ва дигар объекти хусусигардонӣ аз ҳисоби давлат ва (ё) бо розигии молики нав аз манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:

- маблағи барои сохтмон, таҷдид ва азнавҷиҳозонии объектҳои ҳифзи муҳити зист бозсармоягузорӣ  намудаи молики нави корхона;

- аз ҳисоби маблағе, ки ба корхона ва дигар объекти хусусигардонидашуда дар шакли  қарзҳои мақсаднок, қарзҳои бефоиз ва маблағгузории мақсадноки эҳтиёҷоти вобаста ба ҳифзи муҳити зист ворид мешаванд;  

- аз ҳисоби маблағе, ки корхона тавассути системаи суғуртаи экологӣ мегирад;

- аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 41. Риоя намудани талабот ва ӯҳдадориҳои экологӣ ҳангоми муфлисшавӣ

1. Ҳангоми оғоз намудани парванда оид ба муфлисшавӣ нисбати шахси ҳуқуқӣ - истифодабарандаи табиат санҷиши вазъи экологии он гузаронида мешавад. 

2. Ӯҳдадории гузаронидани санҷиши вазъи экологии корхона ва дигар объекти муфлисшуда ба зиммаи мақомоти анҷомдиҳандаи санатсия ё идоракунандаи берунӣ  вогузор карда мешавад.

3. Объекти санҷиш натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидории корхона, ки боиси муфлисшавӣ гаштааст, инчунин риояи талаботи экологӣ аз ҷониби он қарор дода мешаванд. 

4. Ҳангоми баррасии  парванда оид ба муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ - истифодабарандаи табиат манфиати кредиторон нисбати ӯҳдадориҳои экологӣ ба инобат гирифта  мешавад.

 

Моддаи 42. Риоя намудани талабот ва ӯҳдадориҳои экологӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ

1. Шахси ҳуқуқӣ - истифодабарандаи табиат бо назардошти талаботи экологӣ дар асоси маълумоти санҷиши ҳолати корхона, бо инъикоси ҳатмии натиҷаҳои онҳо дар баланси барҳамдиҳӣ, ки ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ мураттаб мегардад, барҳам дода ва аз нав ташкил карда мешавад.

2 Ҳолати экологии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ё аз нав ташкилдодашаванда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мавриди санҷиш қарор мегирад.

3. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ворисони ҳуқуқии молики нав нисбати ӯҳдадориҳои экологӣ мутобиқи тавозуни тақсимотӣ таъмин карда мешаванд. 

4. Шахси ҳуқуқӣ бо назардошти манфиатҳои қарздиҳандагон нисбати ӯҳдадориҳои экологӣ барҳам дода мешавад.

 

Моддаи 43.Талаботи экологӣ ҳангоми мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо

1. Корхона, иншоот ва дигар объектҳо бо шарти дар ҳаҷми пурра иҷро кардани талаботи экологии дар лоиҳа пешбинишуда, тибқи санадҳои комиссияҳои қабул, ки бо иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таъсис меёбанд, мавриди истифода қарор дода мешаванд. 

2. Мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо, ки бо воситаҳои назорати ифлосшавии муҳити зист, иншооту таҷҳизоти зарурии тоза ва безараргардонӣ ва нобуд кардани партовҳои зарарнок, ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда то ҳадди меъёрҳои ҷоиз таъмин нестанд, бе анҷом додани корҳои лоиҳавии рекултиватсияи замин, барқарорсозии захираҳои дигари табиӣ ва солимгардонии муҳити зист манъ аст.

 

БОБИ 8. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ КОРХОНАҲО, ИНШООТ, ОБЪЕКТҲОИ ДИГАР ВА ИҶРОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИГАР

Моддаи 44. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо

1. Корхона, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки оид ба риояи низоми технологӣ ва иҷрои талаботи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ ва солимгардонии муҳити зист тадбирҳои самаранок андешанд.

2. Корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар асоси кори самараноки иншоотҳои партовтозакунӣ, таҷҳизот ва воситаҳои назорат, безараргардонӣ ва истифодаи партови мустаъмал, гузаштан ба технология ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехавф меъёрҳои муқарраршудаи сифати муҳити зистро риоя мекунанд, оид ба ҳифз ва барқароркунии маҳсулнокии системаҳои экологии табиӣ, ҳифзи замин, хок, сарватҳои қаъри замин, об, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот ва барқарорсозии захираҳои табиӣ тадбирҳо меандешанд.

3. Риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи корхона, иншоот ва объектҳои дигар, боиси боз доштан, маҳдуд сохтан ва қатъ кардани фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ё сех, шӯъба, филиалҳо ва таҷҳизоти онҳо бо қарори мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мегардад.

4. Самти фаъолияти объектҳо, қисматҳои алоҳидаи он ё коргоҳҳо, истифода бурдани технология ва техникаи нави аз ҷиҳати экологӣ зарарнок дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дигар карда мешавад.

Моддаи 45. Талаботи экологӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳоҷагии ҷангал

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал фаъолияткунанда вазифадоранд нисбати ҳифзи хок, обанборҳо, растанӣ, аз ҷумла ҷангалзорҳо ва олами ҳайвонот аз таъсири зараровари офатҳои табиӣ, оқибати номатлуби истифодаи техника, моддаҳои кимиёвӣ ва омилҳои дигаре, ки ҳолати муҳити зистро бад мекунанд ва ба саломатии инсон зарар мерасонанд, тадбирҳо андешанд.

2. Фермаву комплексҳои чорводорӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал бояд талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии санитарию муҳофизатӣ, минтақаҳои ҳифзи об ва иншоотҳои партовтозакуние, ки ифлос ва касифшавии замин, обҳои рӯизаминиву зеризаминӣ, нобуд ва харобшавии ҷангалу чарогоҳҳо, инчунин ба ҷузъиёти дигари муҳити зист расонидани зарарро истисно менамоянд, риоя кунанд.

3. Иҷро накардани талаботи мазкур ва расонидани зарар ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии инсон, боиси дар асоси амрияҳои мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ боздоштан, маҳдуд ё қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳо мегардад.

 

Моддаи 46. Талаботи экологӣ ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва иҷрои корҳои мелиоративӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, иҷрои корҳои мелиоративӣ ва истифодаи системаҳои мелиоративӣ оид ба  риояи мувозинати об, истифодаи оқилона ва ҳифзи замин, наботот, аз ҷумла ҷангалзор, истифодаи сарфакоронаи об, пешгирӣ аз зериобмонӣ, ботлохшавӣ, шӯршавӣ, эрозияи замин, роҳ надодан ба нобудшавии ҷойҳои тухммонӣ, парваришёбӣ, зимистонгузаронӣ ва кӯчидани моҳиён ва таъсири дигари зараровар ба муҳити зист бояд тамоми тадбирҳоро андешанд.

2. Риоя накардани талаботи мазкур боиси дар асоси амрияҳои мақоми ваколатдори давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист боздоштани иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ё истифодабарии ин системаҳо то бартараф намудани норасоиҳо ё қатъ гардонидани чунин корҳо ва ҳамзамон қатъ кардани маблағгузории чунин корҳо аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ мегардад.

 

Моддаи 47.Талаботи экологӣ нисбати объектҳои энергетикӣ

1. Ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва мавриди истифода қарор додани корхона, дастгоҳ ва дигар объектҳои энергетикӣ, инчунин дарғот, сарбанд ва обанборҳо, мувофиқи талаботи моддаҳои 38-45 Қонуни мазкур сурат мегирад. 

2. Таҳияи консепсияҳо ва барномаҳои рушди энергетика бо назардошти зарурати кам кардани таъсири манфии оқибатҳои экологӣ ва таъсири объектҳои энергетикӣ ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии аҳолӣ анҷом дода мешавад.

3. Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар объектҳои энергетикӣ зарурати иқтисодӣ, релефи маҳалли ҷойгиронии объект, тадбирҳои бештар эҳтиёт кардани замин, ҷангал, конҳо, маҳалҳои аҳолинишин, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи самараноки захираҳои моҳӣ, қабати ҳосилхези замин ва роҳ надодан ба тағйироти манфӣ дар муҳити зист ҳангоми тоза намудан ва бо об пур кардани обанбор бояд ба назар гирифта шаванд.

4. Риоя накардани талаботи мазкур боиси дар асоси амрияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист боздоштани корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ё ин ки қатъ гардонидани истифодабарии объектҳои энергетикӣ то бартараф намудани норасоиҳо мегардад.

 

Моддаи 48. Талаботи экологӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин

1. Лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин бояд ба талаботи моддаҳои 38-45 Қонуни мазкур мувофиқат кунад ва шароити мусоиди экологиро барои зиндагӣ ва кору  истироҳати аҳолӣ таъмин намояд.

2. Сохтмони объектҳои нав ва зиёд кардани  иқтидорҳои объектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шаклҳои

моликият ва тобеъият, дар минтақаҳое, ки олудагии муҳити зист аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд аст, манъ мебошад.

3. Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин таъмини об, кабудизоркунӣ, канализатсия, бунёди фарши кӯчаҳо, безараргардонӣ, анборкунӣ, аз назари экологӣ ва санитарӣ бехавф кашонидан, нобуд сохтан ва гӯр кардани партовҳо, равона сохтан ва тоза кардани селобаҳо бояд ба назар гирифта шавад.

4. Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар атрофи шаҳрҳои азим, марказҳои саноатӣ ва объектҳои азими аз ҷиҳати экологӣ хавфнок боғу ҷангалзор, минтақаҳои муҳофизатӣ, иншоотҳои селгардон ва мустаҳкамкунандаи соҳилҳо бунёд карда мешаванд.

 

Моддаи 49. Талаботи экологӣ нисбати истифодаи маводи радиоактивӣ

1. Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, ки қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, кашонидан, истифодабарӣ, нобуд сохтан ва гӯронидани маводи радиоактивӣ (манбаъҳои иондори нурафкан ва маводи ядроӣ)-ро риоя кунанд, ба баланд гаштани меъёрҳои ҳадди ҷоизи  радиатсия роҳ надиҳанд, дар сурати баланд шудани он фавран ба мақомоти дахлдор, ки бехатарии радиатсиониро таъмин мекунанд, дар хусуси сатҳи баланди радиатсия, ки барои саломатии инсон ва уҳити зист хавфнок аст, хабар диҳанд, барои рафъи манбаъҳои заҳролудшавӣ тадбирҳо андешанд.

2. Корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва шаҳрвандоне, ки қоидаҳои муносибат бо маводи радиоактивиро риоя намекунанд, мувофиқи қарори мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳуқуқи истифодаи ин мавод маҳрум ё фаъолияташон оид ба истифодаи ин мавод то бартараф кардани норасоиҳо қатъ карда мешавад.

3. Ворид намудани партовҳо ва маводи радиоактивӣ, инчунин ҳамлу нақли (транзити) онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

 

Моддаи 50. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи маводи кимиёвӣ ва маводи дигар дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият

1. Корхонаю муассиса, ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, кашонидан ва ба кор бурдани маводи кимиёвӣ, воситаҳои ҳимояи растанӣ ва нумӯяи он, нуриҳои минералӣ, ки дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият истифода мешаванд, риоя кунанд, меъёрҳои муқарраршудаи истифодаи онҳоро риоя карда, барои пешгирии оқибати зарарноки онҳо ба муҳити зист, аз ҷумла ба саломатии инсон  чораҳо андешанд.

2. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар мувофиқа бо мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол рӯйхати мавод ва доруҳои кимиёвиеро, ки ба овардан ва истифода бурдани онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, тасдиқ менамояд. Ба воридот, истеҳсол ва истифодаи маводи эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ, инчунин маводи бори аввал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва истифодашаванда, баъд аз тадқиқи зарурии экологӣ ва токсикӣ-гигиенӣ, танзими гигиении муносибат бо онҳо, муқаррар намудани меъёрҳои токсикӣ-гигиенӣ ва экологӣ, бақайдгирии давлатии ин моддаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

3. Истифодаи маводи заҳрноки кимиёвии таҷзиянашаванда, ки ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст.

 4. Қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ба манфиати ҳифзи саломатии инсон аз таъсири маводи зарарноки кимиёвие, ки дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба кор бурда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар мувофиқа бо мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 51. Ҳифзи муҳити зист аз таъсири зарарноки биологӣ

1. Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифода додан ва истифодабарии корхонаҳо, иншооту объектҳои дигар, сарфи назар аз шаклҳои моликияту тобеият, ки ба муҳити зист таъсири биологӣ мерасонанд, бояд меъёрҳои ҳадди ҷоизи  ғилзати микробҳо дар муҳит, бемориҳои замбӯруғӣ, вирусҳо ва дигар микроорганизмҳо ва маводи биологии ба таври сунъӣ ҳосилкардашуда, ки онҳоро мақоми назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ тасдиқ менамояд, риоя карда шаванд.

2. Истеҳсол, парвариш ва дар муҳити зист ҷойгир кардани объектҳои биологии ба табиати маҳал бегона, аз ҷумла бо усули сунъӣ ҳосилшуда, инчунин истифодаи онҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ иҷозат дода мешавад.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба муҳити зист таъсири биологӣ мерасонанд ва ё имконияти чунин таъсиррасониро доранд, вазифадоранд истеҳсол, офаридан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифода ва нобуд кардани микроорганизмҳо ва маводи биологии аз ҷиҳати экологӣ безарарро таъмин намуда, ҷиҳати рафъи садамаву фалокатҳо, пешгирӣ ва барҳам додани оқибати таъсири зарарноки биологӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон ва фонди генетикии он чораҳо андешанд.

4. Мушоҳида, ба ҳисоб гирифтани манбаъҳо ва назорати дараҷаи таъсири биологӣ ба муҳити зист аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ сурат мегирад.

Моддаи 52. Ҳифзи муҳити зист аз садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсироти зарарноки физикӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки барои пешгирӣ ва рафъи садою ларзишҳои зарарноки истеҳсолӣ, таъсири манфии майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсироти зарарноки физикӣ дар биноҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ, истиқоматӣ, дар кӯчаҳо, ҳавлиҳо, майдонҳои шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои истироҳати аҳолӣ, ҷойҳои ҷамъшавии зиёди ҳайвонот ва паррандаҳои ваҳшӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

2. Барзиёдии аз меъёрҳои ҳадди ҷоизи дараҷаи таъсири садою ларзишҳои истеҳсолӣ ва нақлиётӣ, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва таъсири дигари зарарноки физикӣ ба саломатии инсон ва муҳити зист манъ аст. Тадбирҳое, ки риояи меъёрҳои мазкурро кафолат медиҳанд, ҳангоми тарҳкашӣ ва сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди корхонаҳо, коргоҳҳо, хатҳои технологӣ, бунёду азхудкунии техникаи нав, ҳангоми лоиҳакашӣ ва истифодабарии воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ, зеризаминӣ, обӣ ва ҳавоӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Моддаи 53. Ҳифзи муҳити зист ҳангоми муоимилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд барои ҷамъоварӣ, кашонидан, безараргардонӣ, коркард, истифода, анборкунӣ, гӯронидан, инчунин кам кардани пайдоиши партовҳои  истеҳсолӣ ва истеъмолӣ чораҳои самарабахш андешида, меъёру қоидаҳои амалкунандаи экологӣ, санитарӣ-гигиенӣ ва зиддиэпидемиявиро риоя намоянд. 

2.Партофтани партовҳои саноатӣ ва обҳои тозанашудаи канализатсия ба обанборҳои истифодаи умум, маҷроҳои селрав ва каналҳои обёрӣ, қабатҳои обрави зеризаминӣ, дар ҳудуди маҳалҳои истиқоматӣ, ҷангалзорҳо ва киштзорҳо манъ аст. Ҷойҳои анборкунӣ ва гӯронидани партовҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақоми назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва геология муайян карда мешаванд.

3. Гӯронидани партовҳои хатарнок, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, шафати шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои зичии аҳолиаш зиёд, дарёҳо, кӯлҳо, минтақаҳои осоишгоҳ, табобатию солимгардонӣ ва рекреатсионӣ, дигар ҷойҳое, ки ба саломатии инсон ва ҳолати муҳити зист метавонад хавф таҳдид намояд, манъ аст. Ҳама гуна намудҳои муомилот бо партовҳои хатарнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

4. Риоя накардани қоидаҳои мазкур боиси маҳдуд кардан ё боз доштани фаъолияти корхона ва дигар объектҳо то бартараф кардани вайронкорӣ мегардад.

Моддаи 54. Ҳифзи қабати озони атмосфера

Ҳифзи қабати озони атмосфера аз тағйироти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок тавассути танзими истеҳсол ва истифодабарии маводи вайронкунандаи қабати озони атмосфера тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

 

БОБИ 9. ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДАИ ЭКОЛОГӢ ВА МИНТАҚАҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ

 

Моддаи 55. Вазъияти фавқулоддаи экологӣ

1. Дар минтақаҳое, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари инсон ё таъсири харобиовари қувваи табиат вазъи номусоиди экологӣ ба вуҷуд омада, дар онҳо тағйирёбии ҷиддӣ ва устувори манфии муҳити зист барои ҳаёт ва саломатии одамон, нигоҳдории олами наботот ва ҳайвонот мушоҳида шудааст, вазъияти фавқулоддаи экологӣ эълон карда мешавад.

2. Ҳангоми вазъияти фавқулоддаи экологӣ ҳама гуна фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, боздошта мешавад ё кори корхона, муассиса, ташкилот, коргоҳ, агрегатҳо ва таҷҳизоте, ки ба саломатии инсон ва фонди генетикии он таъсири манфӣ мерасонад, маҳдуд карда мешавад, намудҳои алоҳидаи истифодаи табиат маҳдуд гашта, ҷиҳати барқарорсозӣ ва таҷдиди захираҳои табиӣ чорабиниҳои фаврӣ андешида мешаванд.

 

Моддаи 56. Минтақаҳои офати экологӣ

1. Минтақаҳои офати экологӣ маҳалҳои вазъи экологияшон фавқулоддае эълон карда мешаванд, ки дар онҳо дар натиҷаи вазъи номусоиди экологӣ ба муҳити зист, аз он ҷумла ба саломатии аҳолӣ зиёни зиёд расонида шудааст ва (ё) системаҳои табиии экологӣ ва муҳити зист хароб гаштаанд.

2. Дар минтақаҳои офати экологӣ фаъолияти объектҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои объектҳое, ки ба хизматрасонии аҳолии маскуни ин минтақа машғуланд, қатъ гашта, сохтмон ва азнавсозии объектҳои хоҷагидорӣ манъ карда мешавад, ҳама гуна намудҳои истифодаи табиат қатъиян маҳдуд гашта, барои барқарорсозӣ ва таҷдиди захираҳои табиӣ ва солимгардонии муҳити зист чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

3. Тадбирҳои солимгардонии минтақаҳои офати экологӣ дар навбати аввал аз ҳисоби корхона, муассиса, ташкилотҳое, ки бо айби онҳо садама ё фалокат рух додааст, инчунин аз ҳисоби маблағи мақсадноки буҷети давлатӣ ва фондҳои ҳифзи табиат маблағгузорӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 57. Пешгирии садама ва бартараф кардани оқибати зарарноки экологии он

1. Ҳангоми лоиҳакашӣ ва истифодаи объектҳои хоҷагии алоқаманд ба таъсири зарарнок ба муҳити зист, новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеият, тадбирҳои огоҳонӣ, пешгирӣ ва барҳам додани оқибати ба муҳити зист зараровари садама андешида мешаванд.

2. Бо мақсади эътинои самарабахш ба ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ, ки барои муҳити зист оқибати зараровар доранд, нақшаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар онҳо чораҳои сафарбаркунии қувваю воситаҳои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва аҳли ҷомеа якҷоя бо мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ пешбинӣ мегарданд, таҳия карда мешаванд.

3. Барои ҳалли масъалаҳои вазъияти фавқулоддаи экологӣ бо тартиби муқарраргардида комиссияҳои махсус таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 58. Тартиби эълон намудани вазъияти фавқулоддаи экологӣ ва минтақаҳои офати экологӣ

1. Вазъияти фавқулоддаи экологӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва маҳалҳои алоҳидаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад.

2. Сарҳадҳои минтақаҳои офати экологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 59. Ӯҳдадориҳои корхонаҳо оид ба омода будан барои рафъи оқибати экологии садама

Шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, ки дар ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ ба муҳити зист ва саломатии одамон метавонанд зиён расонанд, ӯҳдадоранд, ки:

- дар вазъияти фавқулоддаи экологӣ нақшаи амал дошта бошанд; 

- хадамоти махсуси  дорои восита ва захираҳои моддии барҳам додани оқибати ногувори вазъияти фавқулоддаи экологӣ таъсис дода, онҳоро дар ҳолати омодабоши доимӣ нигоҳ доранд.

 

БОБИ 10. ИТТИЛООТ ВА ОМОРИ ДАВЛАТӢ  ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 60. Иттилоот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

1. Иттилоот оид ба вазъи муҳити зист кушодаю ошкоро буда, аз тариқи воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

2. Пинҳон доштан, сари вақт пешниҳод накардан ё аз тарафи шахсони мансабдор пешниҳод кардани маълумоти нодурусти соҳаи ҳифзи муҳити зист манъ аст.

 

Моддаи 61. Омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

1. Омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақомоти ваколатдори омори давлатӣ гузаронида мешавад.

2. Маълумоти оморӣ ба мақомоти омори давлатӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳаҷми муайян ва мӯҳлати муқарраршуда дар шакли ҳисоботи омори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

3. Таркиби минималии нишондиҳандаҳои ҳисоботи омори давлатӣ ва тартиби омордории давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

 

БОБИ 11. МИНТАҚАҲОИ ТАБИӢ ВА ОБЪЕКТҲОЕ, КИ МАХСУС МУҲОФИЗАТ КАРДА МЕШАВАНД

 

Моддаи 62. Фонди мамнӯъгоҳҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

1. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, аз ҷумла мамнӯъгоҳҳои биосферӣ, парваришгоҳҳои табиӣ, паркҳои табиии миллӣ, ёдгориҳои табиӣ, ҳайвоноту растаниҳои нодире, ки хавфи аз байн рафтан дошта, ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, Фонди мамнӯъгоҳҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, аз тарафи давлат бо назардошти манфиати наслҳои имрӯза ва оянда махсус ҳифз карда мешаванд.

2. Фонди мамнӯъгоҳҳои табиӣ дар тобеъият ва идоракунии мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист қарор дорад. Тартиби ташкил, низоми ҳифз ва истифодабарӣ, шартҳои фаъолияти мавзеъҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин шартҳои фаъолияти хоҷагии аҳолии дар ин мавзеъҳо истиқоматкунандаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда" муқаррар менамояд.

3. Гирифтани заминҳои фонди мамнӯъгоҳҳои табиӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, манъ мебошад.

4. Заминҳое, ки дар ҳудуди онҳо объектҳои табиии дорои аҳамияти хоси ҳифзи табиат, илмӣ, таърихию фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ, солимгардонӣ ва дорои аҳамияти дигари пурарзиш ҷой гирифтаанд, таҳти муҳофизати махсус буда, онҳоро ба иҷора додан манъ аст.

 

Моддаи 63. Муҳофизати растаниву ҳайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд

1. Барои ҳифзи растаниву ҳайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

2. Растанӣ ва ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, бе истисно аз истифодаи хоҷагидорӣ ва истифодаи дигар гирифта мешаванд.

3. Фаъолияте, ки боиси кам шудани ин намуди растанӣ ва ҳайвонот, бадшавии вазъи муҳити сукунати  онҳо мегардад, манъ мебошад.

4. Корхона, муассиса, ташкилот ва дигар истифодабарандагони замин, ки дар ҳудуди онҳо ҳайвоноту растаниҳои мансуб ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, барои ҳифз ва зиёд намудани намудҳои ин ҳайвоноту растаниҳо бояд тадбирҳо андешанд.

5. Тартиби ҳифзи растанӣ ва ҳайвонот ва дигар организмҳои нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, тартиби ҷорӣ кардани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла тартиби нигоҳдории фонди генетикии онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифз ва истифодаи олами набототу ҳайвонот муқаррар мекунанд.

6. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан, аз он берун баровардан ва ҳамлу нақл (транзит) тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон, муомилоти растанӣ, ҳайвонот ва дигар организмҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта, намудҳои махсусан пурарзиши онҳо, инчунин узвҳои онҳо, маҳсулоти фаъолияти ҳаётӣ ва хосиятҳои фоиданоки онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

Моддаи 64. Ҳифзи Фонди сабзи мавзеъҳои аҳолинишин

1. Фонди сабзи мавзеъҳои аҳолинишин  аз маҷмӯи минтақаҳои кабудизоршуда, аз ҷумла минтақаҳои дарахтзору буттазор ва алафзор иборат мебошад. 

2. Ҳифзи Фонди сабзи мавзеъҳои аҳолинишин системаи чорабиниҳои таъминкунандаи ҳифз ва рушди Фонди сабзро, ки барои мӯътадил гардонидани вазъи экологӣ ва ташкили муҳити мусоиди зист заруранд, пешбинӣ мекунад.

3. Дар минтақаҳои марбут ба Фонди сабз анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба минтақаҳои мазкур зарар мерасонанд ва иҷрои вазифаҳои таъиноти экологӣ, санитарию гигиенӣ ва рекреатсиониро халалдор месозад, манъ аст.

4. Танзими давлатӣ дар соҳаи ҳифзи Фонди сабзи мавзеъҳои аҳолинишин аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 12. СИСТЕМАИ МУШОҲИДАИ ВАЗЪИ МУҲИТИ ЗИСТ

Моддаи 65. Мониторинги давлатии муҳити зист

1. Мониторинги давлатии муҳити зист (мониторинги экологии давлатӣ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мушоҳидаи вазъи муҳити зист, аз ҷумла вазъи муҳити зисти минтақаҳои ҷойгиршавии манбаъҳои таъсири антропогенӣ ва таъсири ин манбаъҳо ба муҳити зист, инчунин бо мақсади таъмини талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумоти дақиқ ва сари вақт ба нақша гирифтани чорабиниҳои пешгирӣ, рафъ ва ё кам кардани оқибати ногувори тағйирёбии вазъи муҳити зист анҷом дода мешавад.

2. Тартиби ташкил ва гузаронидани мониторинги давлатии муҳити зист (мониторинги экологии давлатӣ) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

3. Маълумот оид ба вазъи муҳити зист ва тағйироти он, ки дар натиҷаи гузаронидани мониторинги давлатии муҳити зист (мониторинги экологии давлатӣ) ба даст омадааст, аз ҷониби мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва қабули қарорҳои дахлдор, таҳияи барномаҳои давлатӣ ва мақсаднок, консепсия, стратегия ва нақшаҳои амалии онҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист истифода бурда мешаванд.  

 

Моддаи 66. Бақайдгирии давлатии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд

1. Бақайдгирии давлатии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади танзими давлатии фаъолият оид ба ҳифзи табиат, инчунин банақшагирии ҷорӣ ва дурнамои чорабиниҳои кам кардани таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист анҷом дода мешавад.

2. Объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд ва маълумот оид ба таъсири онҳо ба муҳити зист мавриди бақайдгирии омории давлатӣ  қарор дода мешаванд.

3. Бақайдгирии давлатии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, инчунин арзёбии ин таъсир ба муҳити зист бо тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамуда анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 13. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 67. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

1. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз таъмини иҷрои қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла талаботи меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷониби мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин таъмини амнияти экологӣ иборат мебошанд.

2. Системаи назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз назорати давлатӣ, идоравӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ иборат мебошад.

 

Моддаи 68. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 69. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист

1. Нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраршуда:

- бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият ва объектҳои ба онҳо тааллуқдошта, аз ҷумла объектҳои таҳти муҳофизати давлат қарордошта, объектҳои мудофиа, объектҳои мудофиаи гражданӣ бе монеа ворид шаванд, бо ҳуҷҷатҳо, таҳлилҳои лабораторӣ ва дигар  ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои бевоситаи онҳо заруранд, шинос шаванд;

- риояи меъёрҳо, стандартҳои давлатӣ ва талаботи дигари ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист, кори иншоотҳои партовтозакунӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти безараргардонӣ, воситаҳои азорат, инчунин иҷрои нақшаву чорабиниҳои ҳифзи муҳити зистро мавриди санҷиш қарор диҳанд;

- риояи талабот, меъёр ва қоидаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зистро ҳангоми ҷойгиронӣ, сохтан, ба истифода додан, истифода бурдан ва аз истифода баровардани объектҳои истеҳсолӣ ва дигар объектҳо мавриди санҷиш қарор диҳанд;

- иҷрои талаботи дар хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ нишондодашударо санҷанд;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбати бартараф кардани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ҳангоми анҷом додани назорати экологӣ муайян карда шудаанд, иддао пешниҳод кунанд ва амрҳои иҷроишашон ҳатмӣ диҳанд; 

- шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, ба мақомоти салоҳиятдор ва шахсони мансабдор барои ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашидани онҳо мавод фиристанд, оид ба рӯёнидани товони зарари ба муҳити зист ё саломатии инсон бинобар вайрон кардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист расонидашуда ба мақомоти судӣ, даъво пешниҳод намоянд;

- ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя накардани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари онҳоро муваққатан боздоранд. Дар асоси қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолият муассисаҳои бонкӣ то аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бекор кардани чунин қарорҳо маблағгузории фаъолияти боздошташударо қатъ менамоянд;

- либосҳои махсуси дорои аломатҳои фарқкунанда пӯшанд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳангоми адои вазифаи хизматӣ бо худ яроқи оташфишон ва воситаҳои махсус гиранд, маҳфуз доранд ва истифода баранд;

- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом диҳанд.

2. Нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист ӯҳдадоранд: 

- қонуншиканиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешгирӣ кунанд, муайян созанд ва барҳам диҳанд;

- ба вайронкунандагони қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонанд;

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд.

3. Нисбати қарорҳои нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.

4. Нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳти ҳимояи давлат мебошанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

 

Моддаи 70. Назорати идоравӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

1. Назорати идоравиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист вазорату идораҳо ва назорати истеҳсолиро ташкилоту корхонаҳо анҷом медиҳанд ва вазифаи онҳо санҷиши иҷрои нақшаву тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зист, риояи меъёрҳои  сифати муҳити зист, талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва амрияҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад.

2. Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати идоравӣ ва истеҳсолӣ мутобиқи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идора ва ташкилотҳо танзим мегардад.

 

Моддаи 71. Назорати экологии ҷамъиятӣ

1. Назорати экологии ҷамъиятӣ аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ташаббуси худи онҳо ё дар асоси шартномаҳо бо истифодабарандагони табиат ва ё мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад ва мақсади он амалӣ сохтани ҳуқуқии ҳар як шахс ба муҳити мусоиди зист,  пешгирӣ ва барҳам додани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад.   

2. Назорати экологии ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  танзим карда мешавад.

3. Натиҷаҳои назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод шудаанд, бояд ҳатман муҳокима ва мавриди эътино қарор дода шаванд. 

 

Моддаи 72. Назорат дар  соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 

Назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 14. АУДИТИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 73. Фаъолияти аудитии экологӣ

1. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани аудити экологии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҳатмӣ мебошад. Аудити экологӣ дар асоси шартнома бо фармоишгар аз ҷониби аудиторони мустақил ва ташкилотҳои аудиторӣ гузаронида мешавад. 

2. Аудити экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. 

Моддаи 74. Тартиби гузаронидани аудити экологӣ

Тартиб ва шартҳои фаъолияти аудиторӣ, аттестатсияи аудиторҳо, гузаронидани аудити экологӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудиторони экологӣ ва ташкилотҳои аудиториро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

БОБИ 15.  ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ ЭКОЛОГӢ

 

Моддаи 75. Таълиму тарбияи умумӣ, маҷмӯӣ ва мунтазами экологӣ

1. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа ва тайёрии касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист системаи умумӣ ва комплексии таълиму тарбияи экологӣ ҷорӣ карда мешавад, ки он дар худ таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин интишори донишҳои экологӣ, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, осорхонаҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои варзишӣ ва туризмро фаро мегирад.

2. Тартиби ташкил ва амалӣ сохтани таълиму тарбияи экологиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ" танзим менамояд.

 

Моддаи 76. Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи муҳити зист

1. Вазифаҳои асосии таҳқиқот ва кашфиёти илмӣ дар соҳаи муҳити зист таъмини рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ба низом даровардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва солимгардонии муҳити зист мебошад. 

2. Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мақсадҳои зерин гузаронида мешаванд:

- таҳияи консепсия, дурнамоҳои илмӣ ва нақшаҳои ҳифз ва барқарорсозии муҳити зист;

- арзёбии натиҷаҳои таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо ба муҳити зист;

- такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тартиб додани меъёрҳо, стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- таҳия ва такмили нишондиҳандаҳои арзёбии маҷмӯии зарар ба муҳити зист, тарз ва усулҳои муайян намудани онҳо;

- ихтироъ ва таҳияи технологияҳои беҳтарин дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

- таҳияи барномаҳои офиятбахшии минтақаҳое, ки ҳамчун минтақаҳои офати табиӣ дониста шудаанд; 

- таҳияи чорабиниҳои ҳифз ва рушди иқтидорҳои табиӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;    

- дигар мақсадҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист.

 

БОБИ 16. ҶУБРОНИ ТОВОНИ ЗАРАРИ БА МУҲИТИ ЗИСТ РАСИДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 77. Ӯҳдадории ҷуброн намудани товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист расонида шудааст

Корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, дигар субъектҳои хоҷагидор ва шаҳрвандоне, ки ба муҳити зист бинобар ифлос кардан, хароб ва нобуд сохтани он, исрофкорона истифода бурдани захираҳои табиӣ, хароб кардани системаҳо, комплексҳо ва ландшафтҳои табиии экологӣ бинобар вайрон кардани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист зарар расонидаанд, ӯҳдадоранд мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон товони зарарро ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 78. Тартиби ҷуброни товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист  расонида шудааст

1. Товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ ба муҳити зист расонида шудааст, ихтиёран ё бо қарори суд тибқи андозаи пардохти маблағҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардида ва усулҳои ҳисоб кардани онҳо, дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо  бошад, тибқи хароҷоти воқеии барои барқарор сохтани ҳолати харобгаштаи муҳити зист, бо назардошти зарари расонидашуда, аз ҷумла фоидаи аз дастдода ҷуброн карда мешавад.

2. Дар асоси қарори суд зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ ба муҳити зист расонида шудааст, метавонад бо роҳи ба зиммаи  ҷавобгар гузоштани ӯҳдадориҳои вобаста ба барқарорсозии ҳолати зарардидаи муҳити зист аз ҳисоби маблағи ӯ, мутобиқи лоиҳаи корҳои барқарорсозӣ ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 79. Ҷуброни товони зараре, ки ба шаҳрвандон аз таъсири номусоиди муҳити зист расидааст

1. Товони зараре, ки ба саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон дар натиҷаи таъсири номусоиди фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ё шаҳрвандони алоҳида ба муҳити зист расидааст, дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.

2. Товони зарар мувофиқи қарори суд дар асоси даъвои шахси зарардида, аъзои оилаи ӯ, прокурор, мақомоти ба ин ваколатдори идораи давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба манфиати  шахси зарардида ҷуброн карда мешавад.

3. Товони зарари ба шаҳрвандон дар натиҷаи садамаҳои калон ё фалокатҳо, ҳамчунин офатҳои табиӣ расонидашуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. 

 

Моддаи 80. Даъвоҳо дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарнок

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд ба суд дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, ки ба саломатӣ ва молу мулки онҳо, аз он ҷумла ба муҳити зист осеб мерасонанд, даъво пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 81.Тартиби ҳалли баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

БОБИ 17.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи  82. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад. 

 

Моддаи 83. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории умҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 84. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи ҳифзи табиат" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №2, мод 36; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 48; с. 1997, № 23-24, мод. 333, с. 2002, № 4, қ.1, мод. 245; с. 2002, №11, мод. 708; с. 2004, №7, мод. 465; с. 2007, №6, мод. 440) аз эътибор соқит  дониста шавад.

 

Моддаи 85. Тартиби мавриди амал  қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           ЭмомалӢ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011 № 760

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.