Все статьи
29 August 2020
Саҳми ҷавонон дар ободии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат ба истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров дар сойи Хоҷабоқирғони ҷамоати деҳоти Ғозиён аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо иштироки сокинони ҷамоат, бахусус ҷавонони ташаббускори ихтиёрӣ, ки дар ободии муҳити зист бетараф нестанд, новобаста аз рӯзҳои корӣ доир гардида, сой аз ҳаргуна партовҳои гуногуни маишӣ пурра тоза гардид. Дар натиҷа 2 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат, бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод аз тарафи кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёти мазкур 30 адад воситаҳои нақлиёт, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда мавҷуд мебошад аз ташхис гузаронида шуд.
25 August 2020
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад…
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Субҳи имрӯз сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ҳашар баромада, ду тарафи роҳи Бӯстон - Азизобод, ки ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон ва Палдоракро ба маркази ноҳия мепайвандад, аз алафу хошок тозаву озода намуданд. Чунин кори наҷиб дар доираи ҳашари умуми ноҳиявӣ, ки дар Мастчоҳ ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидааст, сурат гирифта, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳоли мусоидат менамояд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 400 нафар кормандони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Дар давоми аксия 1120 метр ҷуйборҳо тоза карда шуда, зиёда аз 3500 бех гулҳо шинонида шуда, 450 бех дарахтон сафед карда шуд. Ба партовгоҳи ноҳия 6,7 м3 партовҳо бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки беш аз 650 нафар ҳашарчиён аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Рафти аксия 500 метр ҷуйборҳо ва 2000 метр қадди роҳҳо, 500 метр заҳбуру каналҳо тоза карда шуданд. Дар натиҷаи аксия 26 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Панҷакент бо тантана 5500 солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани љашни мазкур дар ин минтақа корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Бо баробари гузаронидани хашару шанбегиҳо дар шаҳри Панҷакент инчунин бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ дар мамнунъоҳи Саразми бостонӣ 15 бех дарахти бед шинонида шуда дигар корҳои ободонӣ идома дорад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, бахшида ба ҷашнҳои дар пешистода дар ноҳия ксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия сокинони маҳаллаҳо, кормандони ташкилоту идораҳо ҳамагӣ 420 нафар иштирок доштанд. Рафти аксия кӯчаҳои марказии ноҳия бо истифодаи 1 адад техника тоза карда шуда, 5 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии махал ва роҳ» дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Санаи 22 август дар шаҳри Истаравшан аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» бо иштироки дастҷамъонаи қариб 1,5 ҳазор аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо доир гардид. Ҷараёни аксия 2400 метр ҷуйбор тоза карда шуда, роҳравҳо ба масоҳати 2 ҳазор метр таъмир гардид Инчунин ба партовгоҳи шаҳр 16,5 м3 партов бароварда шуд.
Шанбегӣ дар ноҳияи Б.Гафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки кормандони хамаи сохторҳои ноҳия новобаста аз рӯзи корӣ баргузор шуд. Дар аксия 1065 нафар иштирок намуда, ҳудуд ба масофаи 12594 м2 ва қадди роҳҳо 15770 м. тоза карда шуд. Ба партовгоҳи ноҳия 31,4 м3 партов бароварда шуд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар ноҳияи Ҷ.Расулов амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.
Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.


