Все статьи
11 October 2016
Иҷроиши ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон дар ҳавзаи Сирдарё
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 7 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи маркази таълимии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Гуруҳи кории Иҷроиши ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон дар ҳавзаи Сирдарё чорабинӣ доир намуд.
Дар он масъалаҳои ислоҳоти бахши об дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи амалии Барномаи ислоҳот, банақшагирии ҳавзавӣ дар қисми тоҷикистонии Сирдарё, ҳамзамон давраву таҳлили ҳавза, лоиҳаҳои шарикии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, танзими ҳавзаи дарёи Зарафшон аз тарафи Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ташаббуси хонандагони мактаби Гёте
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Хонандагони синфи 10 «Б»-и гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтанд, ки дар ҳифзи муҳити зист саҳм гиранд. Дар ибтидо онҳо партовҳоро ба гуруҳҳо ҷудо намуданро омӯхта, дигаронро низ ба ин кор талқин намуданд. Агар партовҳоро насӯзанд, обу ҳаво ва хок ифлос намешавад. Дар мактаб ба ҳар як синф зарфҳои ранга гузоштанд: зардаш - барои маводҳои пластикӣ, кабудаш –барои коғазпора ва хокистарранг - барои компост. Байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар муддати кӯтоҳ ба онҳо муяссар шуд, ки 30 кг коғазпораро ҷамъоварӣ намуда барои коркард супоранд ва ҳоло аз паи ҷамъоварии фулузот ва пластика мебошанд.
Маъракаи хатнасур дар ш.Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дастгирии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат таҳти ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат баъд аз ифтитоҳи бинои нави бахш ва ҷаласаи ҷамъбастии Раёсат бо ибтикори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд дар тарабхонаи “Сино”-и шаҳри Панҷакент хатнасур карда шуданд.
07 October 2016
Иштироки Раиси Кумита дар ифтитоҳи бинои нав дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Баъд аз қисми расмии ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темурҷон Нӯмонзода дар назди бино бо мақсади сарсабзии ҳамешагии ин мавзеъ ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинониданд.
Қадрдонӣ бо мукофотҳои соҳавӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар қисми ифтитоҳи бинои нави бахши ш.Панҷакент аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқ мудири бахш Иноятов У., ки ба нафақа баромад нишони сарисинагии “Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист” супорида шуд.
Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои соҳавӣ - нишони сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» ба мудирони бахшҳои ноҳияҳои Мастчоҳ Шохоҷаев Ҳасанхоҷа ва Айнӣ Халилов Шараф, мутахассиси пешбари бахши н.Ч.Расулов Ҳасанов Улуғбек супорида шуд. Ғайр аз он, сардори Раёсат Темурҷон Нӯмонзода, сардорони шӯъбаҳои Раёсат Раупов Даврон ва Самадов Алишер бо ифтихорномаи Раиси Кумита сарфароз гардонида шуданд.
Ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Дар маҷлисгоҳи бахши ш.Панҷакент бо иштироки Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар давоми ҷаласа баъд аз ҳисоботи сардори Раёсат ва баромадҳои сардорони шӯъбаҳою мудирони бахшҳои шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Раиси Кумита пурсиш ба амал оварда шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дастуру супоришҳо дода шуд. Дар ҷаласа фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Айнӣ, Конибодом ва Спитамен қайд гардид.
Ифтитоҳи бинои нави бахши ш.Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 5 октябри соли равон ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ баргузор гардид.
Бинои мазкур дар муддати нуҳ моҳ дар майдони 800 м2 сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он аз се ошёна, 8 ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ, ки минбаъд ҳамчун маркази бозомӯзӣ фаъолият мебарад ва меҳмонхона дар ошёнаи сеюм иборат мебошад.
04 October 2016
4 октябр Рӯзи Умумибашарии ҳайвонот – санаи экологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Рӯзи 4 октябр дар бисёрии давлатҳои дунё – Рӯзи байналхалқии ҳайвонот қайд карда мешавад. Ин санаи таърихии экологӣ буда, аввалин маротиба дар Конгресси байналхалқии тарафдорони ҳаракати ҳифзи табиат, ки дар шаҳри Флоренсияи давлати Итолиё соли 1931 баргузор шуда буд, қарор қабул карда шудааст. Ин сана беҳуда 4 октябр кабул нашудааст, зеро ин рӯз ҳамчун рӯзи хотираи католики муқаддас Франсиско Ассиск мебошад, ки ӯро ҳамчун сарпарастори олами ҳайвонот маҳсуб мешуморанд. Ба муносибати ин рӯз дар бисёрии масҷидҳои давлатҳои католики башарият хизматрасонӣ карда мешавад. Инчунин бахшида ба ин рӯз дар аксарияти давлатҳои дунё чорабиниҳои гуногуни оммавӣ гузаронида мешавад.
Ин беҳуда нест, зеро дар рӯи замин намудҳои гуногуни ҳайвонот ҳаёт ба сар мебаранд, ки барои инсон аҳамияти калон доранд.
Масоили инъикоси самараноки вазъи муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри Гулистон бо ибтикори Internewsбарои мураббиён дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Васоити ахбори умум барои инъикоси масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» аз санаи 29 сентябр то 3 октябри соли равон машваратҳо баргузор гардид. Зимнан дар он мавзӯоти сиёсати байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, журналистикаи мултимедиавӣ усулҳои нави додани иттилоот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
27 September 2016
Мулоқот бо вакил ва семинар дар маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон бо иштироки раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Халилов ва Н.Назирова баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» доир гардид. Дар рафти муҳокима аз тарафи меҳмонон маълумоти мукаммал дар бораи лоиҳаи қонун пешниҳод гардида, аз тарафи мутахассисони Раёсат ба баъзе моддаҳо таклифҳо пешниҳод карда шуда, дар мӯҳлати муайянгашта пешкаши шакли хаттии он тавсия гардид.


