Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ

  Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 14 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад. Имрӯз беш аз 300 миллион нафар одамон Наврӯзро дар саросари ҷаҳон ҳамасола чун иди эҳёи табиат қайд мекунанд. Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст.

Барномаи телевизионӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

 Тибқи нақшаи иштирок ва баромади аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони вилоят ва дигар сохтору мақомотҳои давлатӣ барои соли 2024 тавассути телевизиони вилояти Суғд, дар барномаи «Гуфтугӯи мустақим» 2 нафар сардорони шуъба ва 2 нафар сармутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят иштирок намуданд. Барнома дар мавзӯи «Вазъи экологии вилоят ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ» ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бахшида шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки ташкили чунин барномаҳо барои рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифатиэкологииаҳолӣсаҳми назаррас доранд.

Баргузории вохӯриҳо баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ

Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» бо хонандагону омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 6 муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол ва дар 4 муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров вохӯриҳо ташкил гардид. Боиси қайд аст, ки оғоз аз соли 2022 бо аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимии мазкур ҳамкории мунтазам дар доираи амалигардонии Барномаи давлатӣ ба миён омада, як қатор чорабиниҳои гуногуни ба баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологӣ нигаронида гузаронида шудааст.

Табрикоти бонувони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 8 март – Рўзи Модар

  Бахшида ба 8 март - Рўзи Модар  дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат маҷлиси тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳа ва кормандон баргузор гардид. Сардори сарраёсат Холзода Суҳроб   бо суханони табрикотӣ қайд намуд, ки ин санаи муқаддас бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Ҳамзамон рафти маҷлис доир ба рисолати зан - модар, мавқеи фаъоли зан дар ҷомеа ва дастгирии доимии ташаббусҳои занону бонувон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ  таъкид гардид. Дар интиҳо сардори Сарраёсат Холзода Сӯҳроб ба собиқадорони соҳа ва  бонувони мақомоти ҳифзи муҳити зист, ки дар пешрафти соҳа фаъолият мебаранд, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.