Все статьи

29 Июль 2020

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон

   Баҳри иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шаҳр  амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт  28 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

28 Июль 2020

Нишасти матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  27 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Ризқофарин», «Паёми Суғд», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Сугднюс», «Спутник», «Фараж»,  телевизионҳои  ШТР «Азия»,  ТВ  Суғд, дар маҷмўъ 17 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2020 дастрас гардид.

Читать далее

Шанбегӣ дар ноҳияи Зафаробод «Тозагии маҳал»

 Ҷиҳати амалигардонии накшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 85 нафар иштирокчиён ҳудуди кӯчаю хиёбонҳо, ҷуйбору роҳравҳо ва  боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи С.Айниро аз партовҳо тоза намуданд.

Читать далее

Семинари омӯзишӣ дар самти қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист

 Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи супориши раиси Кумита Шерализода Б.А. дар  Маркази  бозомӯзии шаҳри Гулистон  бо  иштироки сардорони шуъбаҳои Кумита Судуров С., Шукуров И., Мардонов М., Шамсиддинов Х. семинари бозомӯзӣ доир гардида, дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд. Рафти семинар оид ба қоидаҳои  гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар мақомоти ҳифзи муҳити зист, моҳияти кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, № 1668 ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи моддаи 27 кодекси мазкур доир ба пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи замин, КФМУ ва муомилот бо партовҳо ва тартиби ҳисоб намудани пардохтҳо, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи олами набототу

Читать далее

24 Июль 2020

Идомаи корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд

 Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои  миллӣ  ва  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд  вусъат ёфта истодааст. Бо мақсади  тозаву обод нигоҳ доштаникӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар кӯчаи  Султон Умар аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳр  қадди роҳ аз алафҳои  бегона тоза карда шуд. Корҳои мазкур аз ҷониби масъулон мунтазам гузаронида мешавад.

Читать далее

Назорати иҷрои талаботи қонунгузории соҳа

     Аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар деҳаи Қурғончаи ҷамоати деҳоти Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Б.Ғафуров ошкор гардид, ки аз ҷониби шахрванд Бобоҷонов Н. талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»  ва моддаи 14-и  Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон гардидааст. Шаҳрванд Бобоҷонов  Н. бо нақлиёти худ, тамгаи ГАЗ-66, ки бо таҷҳизоти барои пармакунии чоҳи амудӣ таҷҳизонида шудааст, бе хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ бо пармакунӣ барои гирифтани об машғул буда, дар натиҷа барои қонунвайронкунӣ бо дастрасии моддаи 219 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Бӯстон

     Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ, ба истиқболи сазовори  30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия  кормандони соҳаи тандурустӣ ва раёсати хоҷагии манзиливу коммуналӣ кӯли шаҳриро пурра аз алафҳои  бегона, партовҳои ҳархела тоза карда,  5 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Баргузории аксияҳо то ҷашнҳои миллӣ мунтазам идома дода мешавад.

Читать далее

Ҳифзи олами ҳайвоноти нодир

 Тибқи иҷрои нақшаи корӣ, пурзӯр намудани назорати ҳифзи олами ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи  Деваштич  бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, амалиёти фаврӣ гузаронида шуд.Рафти амалиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ҳангоми фурӯши ғайриқонунии мори печон сокини деҳаи Хӯҷа Тоҳир, ҷамоати деҳоти Яхтан Амонов Оламгир ошкор гардида, нисбаташ  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

    Боиси қайд аст, ки мори печон  як навъ мори безаҳр буда, дар дашт маскун аст. Зоҳиран кӯрморро мемонад, бинобар ин мардуми таҳҷойи онро барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа миқдораш солҳои охир кам шуда, ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст.

Читать далее

22 Июль 2020

Тоза намудани дарёи Сир

  Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд баён доштанд, амалӣ  намудани тадбирҳо ҷиҳати ба тартиб даровардани соҳилҳои дарёи Сир бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корҳои дарётозакунӣ аз қамиш ва растаниҳои номувофиқ аз пули «Ҷашнӣ» то пули марказии шаҳри Хуҷанд  оғоз ёфт. Бо истифодаи 2 адад  қаиқ ва 10 нафар кормандони корхонаи ободонӣ  соҳили дарё аз қамиш тоза карда шуда, корҳои мазкур дар ҳолати паст шудани сатҳи оби дарёи Сир пешбинӣ гардидааст. Тоза намудани дарё дар соҳили рост низ ба нақша гирифта шудааст.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич

   Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар  ноҳияи  Деваштич  амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 22 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.