Все статьи

23 Январь 2025

Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии давлатии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар  шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ ноҳияи Ҷаббор  Расулов аксияи «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардид. Дар он баробари кормандони бахши ҳифзи муҳити зист сокинони ҷамоату деҳот, ҳашарчиён зиёда аз 400 нафар иштирок намуда, қадди шоҳроҳ аз партовҳои гуногун тоза ва 8 метри мукааб партовҳои гуногун бароварда шуд. Ҳамзамон, баҳри татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, сокинони ҷамоату деҳот, фаъолон  дар қадди шоҳроҳ беш  аз 200 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуд. Соли равон тибқинақшадарноҳия  шинонидани 36 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣдарназараст.

Читать далее

Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд. И.в Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин таъкид намуд, ки дар соли 2025 тибқи нақша дар шаҳр бояд беш аз ҳашт ҳазор бех дарахт шинонида шавад ва бояд аз фазои мусоид истифода намуда, барои зебову хуррам намудани шаҳр ҳар чи бештар ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз шинонида шавад.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон

  Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  дар миқёси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади барқарор намудани хатҳои муҳофизатии ҷангал (лесополоса), хатҳои муҳофизати ҳамшафатии шоҳроҳҳо   дар қадди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳристон     Ғафурзода Р. ва муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Б.А. маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ ниҳолҳои гуногун, ба монанди ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз 300 бех, бодом – 175 бех, каталпа – 100 бех,  қайроғоч – 100 бех, ҷигда – 125, ниҳоли олуча ва олучаи куҳӣ -  300 бех шинонида шуд.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Деваштич

 Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, бо иштироки кормандони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич минтақаи Даҳанасой   корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ маҳсулотҳо ба монанди картошка, резаи гандум, ҷав ва ҷуворимакка, намак, сабзӣ, карам, бастаи беда ва коҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.

Читать далее

18 Январь 2025

Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон

  Санаи 17.01.2025 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳативу фароғатӣ аст ва ҳамарӯза меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид. Дар рафти баргузории аксияи мазкур соҳили баҳр аз партовҳо тозаву озода карда шуд.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон

  Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, бо иштироки кормандони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон  минтақаи “Дараи сабз”  корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ маҳсулотҳо  ба монанди картошка, резаи гандум, ҷав ва ҷуворимакка, намак, сабзӣ, карам, бастаибедавакоҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд. Ҳангоми  сард омадани ҳаво дар дигар минтақаҳои баландкӯҳи вилоят гузаронидани корҳои биотехникӣ пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

17 Январь 2025

Мизи мудаввар оид ба раванди фаъолияти «Нозирони сабз» дар татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»

  Дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мизи мудаввар барпо гардид. Мизи мудавари мазкур дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабинҳоитатбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади шинос намудани намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада бо фаъолияти «Нозирони сабз», инчунин бо нақшаҳои минбаъдаи корӣ барои соли 2025 гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки чорабинӣ дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо ҷалби сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ташкил гардида, ба иштирокдорон дар бораи рафти татбиқи Барномаи давлатӣ дар солҳои 2021 - 2024 ва нақшаҳо барои соли ҷамъбастии 2025, презентатсияҳо доир ба фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, фаъолияти «Нозирони сабз» дар соли 2024 ва нақшаи чорабиниҳои онҳо барои соли 2025 – 2026, дар бораи эълони озмуни «Омӯзгори беҳтарини «Нозирони сабз» байни омӯзгорони муассисаҳои таълимии бо раванди «Нозирони сабз» фаъолиятдошта ва Низомномаи озмун, моҳияти дарсҳои иловагӣ барои аъзоёни «Нозирони сабз» ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ маълумот пешниҳод гардид.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Спитамен

  Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва қарори раиси вилояти Суғд дар миқёси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар доираи чунин маърака дар ҷамоатҳои шаҳраки Навкат, ҷамоати деҳоти Сарбанд, Куруш ваТағояк  воқеъ дар қади шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ зиёда аз 350 бех навниҳолони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Тибқи нақшаи тасдиқгашта дар ноҳияи Спитамен  соли 2025 шинонидани 24 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ, мевадиҳанда пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод

  Баҳри кабудизоркунӣ ва ободонии диёр, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, собиқадорон, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо  200 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, аз он ҷумла 100 бех сановбар ва 100 бех арчаи шарқӣ шинониданд. Соли равон тибқи нақша дар ноҳия шинонидани 40 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар назар аст.

Читать далее

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад дар  шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист бо ҷалби 3 адад техника  партови бесоҳиб бартараф карда шуда, беш аз 214 м3 партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол ва ҷойгиронида  шуд.Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.