Все статьи
06 Февраль 2017
Эълон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
- Сардори Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1334,80 сомонӣ; (категорияи сеюм)
- сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, маоши мансаби 894,40 сомонӣ; (категорияи панҷум)
- мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, маоши мансаби 769,60 сомонӣ; (категорияи шашум)
- мутахассиси шуъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 634,40 сомонӣ; (категорияи ҳафтум)
02 Февраль 2017
Мурғи ҳилоли тибетӣ – паррандаи соли 2017
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Мурғи ҳилоли тибетӣ паррандаи хоси муқимии баландкӯҳҳои Помири Шарқӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Вахон, Сарикӯл ва Аличури Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Ин парранда намояндаи калонҷуссаи тазарвҳо буда, вазни фардҳои болиғи он аз 2 то 3 кг-ро ташкил медиҳад. Муҳити хоси сукунати мурғи ҳилол минтақаҳои баландкӯҳи дорои нишебиҳои серхарсангу марғзорҳои алпӣ, ки дар баландиҳои 3600-5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, ба шумор меравад. Мавҷудияти сарчашмаҳои обӣ яке аз шартҳои асосии сукунатгоҳи ин парранда маҳсуб меёбад. Ғизои мурғи ҳилол растаниҳои марғзори алпӣ ва ҳашароти хурд мебошанд. Мурғи ҳилол паррандаи сернасл буда, аз 6 то 15 тухм мегузорад. Саршумори умумии ин парранда дар Помири Шарқӣ тақрибан 400 сарро ташкил медиҳад.
Эълони озмун байни мактаббачагон дар мавзӯи «Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои зулол»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба ифтихори 22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии об, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ озмуни вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон –сарчашмаи обҳои зулол» эълон менамояд. Озмун дар байни хонандагони синфҳои 6-8, 7-11 бо 3 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Сурати беҳтарин» ва «Рӯзномаи девории беҳтарин» гузаронида мешавад. Қабули маводҳо то санаи 5 марти соли 2017.
Дастрас намудани низомномаи эълон
Телефон барои маълумот 4-39-27
2 феврал – Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.
Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд.
Семинарҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимии ш.Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Моҳи январи соли равон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Исфара дар муассисаи таҳсилоти иловагии №1 ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки муаллимон, мактаббачагон ва донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ доир гардид. Дар он аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Исфара оиди нуктаҳои асосии паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ҳадаф ва вазифаҳои қабул шудани Барнома, оиди ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами набототу ҳайвонот, муаммоҳои партовҳои маишӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Оғози корҳои ободонию кабудизоркунӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, эълон гардидани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Спитамен аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен ба ҷамоатҳои Тағояк, Куруш, Истиқлол, «Т.Ӯлҷабоев», «Сарбанд» ба миқдори 560 бех ниҳоли дарахти сафедор ва ба кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ба миқдори 100 бех ниҳоли дарахти санавбар харидорӣ ва тақсим карда шуд. Дар назар аст, ки бо мақсади зебо намудани муҳити атроф бо фаро расидани фасли баҳор дар дигар шаҳраку ҷамоатҳо низ корҳои ободонию кабудизоркунӣ гузаронида мешавад.
26 Январь 2017
Баргузории нишасти матбуотӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати кишоварзии вилоят тибқи ҷадвали баргузории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, нишасти матбуотии якҷояи Раёсати ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Сарраёсати кишоварзӣ ва Кумитаи заминсозӣ доир гардид. Дар он сардори шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ – хадамоти матбуотии Раиси вилоят Юнусов М. ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Ризқофарин», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Тирози ҷаҳон», «Тоҷикистон», «Меҳри Замин», «Саломат бошед», телевизионҳои вилояти Суғд, СМ-1 ва Азия, радиоҳои вилоят, «Садои Хуҷанд», «Пайванд», «Озодӣ», ҳамагӣ 20 нафар иштирокдоштанд.
17 Январь 2017
Аксияи «Тозагии махал»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2017 ва 20-солагии Рузи Ваҳдати миллӣ, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ санаи 14 январи соли равон дар «Боғи Ғалабаи» микроноҳияи 18-ум ва Боғи «Дӯстии халқҳо»-и микроноҳияи 32-уми шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 70 нафар иштирок доштанд. Дар рафти шанбегӣ 0,8 км ҷӯйборҳо тоза карда шуда, 7 тн. партовҳо ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд бароварда шуд. Раёсат тасмим гирифтааст, ки бахшида ба чорабиниҳои ҷашнӣ аксияи мазкурро дар давоми сол доир намояд.
Мизи мудаввар дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018 -2028)
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости

Дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров санаи 13 январи соли равон мизи мудаввар дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018 -2028) баргузор гардид. Дар кори он устодони факултет ва кафедра, магистрантҳо, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, донишҷӯёни факултет иштирок доштанд. Ба кори мизи мудаввар декани факултети геоэкология дотсент Аминов М.Ҳ. оғоз бахшид. Оиди иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат дотсент Собиров М.С. баромад намуд.
03 Январь 2017
«Харитаи экологӣ»-и шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости

ШТРР «Тирози ҷавонӣ» ва медиапортали «Тироз» Лоиҳаи мултимедиявӣ (бисёррасонавӣ)-и «Харитаи интерактивии бакҳо ва қуттиҳои партов, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасраф, макони оббозӣ (пляж) ва ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»-ро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ карда истодааст. Лоиҳа дар ҳамкории ВАО бо аҳолӣ ва сохтору идораҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад ва он барои иттилоотонии саривақтии шаҳрвандон, тарбияи экологии насли наврас ва ҷавонон равона гардидааст. Бо дарки ин маънӣ муаррифии лоиҳа маҳз дар мактабҳои миёна доир шуда истодааст. Мӯҳлати давомнокии марҳилаи аввали лоиҳа 3 моҳ буда, дар он 10 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд: Пахтакор, Раззоқ, Панҷшанбе, Гулбаҳор, Бофандаи соҳили чапи дарё ва микроноҳияҳои 8-ум, 13-ум, 20-ум, 32-юм ва 34-уми соҳили рости дарё мавриди таҷрибаю санҷиш қарор мегиранд.


