Все статьи
26 Август 2024
Вохӯрӣ зери унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
а ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс бо ҷавонони мақомот доир гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Каримзода Фарҳод вохӯриро оғоз бахшида, доир ба руйдоди таърихӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои бузурги кишвари соҳибистиқлол, дар давраи начандон тӯлонии таърихи навини кишвар, ба вуқуъ пайвастани навгониҳои беназир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва инчунин дастоварҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ин давра суханронӣ намуд. Дар баромади худ ҷавонони фаъоли сарраёсат оид ба нақши назарраси ҷавонон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои экологӣ, давлативу сиёсӣ, қайд намуда, зикр карда шуд, ки аз ҳисоби умумии кормандони Сарраёсат 74%-ро ҷавонон ташкил дода, ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд.
23 Август 2024
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.Ҳангоми амалиёт 102 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 16 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
14 Август 2024
Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳру ноҳияи Бӯстон, Истиқлол ва Масчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади таъмин ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ байни аҳолӣ дар кучаҳои марказӣ, боғи истироҳатӣ, ҳудуди шаҳр, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрҳои Бустон, Истиқлол, ноҳияи Масчоҳ 25 адад қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ин иқдом тибқи дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид.
Обмонии дарахтон дар фасли гармо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
аҳри иҷроиши барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти№ 3/12-05-1954 бо мақсади аз хушкшавӣ нигоҳ доштани ниҳолҳо дар ҳарорати баланди ҳаво обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати “Хоҷагии манзилии коммуналӣ” дар ҳудуди тамоми кӯчаҳои шаҳр, хиёбону гулгаштҳо ва дарахтони дар канори кӯчаҳо мавҷуд буда, аз он ҷумла, дар кӯчаҳои Ф.Ниёзӣ, Бобоҷон Ғафуров, Н.Ҳувайдуллоев, Сулҳ, маҳаллаи Ғалаба ва маҳаллаи Наврӯз обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, дар ин самт ҳамарӯза корбарӣ идома дода мешавад.
Нишасти хабарии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2 августи соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Сайҳун», «Соҳил», «Саломат бошед», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои Суғд, ШТР «Азия», «Синамо», «7 Ситора», радиоҳои «Пайванд», «Шаҳри ман» дар маҷмӯъ 29 нафар намояндагон иштирок доштанд.
29 Июль 2024
Аксияи “Тозагии соҳил” дар обанбори Баҳри Тоҷик
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади иҷрои барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани 33-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон, дар шароити мусоид нигоҳ доштани минтақаҳои муҳофизатии обанборҳо ва паст намудани таъсири манфӣ ба онҳо, бо ҷалби табақаи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар обанбори Баҳри Тоҷик аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Чорабинӣ аз ҷониби шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияи Гулистон, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров бо иштироки беш аз 600 нафар шаҳрвандон, кормандони корхонаву ташкилот ташкил карда шуд. Ҷараёни аксия 4 км соҳили обанбор азалафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 18 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳоимахсусикоммуналӣ ҷойгиронидашуданд. Рафти аксия тариқи телевизиони Тоҷикистон ба навор гирифта шуд.
Гузаронидани вохуриҳои иттилоотӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкории доимӣ бо эковолонтерон ва дӯстдорони табиат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, гузаронидани вохуриҳои иттилоотӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкории доимӣ бо эковолонтерон ва дӯстдорони табиат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад гурӯҳи эковолонтерон дар доираи лоиҳаи идоракунии партовҳо «Экопроактив» бо дастгирии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати шиносоӣ аз ҳолат ва фаъолияти партовгоҳи КВДК шаҳри Хуҷанд бо иштироки эковоленторон, блогерхо ва фаъолон – дӯстдорони табиат экскурсияи омӯзишӣ ташкил намуданд.
Натиҷабардорӣ аз фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
С
анаи 23 июли соли 2024, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти нимсола таҳтираёсати муовини Раиси вилоят, раиси комиссия Зариф Мирдадо ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо - муовин ва котибони комиссия баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа аз ҷониби муовини Раиси вилоят қайд гардид, ки ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, алалхусус баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ таваҷҷуҳи хосаи мақомоти давлатии вилоятию маҳаллӣ ва ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ андешидани чораҳо ва тадбирҳои ҳамарӯзаи заруриро талаб менамояд. Вобаста ба масъалаи рӯзнома гузориши муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳитизистдарвилояти Суғд Каримзода Ф. ба таври муфассал шунида шуд.
20 Июль 2024
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Р
афти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 626 “Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми партовҳо, мукаммал намудани механизми баҳисобгирии партовҳо” зери назорати доимии мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад.Бо иқдоми мақомоти зертобеи Сарраёсат дар шаҳри Истаравшан, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф аз партовҳо дар давоми нимсолаи якуми соли равон дар қаддишоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, минтақаи ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент, ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ ва Гули сурх хамагӣ 14 адад партовҳои бесоҳиб бартараф карда шуд. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолати ғайрирасмӣ партофтани партовҳо ва назорати доимӣ дар дохили шаҳр хиёбони Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат ва Истиқлол 11 адад камераҳои мушоҳидавӣ- назоратӣ насб гардид.Бо истифода аз камераҳои мушоҳидавӣ зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми муомилот бо партовҳо ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шуд.
10 Июль 2024
Дар минтақаи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ чорабинии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» - 2024» баргузор гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар минтақаи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ бо иштироки аъзоёни ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии 11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва 2 шаҳри Ҷумҳурии Ўзбекистон чорабинии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» - 2024» серӯза баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят ва дар доираи лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об, ки аз ҷониби Консорсиуми Ҳелветас (ACTED) бо дастгирии молиявии ташкилоти SDC амалӣ карда мешавад, ташкил карда шуд. Мутобиқи барнома аз ҷониби роҳбалади ботаҷриба барои иштирокчиён саёҳат ба шаршара ва моркӯл, дарсҳои амалӣ оид ба пайдо намудани маҳорати сохтани хаймаҳо (палатка) ва рафтори дурусти сайёҳӣ ташкил гардида, ҳамчунин ҷавонон бо сохтани макети ҳавзаи дарёи Сир, ки онҳоро муттаҳид мекард, машғул шудаанд.


