Все статьи

14 Январь 2018

Тӯҳфаи 3 адад нақлиёти тамғаи “Портер”

Баҳри иҷрои Қарори ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2017, № 18 ва супоришхои Раиси Кумита, ҳангоми сафари кориашон ба вилояти Суғд моҳи январи соли 2017,   бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа ва беҳбудии муҳити зист, пайваста баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  3 адад нақлиёти тамғаи “Портер” аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят харидорӣ карда шуд. Маросими супоридани нақлиётҳо ба Корхонаҳои давлатии фаръии “Хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ”-и ш.Панҷакент ва н.Айнӣ барои кашонидани партов ва як адад барои насби таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои корношоями симобдор бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ва раиси ноҳияи Айнӣ  Неъматулло Раҳматуллозода  баргузор гардид.

Читать далее

12 Декабрь 2017

Маъракаи такрористеҳсолкунии захирахои моҳи

Бо мақсади ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳии ҳавзаи Сирдарё ва обанбори «Баҳри Тоҷик», тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.10.2017, № 96 ва мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» маъракаи такрористеҳсолкунии захирахои моҳи  гузаронида шуда истодааст. 

Аз тарафи истифодабарандагони  захираҳои  табиии моҳии ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» ва «Моҳии тоҷик» мувофиқи нақшаи чорабинихои гузаронида, то имрӯз ба обанбори «Баҳри Тоҷик» 900 ҳазор  дона моҳичаҳо паҳн карда шуд. Бояд қайд кард, ки сифати  моҳичаҳои паҳншуда, ба монанди  пешонапаҳн ва амури сафед ба талаботхои стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд. 

Дар нақша ҳаст, ки миқдори моҳичаҳои паҳнкарда мешуда  дар соли равон ба як миллион дона расонида шавад.

Читать далее

04 Декабрь 2017

Баргузории ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ

Санаи 29 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зист ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ду масъала - оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст ва вазифагузорихо барои фаъолияти мибаъдаи комиссия баррасӣ карда шуд.

Читать далее

23 Ноябрь 2017

Соати сиёсӣ “Парчамат поянда бод”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки намояндаи Кумиҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Атаева Х.Н. ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ доир гардид.

Пас аз суханони ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсат Ӯрунов Р.Т. қайд намуд, ки дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

Читать далее

15 Ноябрь 2017

Ҷамъбасти озмуни «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма.

Санаи 13 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятии «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон»  байни кормандони воситаҳои ахбори омма бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ эълон гардида буд. Дар  даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯи  номинатсияи «Бахши радио» корманди радиои “Тироз” И.Бобоев, дар номинатсияи «Бахши телевизион» кормандони телевизиони «Ҷаҳоннамо» Равшан Мирзоёров ва СМ-1 Мафтуна Шукурова сазовори мукофот ва ифтихорномаҳо  Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон  гардиданд.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши н.Масчоҳ

Дар арафаи 25 солагии Ижлосияи ХУ1-и Ш=рои Олии Жумьурии Тожикистон  ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти н.Масчоҳ доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ва раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода иброз доштанд, ки дар тамоми гӯшаю канори кишвари маҳбубамон айни замон раванди ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда ҷашни 25 солагии Ижлосияи ХУ1-и Ш=рои Олии Жумьурии Тожикистон истиқбол гирад. Ифтитоҳи бинои наву хуштарҳ дар ноҳияи Масчоҳ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Масчоҳ, ки аз тарафи ЧДММ «Фаворит», дар муддати кӯтоҳ сохта  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

Читать далее

03 Ноябрь 2017

Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,   барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати  сиёсӣ вобаста ба мӯҳтавои асосии Конститутсия ва нақши он дар эъмори ҷомеаи демократӣ бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева баргузор гардид. Сараввал муовини сардори Раёсат бо сухани ифтитоҳӣ чорабинии мазкурро оғоз намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат зимни Паёмашон изҳор доштаанд, ки «Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад». Қобили зикр аст, ки пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13-и Конститутсия омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Тибқи моддаи 44 Конститутсияи ҶТ «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».

Читать далее

20 Октябрь 2017

Озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин»

Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»  ва бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 октябри соли равон дар муассисаи давлатии Маркази солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и н.Ҷ.Расулов даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» доир гардид. Дар он маҳфилҳо, табиатдӯстони ҷавон ва хонандагоне, ки дар мактабу муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ сабақ омӯхта,  ғолиби даври ноҳиявӣ ва шаҳрии  озмуни «Тирамоҳи зарин» дониста шуданд, иштирок намуданд.

Иштирокчиёни озмун дар 3 шарти озмун, ки аз ташкили намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои экология, биология ва ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист иштирок намуданд.

Читать далее

16 Октябрь 2017

Ҷамъбастии 9 моҳа

Санаи 5 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нух мохи соли 2017  ва вазифахои минбаъда  бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси вилоят  Ориф Хочазода баргузор гардид. Сардори Раёсат Нӯъмонзода Т.  бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки бахри ичроиши дастуру супоришхои макомотхои болои, чихати пешбурди соха, вусъат бахшидан ба корхои ободони, кабудизоркуни, халли муаммохои экологи натиҷаҳои  хубро муваффақ гардиданд. Дар ҷаласа фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру ноҳияҳои нохияхои Панчакент (Гафуров А.), Деваштич (Шукуров О.) ва Ч.Расулов (Каримзода Ф.) кайд карда шуда, ба дигар бахшьо барои бартараф намудани камбудиихои чойдошта дастуру супоришхо дода шуд.

Читать далее

20 Сентябрь 2017

Озмун байни мактаббачагон ҷамъбаст гардид.

Санаи 15 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъбаст ва маросими мукофотонидани ғолибони озмуни ҷумҳуриявию вилоятӣ дар мавзӯи «Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст» бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят доир гардид. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони мактабҳо доир ба ҳифзи муҳити зист, татбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба ҷашнҳои давлатии миллӣ гузаронида шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.