Все статьи

09 Октябрь 2024

Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9 моҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

 Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода И., сардори сарраёсат Холзода С.Х. , сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои соҳа пурсиш намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, атмосфера, замин, муомилот бо партовҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Рафти ҷаласа аз тарафи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода И. фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ ва назорати ҳолати экологӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ вазифагузорӣ шуд.

Читать далее

06 Октябрь 2024

Забони миллат – ҳастии миллат

 Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Муовини  сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Абдумаликзода Б.А. пас аз суханони табрикӣ нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ беназир арзёбӣ намуд, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид. Ҳамасола 5-уми октябр  ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад,  ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Қайд карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист низдар фаъолияти худ талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Читать далее

05 Октябрь 2024

Мусобиқаи экологии «Бозиҳои тоза» дар шаҳри Истаравшан

  Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи экологии "Бозиҳои тоза" доир гардид. Чорабинӣ бо икдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ташкил карда шуда, дар он 120 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок доштанд. Иштирокчиёни мусобиқа 640 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ гардида, ба ғолибони мусобиқаи экологӣ  туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Читать далее

Санаи экологӣ. 4 октябр – Рӯзи ҳифзи ҳайвонот

  Ҳар сол 4 октябр  ҳамчун  Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба  ҳифз, нигаҳдорӣ, наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо  маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд.

Читать далее

01 Октябрь 2024

Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон

  Санаи 28 сентябри соли равон тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳатӣ ҳаст ва ҳамарӯза ҳазорон нафар аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид. Дар рафти баргузории аксия кормандону донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр фаъолона иштирок намуда, соҳили баҳрро аз партовҳо тозаву озода карданд.

Читать далее

Баргузории аксияи "Тозагии шоҳроҳ"

 Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати таъмини покизагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, назди ташкилоту идора ва роҳраву гулгаштҳо бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо омӯзгорон ва хонандагони МТМУ № 45 дар масири шоҳроҳи Конибодом- Исфара аксияи "Тозагии шоҳроҳ" баргузор гардид.Иштирокчиёни фаъоли ин аксия бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ин чорабинӣ инчунин бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ бо сокинони маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир мешаванд.

Читать далее

Мусобиқаи экологии "Бозиҳои тоза" дар шаҳри Хуҷанд

 Бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд  дар соҳили дарёи Сир мусобиқаи экологии «Бозиҳои тоза» бо иштироки 550 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, литсеи касбӣ-политехникии №44, литсеи касбӣ-хизматӣ ва саёҳии №56, литсеи касбӣ-техникии №31 ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гузаронида шуд. Зимни баргузории мусобиқа беш аз 450 кило партов ҷамъоварӣ карда шуда, ғолибони мусобиқа бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Читать далее

Мусобиқаи экологии «Бозиҳои тоза» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи экологии "Бозиҳои тоза" доир гардид. Чорабинӣ бо икдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил карда шуда, дар он 150 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд. Рафти мусобиқа аз ҷониби иштирокчиён 320 кг партовҳои гуногун ҷамъоварӣ гардида, ба ғолибони мусобиқаи экологӣ диплом ва туҳфаҳо супорида шуд.

Читать далее

19 Сентябрь 2024

Вохӯрӣ дар коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан

   Бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар толори коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан, котиб иҷроияи филиали ҶҲАТ дар шаҳри Истаравшан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва донишҷӯёну омӯзгорон иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ аз тарафи намояндагони масъул оид ба соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, фаъолияти ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дастовардҳои бахши ҳифзи муҳити зист дар даврони истиқлолият маълумотҳо дода шуд. Дар навбати худ аз тарафи мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан Юсуфзода Ю. барои гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист ва иштироки фаъолона дар аксияҳои экологӣ ба котиби иҷроияи ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд ва директори коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Читать далее

06 Сентябрь 2024

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати 33-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ

  Фарорасии  ҷашни  бузурги миллат 33-умин солгарди Истиқлоли Ватани азизамонро, ки баёнгари эҳсоси ватандорист ба Шумо самимона табрику таҳният  мегӯям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият рамзи соҳибдавлативу ватандории кишвари мост, ки дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ  дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расида, аз он ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистонро ба кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист,  тамоми ҳамватанонамон табрику таҳният  гуфта, ободию озодӣ,ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям. Фархунда бод ҷашни истиқлолу озодӣ!

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.