Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ вобаста ба мӯҳтавои асосии Конститутсия ва нақши он дар эъмори ҷомеаи демократӣ бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева баргузор гардид. Сараввал муовини сардори Раёсат бо сухани ифтитоҳӣ чорабинии мазкурро оғоз намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат зимни Паёмашон изҳор доштаанд, ки «Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад». Қобили зикр аст, ки пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13-и Конститутсия омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Тибқи моддаи 44 Конститутсияи ҶТ «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».
Озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин»
Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 октябри соли равон дар муассисаи давлатии Маркази солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и н.Ҷ.Расулов даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» доир гардид. Дар он маҳфилҳо, табиатдӯстони ҷавон ва хонандагоне, ки дар мактабу муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ сабақ омӯхта, ғолиби даври ноҳиявӣ ва шаҳрии озмуни «Тирамоҳи зарин» дониста шуданд, иштирок намуданд.
Иштирокчиёни озмун дар 3 шарти озмун, ки аз ташкили намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои экология, биология ва ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист иштирок намуданд.
Ҷамъбастии 9 моҳа
Санаи 5 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нух мохи соли 2017 ва вазифахои минбаъда бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси вилоят Ориф Хочазода баргузор гардид. Сардори Раёсат Нӯъмонзода Т. бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки бахри ичроиши дастуру супоришхои макомотхои болои, чихати пешбурди соха, вусъат бахшидан ба корхои ободони, кабудизоркуни, халли муаммохои экологи натиҷаҳои хубро муваффақ гардиданд. Дар ҷаласа фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру ноҳияҳои нохияхои Панчакент (Гафуров А.), Деваштич (Шукуров О.) ва Ч.Расулов (Каримзода Ф.) кайд карда шуда, ба дигар бахшьо барои бартараф намудани камбудиихои чойдошта дастуру супоришхо дода шуд.
Озмун байни мактаббачагон ҷамъбаст гардид.
Санаи 15 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъбаст ва маросими мукофотонидани ғолибони озмуни ҷумҳуриявию вилоятӣ дар мавзӯи «Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст» бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят доир гардид. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони мактабҳо доир ба ҳифзи муҳити зист, татбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба ҷашнҳои давлатии миллӣ гузаронида шуд.