Ниҳолшинонии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Дар баробари заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободу зебо гардонидани диёр, бисёр корҳои созандагӣ, кабудизоркунӣ ва бунёдкорӣ дар миқёси вилояти Суғд амалӣ гардида истодааст.Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят низ дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат таваҷҷўҳи бештарро ба ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ, аз он ҷумла барои тоза нигоҳ доштани маҳалли зист ва кабудизоркунӣ, баланд бардоштани ҳисси зебопарастӣ ва маърифати экологии аҳолӣ равона менамояд.

   Санаи 13 декабри соли ҷорӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар ду тарафи роҳи кўчаи Исмоили Сомонии маркази шаҳри Хуҷанд 70 бех ниҳоли дарахти ороишии кастона (каштан) шинониданд. Ғайр аз он, боз 300 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар дар дигар кўчаҳои маркази вилоят ва шаҳри Гулистон бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ин рўзҳои истироҳат шинонида шуд.

Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии ноҳияи Б.Ғафуров

  Дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №84-и ноҳия вохўрӣ ташкил ва гузаронида шуд. Мутахассисони шуъба бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии хонандагон дар бораи ин санаи экологӣ, ҳадафи эълон гардидани он ва ҳамчунин вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист баромад намуданд.

Вохӯрӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии кўҳҳо дар шаҳри Бўстон

  Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бўстон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ба номи В.Я.Опланчук бахшида ба санаи 11 декабрРўзи байналмилалии кўҳҳо вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид. Дар рафти вохўрӣ ба иштирокдорон маълумоти васеъ дар бораи ин санаи муҳими экологӣ пешниҳод гардид. Вохўрии мазкур бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии хонандагони мактаб роҳандозӣ карда шуд.

Вохӯрӣ бо донишчўён бахшида ба санаи экологӣ

  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистон диёри кӯҳсор мебошад ва 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳо иборатанд. Бинобар он, басо рамзист, ки ба санаи 11 декабр - Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо аҳамияти хоса дода мешавад. Бахшида ба ин санаи экологӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара бо мақсади рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо донишчўён вохӯрӣ баргузор намуданд. Мутахассисони бахш дар бораи ҳамасола ҷашн гирифтани санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор аз ҷониби табиатдӯстони олам маълумот пешниҳод кардаанд. Ҳамзамон қайд гардид, ки қариб 15 фоизи аҳолии кураи замин дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд ва СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.