Август 2023

15 Август 2023

Иштироки 30 нафар экологҳои ҷавон аз шаҳрҳои Конибодом ва Хуҷанд дар лагери панҷрӯзаи 10-уми экологии «Хонаи сабзи мо - 2023»

  Давоми соли таҳсили 2022-2023 дар 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» таъсис дода шуд. Ба он хонандагони фаъоле, ки ба муҳити зист ва мушкилоти он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд шомил гардиданд. Дар давоми соли хониши сипаригашта хонандагон доир ба экология дониши иловагӣ гирифта, дар аксияҳои экологии ҷамъоварии партовҳои пластик ва коғаз иштирок карданд ва ҳамчунин мунтазам шанбегиҳо ташкил намуданд. Ғайр аз ин, як қатор чорабиниҳо, аз он ҷумла «Эко-викторина» - КВН, фестивали «Дӯстдорони табиат» ва дигар баргузор гардид, ки дар онҳо дастаҳои «Нозирони сабз»-и ин 6 мактаб ширкат варзида, барои ишғоли ҷои аввал мубориза бурданд. Бо фарорасии фасли тобистон ва анҷоми соли таҳсилӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» (YGPE) лагери 10-уми экологии «Хонаи сабзи мо - 2023» дар лагери «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон ташкил карда шуд, ки ба он аз 80 дархост тариқи озмун 26 нафар иштирокчиён интихоб гардидаанд.

Читать далее

Баргузории аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» дар вилояти Суғд

 Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштану беҳтар намудани вазъи экологии шафати роҳҳо ва шоҳроҳҳо  дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Аксия тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист  бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз тобеъият ва шакли моликият доир гардид. Ҷараёни аксия тоза намудани ҷӯйбор, қадди роҳҳо  ва шоҳроҳҳо аз партовҳои гуногун, тоза намудани ҳудуди  маҳалҳои аҳолинишин, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона ба иҷро расонида шуда, беш аз  109,5 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ интиқолу  ҷойгиронида шуданд.       Рафти баргузории аксияҳо аз ҷониби наворбардорони телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.

Читать далее

08 Август 2023

Нишасти хабарии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 8 августи соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар  нимсолаи якуми соли 2023 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин»,  «Нилуфар», «Кайҳон», «Сайҳун»,  «Соҳил», «Саломат бошед», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои  Суғд,  ШТР «Азия», СМ-1, «Сафина», «Синамо», «7 Ситора», радиоҳои  «Тоҷикистон», «Замон» ва «Пайванд» дар маҷмӯъ 32 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи якуми соли 2023 дастрас гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба таъмини мақомот бо мутахассисони соҳавӣ, риояи талаботҳои конунгузорӣ дар ҳолати буриши дарахтон ҳангоми сохтмони биноҳо, сарсабз нигоҳ доштани дарахтони ороишӣ ва нигоҳубини он, шикояти сокинон аз дуди ғализи корхонаҳои саноатӣ ва тадбирҳои амалӣ гардида, натиҷаҳои чорабиниҳо дар давраи  манъи сайди моҳӣ, ғайриқонунӣ буриши дарахтон ва чораҳои андешида ва  дар кадом шаҳру ноҳияҳо бештар ошкор гардидани он ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Читать далее

Шиносоӣ бо сехи безараргардонии лампахои каммасрафи симобдор дар ҶСК «Чароғ» шаҳри Исфара

 Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил  намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» аз 3 марти соли 2011, № 97 дар ҶСК «Чароғ»-и шаҳри Исфара нуқтаи безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям ташкил шудааст. Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти сехи безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдор дар ҶСК  «Чароғ»-и шаҳри Исфара сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. дидан намуд. Аз оғози фаъолияти цех аз соли 2022 то имрӯз 275 ҳазор лампаҳои каммасраф безарар гардонида шуданд. Таҷҳизоти безараргардонӣ дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори ҳайати Мушовара аз ҷониби Сарраёсат харидорӣ  ва  ба ҶСК «Чароғ» ройгон такдим карда шуда, 6 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Сардори Сарраёсат  Ғуфронзода А.Ғ.  барои ҳар рӯзи корӣ на кам аз 1000 адад безарар намудани лампаҳо, риояи талаботҳои муҳофизатӣ ва  пешгирии ифлосшавии муҳити зист  супоришҳо  дод.

Читать далее

02 Август 2023

Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд

 Бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.10.2021, №442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ»    ва тибқи Низомномаи бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №558 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд» тасдиқгардида, ҷаласаи навбатии Комиссия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони чунин комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо – муовин ва котибони комиссия гузаронида шуд. Рафти ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо маърӯзаи асосӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ., ҳамчун муовини раиси комиссияи вилоятӣ сухан карда, дар бораи корҳои дар давоми шаш моҳ ба сомон расонида, камбудию муаммоҳои ҷойдошта ва сарфи маблағ ҷиҳати амалигардонии Барнома маълумот пешниҳод намуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳрҳои Гулистону Конибодом ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт

  Тибқи барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба супориши протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15 июни соли 2023, № 1к/30-1 дар доираи омодагӣ ба баргузории Вохурии панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул, ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ва ҶДММ  «Таъминоти моҳӣ», мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияи Гулистон, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт дар соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Аксия бо иштироки фаъолона ва васеи аҳолӣ, кормандони  идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, ташкилоту муассисаҳо ва волонтерон ҳамагӣ 550 нафар гузаронида шуда, соҳили обанбор ва дигар манбаҳои обӣ 13,5 км партову алафҳои бегона пурра тоза карда шуд, 17 м3 партов бароварда шуд. Ҷараёни аксия тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба навор гирифта шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.