Август 2023

30 Август 2023

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод

  Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  дар қаламрави ноҳия  аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия 5860 нафар намояндагони сохторҳои мақомот  иштирок намуда, каналу  чӯйборҳо  ба масофаи  1,8 км тоза, биноҳо 4850 м2 ва 5420 адад дарахтон сафед карда шуданд.

Читать далее

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб

  Сари вақт бартараф намудани партовҳои бесоҳиб  зери назорати доимии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад.Бочуниниқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ дар ҷамоати деҳоти Ниҷонии даромадгоҳи партовгоҳи шаҳри Истаравшан партовҳои бесоҳиб ба миқдори 8 м3  бо истифода аз техника бартараф карда шуд.

Читать далее

Партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд

 Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷиҳати бењдошти вазъи санитарию экологї, пешгирии таъсири зарарноки партовњо ба саломатии инсон ва муњити зист аз тарафи  КДФ  «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ  хокпӯш карда шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ масоҳати умумии партовгоҳ 5 гектар буда,  2 га  бо ҷалби техника ҳамвор ва хокпӯш гардид.

Читать далее

Аксияи “Тозагии маҳал ва шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” дар миқёси вилояти Суғд

 Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи экологӣ , ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист дар миқёси вилоят дар давоми моҳи август аксияҳои “Тозагии маҳал, шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд. Аксия бо иқдоми зерсохторҳои Сарраёсат дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки беш аз 46 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз тобеъият ва шакли моликият доир гардид. Ҷараёни аксия қадди роҳҳо ва шоҳроҳҳо,  ҳудуди  маҳалҳои аҳолинишин, соҳили дарё ва манбаҳои обӣ аз алафҳои бегона  ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 421,6  метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ интиқолу  ҷойгиронида шуданд. Рафти аксияҳо тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен

  Ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили Истиқлолияти давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Спитамен  аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» гузаронида шуд. Зиёда аз 80 нафар намояндагони муассисаю ташкилот ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар аксия  иштирок намуда, дар натиҷа кўчаҳои маркази ноҳия ва 2 км ҷўйборҳои қадди роҳ аз партовҳои гуногун тоза гардид ва 4 м3 партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

  Бо иқдоми шуьбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд аксияи "Тозагии маҳал" дар назди варзишгоҳи ба номи "20 солагии Истиқлолият" бо иштироки кормандони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд, КД "Истифодабарии манзил"-и  соҳили рости ш.Хуҷанд ва соҳибкорон зиёда 100 нафар гузаронида шуд. Ба истиқболи ҷашни 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузории аксия дар дигар минтақаҳои шаҳр низ доир гардида истодааст.

Читать далее

26 Август 2023

Шиносоӣ аз рафти марҳилаи наслгирии сунъии моҳиҳо

  Таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва афзун намудани захираҳои моҳӣ зери назорати доимии коршиносону мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар  вилояти Суғд қарор дорад. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Ғуфронзода А.Ғ. аз рафти  марҳилаи наслгирии сунъии моҳиҳо дар сехи инкубатсионии ҶДММ "Корпоратсияи моҳии тоҷик" дидан намуд. Айни ҳол тухми моҳиҳо, кирминаи нав аз тухм баромадаи зағорамоҳӣ, мури сафед ва пешонапахми сафед дар марҳилаи афзоиш қарор доранд. Марҳилаи босифати наслгирии моҳиҳо ба барориши бештари кирминамоҳичаҳо мусоидат менамояд. Омилҳои абиотикӣ, ба монанди ҳарорати обу ҳаво ба рафти корҳои наслгирӣ таъсири худро расонида истода бошад ҳам, моҳипарварон тасмим гирифтаанд, ки нақшаи истеҳсоли наслгирии моҳиҳоро бо натиҷаҳои назаррас анҷом диҳанд. Рафти шиносоӣ ба моҳипарварони хоҷагӣ аз тарафи сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ. баҳри баланд бардоштани рафти наслгирии моҳиҳо дар сехи инкубатсионӣ ва  босифат гузаронидани технологияи парвариши моҳиҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Читать далее

Амалиётҳои назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист  аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат дар обанбори Баҳри тоҷик  амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёт ошкор карда шуд, ки моҳидорони ҶСК «Таъминоти моҳӣ» бар хилофи талаботҳои қоидаҳои моҳидорӣ бо сайди моҳӣ машғул буданд. Бинобар вайрон шудани моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» нисбати шахсони мазкур мувофики Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин дар ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» бо мақсади муайян намудани намуд, вазн, андоза, синну сол, олотҳои сайди моҳӣ ва дошти шабонарузии моҳӣ ба ҳар як олоти сайд  11 адад  санадҳои назоратӣ-таҳлилии сайди саноатии моҳӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

Насби қуттиҳои хурди партов аз тарафи муҳассилин дар шаҳри Хуҷанд

  Муҳассилини “Имдоди Ғайрат” 12 адад қуттиҳои хурди партовро дар маҳаллаҳои шаҳр насб карданд. Хонандагони барномаи “Дастмузди хурди дастрасӣ”-и шаҳри Хуҷанд Access Microscholarship Program (ТҶ “Имдоди Ғайрат”) дар конфронси ҳарсолаи минтақавии USANT оид ба маърифати экологӣ ширкат варзида, барои лоиҳаи худ - «Хонандагони “Аксес” - зидди партов!» гранти хурдеро ба даст оварда, ҳиссаи худро дар тозагии муҳити зисти шаҳр гузоштанд. Хонандагон дар доираи ин лоиҳа дар се микроноҳияҳои шаҳри Хуҷанд 18, 28, 31 ва 32 беш аз 12 адад қуттиҳои хурди партовро насб карданд. Ин қуттиҳо  асосан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар  назди литсейи ДДҲБСТ, филиали "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон", мағозаи "Сафия", даромадгоҳи мактаби таҳсилоти умумии №22 ба номи Ҷ.Расулов, дар паҳлӯи мағозаи «Комил», назди МТМУ№10 ва №8 ҷойгир карда шуданд. Масъулин изҳор доштанд, ки маҳаллаҳои номбурда тасодуфан интихоб нашуда, худи иштирокчиёни лоиҳа дар ин мактабҳо таҳсил мекунанд ё дар ин маҳаллаҳо зиндагӣ мекунанд ва шоҳиди он мешаванд, ки на ҳамаи мактаббачагон, роҳгузарон, харидорони мағозаҳо ва сокинон дар ҳифзи муҳити зист масъулияти баланд эҳсос мекунанд.

Читать далее

16 Август 2023

Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади назорат ва ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ, бахусус дар манбаҳои обӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен ғайриқонунӣ партофтани партови сохтмонӣ дар лаби сой аз тарафи сокинони н.Спитамен Атабеков Миралӣ ва Хӯҷаматов Мақсудҷон ошкор гардид. Ҳуқуқвайронкунандагон бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвай-ронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуданд, зеро онҳо талаботи моддаҳои 44,53 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”-ро риоя накарданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.