20 Июль 2024

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Истаравшан

  Рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 626 “Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми партовҳо, мукаммал намудани механизми баҳисобгирии партовҳо” зери назорати доимии мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад.Бо иқдоми мақомоти зертобеи Сарраёсат дар шаҳри Истаравшан, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф  аз партовҳо дар давоми нимсолаи якуми соли равон  дар қаддишоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, минтақаи ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент, ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ ва Гули сурх хамагӣ 14 адад партовҳои бесоҳиб бартараф карда шуд. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолати ғайрирасмӣ партофтани партовҳо  ва назорати доимӣ дар дохили шаҳр хиёбони Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат ва Истиқлол 11 адад камераҳои мушоҳидавӣ- назоратӣ насб гардид.Бо истифода аз камераҳои мушоҳидавӣ зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми муомилот бо партовҳо ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.