Май 2025

12 Май 2025

15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим

  Бори аввал масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ гардида, зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлимро имзо кардаанд. Айни замон дар сайёра, аз ҷумла дар кишвари мо тағйир ёфтани иқлимро ҳама эҳсос мекунад ва бадшавии вазъи экологӣ дар тамоми олам воқеаи баҳснопазир мебошад. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро расонида, масъалаҳои вобаста ба он таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушкшудани чашмаҳову дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар гуна пайомади офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалии замони муосир мубаддал гашта, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз омилҳо ва мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсиргузоранд, бамаротиб меафзоянд. Пиряхҳои хурду бузург дар нуқтаҳои баландтарини кӯҳҳои Тоҷикистон – қуллаи Исмоили Сомонӣ ва қуллаи Абўалӣ ибни Сино ҷойгир буда, айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор доранд. Тибқи пешгӯиҳои олимон, то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхи майда пурра аз байн меравад, зеро пиряхҳо дар ҳавзаи дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд.

Читать далее

10 Май 2025

Амалиётҳои назоратӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ

  Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории моҳӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом ва шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Фирузоба ҳудуди обанбори Баҳри Тоҷик сокини шаҳри Конибодом Холиқов М. ҳангоми сайди ғайриқонунии 41 сар моҳиҳои гуногун боздошт  гардид. Нисбати қонуншикан  маводҳои дахлдор тартиб дода, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуд. Олотҳоимоҳидорӣ -тӯр ва қайиқи резинӣ мусодира карда шуд. Арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8 - и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 3075 сомониро ташкил дод.

Читать далее

03 Май 2025

Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ниҳолҳо бо обёрӣ таъмин мешаванд

  Дар минтақаҳои ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ ва фароҳам овардани шароит барои сабзиши ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабзи соли равон шинонидашуда корҳои обёрӣ амалӣ гардида истодаанд. Боиси қайд аст, ки бо гарм шудани обуҳаво дар минтақаҳои камоби ноҳияи Б.Ғафуров, аз он ҷумла ҷамоати деҳоти Зарзамин, Ёва ва Ғозиён,қадди шоҳроҳои Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ва Ғафуров – Хуҷанд – Ашт ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбари дар маъракаи кабудизоркунии мавсими баҳори соли ҷорӣшинонидашуда, барои таъминот бо обёрӣ ниёз доранд. Бо ташаббус ва назорати шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия аз ҷониби масъулин ва сокинон чунин амалҳо рӯи кор омада истодааст. Маврид ба зикр аст, ки дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар афзун намудани сабзиши ниҳолҳо мувофиқи мақсад буда, амалҳои мазкур дар дигар минтақаҳои ноҳияи идома меёбад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.