27 Май 2025
Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар арафаи баргузории якумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирьяхҳо, ба ифтихори эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят семинари омӯзишӣ зери унвони «Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа» доир гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Ф., доктори илмҳои география, профессори кафедраи геоэкология ва методикаи таълими МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҳамзамон роҳбари Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пирьяхҳо - Раҳимов А., омӯзгорони кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мисиров А. ва Шарифхоҷаев И.И., сардори Маркази обуҳавосанҷӣ дар вилояти Суғд Ҳомидов А., намояндаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Султонов А., муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканали” ш.Хуҷанд Ахмедов А. ва кормандони сарраёсат иштирок доштанд.
Баргузории озмун – викторина байни дастаҳои «Нозирони сабз» бахшида ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Раёсати маорифи вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар соли ҷорӣ идома ёфта, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ташкили як қатор чорабиниҳои гуногун пешбинӣ гардидааст. Бахшида ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон байни дастаҳои «Нозирони сабз»-и 6 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол, 4 адад чунин муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, инчунин Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон, дар маҷмуъ байни 13 даста озмун - викторина гузаронида шуд.