Август 2025

30 Август 2025

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом

  Дар асоси нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

Дар шаҳри Гулистон 12-умин лагери экологӣ «Хонаи сабзи мо – 2025» баргузор гардид

 Дар лагери байналмилалии кӯдаконаи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони ҳаракати «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 12-умин лагери экологӣ «Хонаи сабзи мо – 2025» бомуваффақият анҷом ёфт. Дар лагери мазкур 40 нафар хонандагон – аъзоёни фаъоли ҳаракати «Нозирони сабз» ширкат варзиданд, ки дар давоми як ҳафта барномаи омӯзишиву амалӣ ва фароғатиро гузашта, донишу маҳорати нави худро тақвият бахшиданд. Тибқи барномаи лагери экологӣ иштирокдорон бо тренингҳо оид ба экология, гуногунии биологӣ, самаранок истифода бурдани об кори даставӣ ва роҳбарӣ, аксияҳои экологӣ ва чорабиниҳои варзишиву эҷодӣ, машғулиятҳои амалӣ оид ба таҳияи ташаббусҳои худӣ, сафарҳои омӯзишӣ ба ҷангали тӯқайзори шаҳри Конибодом, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва қасри таърихии «Арбоб» машғул шудаанд. Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини лагер дар он буд, ки аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» нақшаи фаъолияти худро барои солҳои 2025–2026 таҳия ва ба шарикони рушд муаррифӣ намуданд. Нақша аз се самти асосӣ иборат буда, чорабиниҳои таълимӣ, аксияҳои амалӣ ва корҳои иттилоотиву маърифатиро дар бар мегирад.

Читать далее

27 Август 2025

Ошкор намудани қонуншиканӣ дар самти партов

  Бо мақсади таъмини риоя ва иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, пешгирии ифлоскунии муҳити зист бо партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум тибқи фармоиши сардори Сарраёсат аз 28.04.2025, №23 мунтазам амалиётҳои назорати давлатӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти навбатӣ барои риоя накардани талаботҳои экологӣ ҳангоми ҳамлу ҷойгиронӣ ва безараргардонии партовҳо, инчунин бе болопўш интиқоли партовҳо нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон Муҳаммадҷонов А. сокини шаҳри Хуҷанд, Шарифзода Ш. сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо дастрасии моддаи 223, 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, тавассути татбиқи ҷазои маъмурӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Читать далее

Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар вилояти Суғд

  Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани  ҷашни   34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Спитамен, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Ашт аксияи "Тозагии маҳал ва шоҳроҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дараксия кормандони соҳаҳои гуногун, намояндагони ташкилоту идораҳо, аҳолии ҷамоату шаҳракҳо фаъолона иштирок намуда, партовҳои гуногун ба партовгоҳҳо бароварда шуд.

Читать далее

26 Август 2025

Аксияи «Тозагии маҳал» дар минтақаи истироҳатии Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон

  Мавзеъи зебоманзари Хуррамдара дар ноҳияи Шаҳристон ҳамасола  дар мавсими истироҳатӣ ба як макони серодам табдил меёбад. Аммо, мутаассифона, дар баробари зиёд шудани теъдоди истироҳаткунандагон, сатҳи ифлосшавии муҳити зист низ рӯ ба афзоиш дорад ва ҳолатҳои сершумори ифлосшавии соҳилҳои манбаъҳои обӣ, ғайрирасмӣ партоф-тани партовҳо ба назар мерасад. Бо мақсади таъмини амнияти экологӣ, ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, дар минтақаи истироҳатии Хуррамдара  бо иштироки зиёда аз 300 нафар кормандони корхонаву ташкилот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Рафти аксия манбаъҳои обӣ - ҷуйбору сойҳо ва роҳҳо  аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба миқдори  25 м3  партов  бароварда шуд.

 

Читать далее

13 Август 2025

Иқдоми сабз: Дар Мастчоҳ беш аз 5 гектар заминҳои ниҳолпарварӣ бо оби доимӣ таъмин шуданд

  Бо мақсади таҳкими иқтидори истеҳсолии хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист, фароҳам овардани заминаҳои устувор барои татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ ва таъмин намудани обёрии мунтазами заминҳои ниҳолпарварӣ дар ноҳияи Мастчоҳ чоҳи амудии об мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чоҳи мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳудуди хоҷагии ёрирасон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кофта шуда, ҳадаф аз бунёди он таъмини оби доимӣ барои обёрии заминҳои таҳти истифода ва ниҳолхонаи бахш мебошад. Иншооти мазкур обёрии наздик ба 50 гектар заминро таъмин намуда, ба рушди соҳаи кабудзоркунӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард. Дар маросими ба истифодадиҳии чоҳи амудӣ ва оғози обёрии заминҳои хоҷагии ёрирасон раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ширкат варзиданд. Раиси Кумита Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ аз ҷумла изҳор дошт, ки бунёди чоҳи амудӣ дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист иқдоми муҳиму саривақтӣ дар самти амалӣ намудани барномаҳои экологӣ ва кабудизоркунии минтақа мебошад. Гуфта шуд, ки он на танҳо ба парвариши ниҳолҳо, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳсозии муҳити зист замина мегузорад. Лозим ба ёдоварист, ки соли равон бо қарори дахлдори раиси ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии ноҳия 5 гектар замин ба ихтиёри бахши ҳифзи муҳити зист ҷудо гардида, дар он тадриҷан ниҳолҳои ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ шинонида ва парвариш карда мешаванд.

Читать далее

12 Август 2025

Ифтитоҳи маҷлисгоҳи замонавӣ ва баргузории ҷаласаи сайёри Кумита дар вилояти Суғд

7 августи соли 2025 дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маҷлисгоҳи нав  бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалишавандаи соҳавӣ ифтитоҳ гардид. Сохтмони маљлисгоњ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, он дорои 200 ҷойи нишаст буда, бо усули замонавӣ сохта муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардорони раёсат ва намояндагони дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сарраёсатҳо ва раёсату шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, марказҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалкунандаи соҳавӣ баргузор гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.