Сентябрь 2025
15 Сентябрь 2025
Хокпўш намудани партовҳои бесоҳиб
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 626 “Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми партовҳо, мукаммал намудани механизми баҳисобгирии партовҳо” таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Бо ин мақсад бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан, ҷиҳати тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо аз партовҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ , 4 минтақа ҷамоати деҳоти Зарҳалол деҳаи Куҳандич, қалъачаи Араб, ҷамоати деҳоти Пошкент - деҳаи Яккабоғ, қалъаи Гули зард партовҳои бесоҳиб хокпўш карда шуд.
11 Сентябрь 2025
Машварати корӣ бо мақсади беҳтар намудани ҳолати муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар толори маҷлисгоҳи хурди Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони сарраёсат, нозирони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, роҳбарону намояндагони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, КВДК «Хуҷандобуканал», Сарраёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ (минтақаи фаввораҳо), КВДК «Хизматрасонии нақлиётии санитарии шаҳри Хуҷанд», хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов машварати корӣ баргузор гардид. Дар рафти машварат аз ҷониби муовини сардори сарраёсат Абдумаликзода Б.А. талаботи имрӯзаи роҳбарияти вилоят ва мақомоти ҳифзи муҳити зист нисбати ҳолати санитарию экологии минтақаҳо, қаддӣ роҳҳои нақлиётгард, атрофи партовгоҳҳо, хусусан дар минтақаи «Рухак»-и ноҳияи Б.Ғафуров, тибқи ҷадвал саривақт баровардани партовҳо аз нуқтаҳои ҷамъоварии муваққатӣ ва рангу бори қуттиҳо, ифлос кардани замин бо партовҳои бесоҳиб, пешгирии ифлосшавии оби дарёи Сир бо партовобҳои иншооти партовобтозакунӣ, таъмини обёрии дарахтону ниҳолҳои шинонидашуда дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд, ба назар расидани дарахтони хушк дар шафати роҳҳои асосӣ ва дигар масъалаҳои ба беҳбудии ҳолати экологӣ вобаста ба самъи иштирокдорон расонида, муҳокима карда шуд.
08 Сентябрь 2025
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Фарорасии ҷашни бузурги миллат 34-умин солгарди Истиқлоли Ватани азизамонро, ки баёнгари эҳсоси ватандорист ба Шумо самимона табрику таҳният мегӯям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият рамзи соҳибдавлативу ватандории кишвари мост, ки дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расида, аз он ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистонро ба кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист, тамоми ҳамватанонамон табрику таҳният гуфта, ободию озодӣ,ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям. Фархунда бод ҷашни истиқлолу озодӣ!