24 Декабрь 2025
Семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон дар шаҳри Бӯстон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, «Клуби экологӣ»-и донишкадаи мазкур ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, устодон ва донишҷӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Сафи» ва «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳӣ презентатсия ва баромадҳо дар бораи фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли 2025 ва лоиҳаи GREEN ROOTS, фаъолияти Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва ТҶ «Сафи», инчунин аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист иштирокдорон бо натиҷаҳои асосии татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар вилоят шинос карда шудаанд. Дар рафти семинар байни иштирокчиён саволу ҷавоб ба миён омада, аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод гардид ва дар интиҳо, тибқи барнома, доир ба дурнамои фаъолияти муштарак дар соли 2026 намояндагони мактабҳои олӣ ва дигар иштирокдорон изҳори ақида намуданд.
Муаррифии «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» дар шаҳриХуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
авоми зиёда аз як сол Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Раёсати маорифи вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҳияи «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» ҳамкорӣ намуда, дар натиҷа дастурамали мазкур ба амал омад. Ҳамчун пилотӣ муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва Б.Ғафуров интихоб гардида, барои мураббиёни ин муассисаҳо дар толори ширхоргоҳ – кӯдакистони № 18-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, соҳаи маориф ва ташкилоти ҷамъиятӣ ба мудирон ва мураббиёни кӯдакистонҳо «Раҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ»-ро муаррифӣ карда, њамзамон як қатор аёниятҳо барои гузаронидани машқу бозӣ бо кӯдакони гурӯҳҳои боло, синнӣ 5 – 6 сола тақдим карда шуд. Минбаъд, корбарӣ бо муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияи болозикр рушд ёфта, барои фаро гирифтани ҳамаи онҳо дар миқёси вилоят бо мақсади ҷорӣ намудани дастурамали мазкур тадбирҳо роҳандозӣ мегардад.


