26 Июнь 2026

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳанӯз 29 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд. Бо эҳтироми хоса ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, кормандон ва собиқадорони соҳаро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки эҳсоси баланди ватандориву хештаншиносӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати доимии халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.Ҷашни муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ пояндаву фархунда бод!

 

 

Читать далее

Конференсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

   Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  дар ҳамҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ» бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Бунёд, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода,  раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Мамадҷонов, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, фаъолон ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд. Конференсияро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати фарорасии 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.