23 Сентябрь 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарёи Сир моҳича сар доданд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
2
2 сентябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар доданд. Моҳичаҳо аз зотҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ мебошанд, ки дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ёфтаанд. Тадбирандешии мазкур дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳии зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири афзоиш додани саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳамин ҷо, дар 5 аквариум намудҳои моҳӣ аз оилаи амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ муаррифӣ карда шуд, ки дар коргоҳҳои истеҳсоли моҳӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят парвариш меёбанд.
Ифтитоҳи бинои Маркази ташхис, таҳлил ва мониторинги экологии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
2
0 сентябри соли 2026 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Маркази ташхис, таҳлил ва мониторинги экологии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ иштирок намуданд. Дар рафти шиносоӣ бо шароити кории марказ иттилоъ дода шуд, ки бо фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва муҷаҳҳаз намудани он сифати гузаронидани ташхис ва мониторинги экологӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Майдони умумии бино зиёда аз 500 метри мураббаъ буда, аз се ошёна ва 14 адад утоқҳои корӣ иборат аст.


