Все статьи
17 Июнь 2020
Омодагӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар шаҳри Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати омодасозии ҳудуди шаҳру деҳот барои дар сатҳи шоиста истиқболу таҷлил намудани ҷашнҳои миллии давлатӣ дармиқёси шаҳри Исфара аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар корҳои ободонӣ ва тоза намудани минтақаҳои маҳалли зист, ҳамагӣ 4,5 ҳазор нафар аҳли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, Раёсати маориф ва тандуристӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва аҳолии ҷамоти шаҳраку деҳот иштирок карда, зиёда аз 13,1 км ҷўйбор ва 2,4 км соҳили дарёву сой аз партовҳо тоза гардид. Ҳамчунин, атрофи корхонаҳо ва қадди роҳо, аз ҷумла роҳравҳои пиёдагард аз алафҳои бегона ва хушк тоза карда шуд.
15 Июнь 2020
Амалиёти фаврӣ оид ба ҳифзи олами набототу ҳайвонот
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, минтақаи ноҳияи Деваштич амалиёти фаврӣ гузарониданд. Мақсади асосии баргузории амалиёти мазкур ин пешгирии фурўши ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла мори печони шарқӣ, хорпуштак ва сангпушт мебошад. Ҳамзамон, амалиёти фаврӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Г.П. Мусоеви ноҳияи Деваштич оид ба ошкор намудани буриши ғайриқонунии дарахтони арча, шикори ғайриқонунӣ, чаронидани чорво дар ҳудуди чарогоҳҳои хоҷагии ҷангал ва дигар қонунвайронкуниҳо гузаронида шуд.
12 Июнь 2020
Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳри Истаравшан, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар чорабинии умумишаҳрӣ зиёда аз 800 нафар намояндагони корхона ва ташкилот, аз ҷумла беморхонаҳои марказӣ ва хусусӣ, кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот иштирок намуда, як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд. Ҷўйбори обгузари ду канори хиёбони И.Сомонӣ ва хиёбони Истиқлол ба масоҳати 3,2 км, ҳамзамон атрофи назди биноҳои маъмурӣ ва корхонаю ташкилот аз алафи хушки бегона тоза карда шуд. Дар ҳамаи ҷамоати шаҳраку деҳот чунин чорабинӣ амалӣ гардида, дар мавзеъҳои ҷамоати деҳоти Зарҳалол, Пошкент, Нофароҷ, Ҷавкандак ва Чорбоғ заминҳои қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ нарм гардид. Ҳамзамон, корҳои тоза намудани қадди роҳи мазкур аз партовҳо, алафи бегонаи хушк ва сафед кардани зиёда аз 220 пояҳои дарахтон ба иҷро расид.
Чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Мувофиқи нақшаи пешбинигардида ва дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо ҷалби аҳолӣ ва намояндагони хоҷагиҳои қадди роҳ, муассиса ва ташкилот, дар маҷмўъ 350 нафар корҳои ободони ба сомон расонида шуд. Дар рафти аксия 6,7 км ду тарафи роҳи Б.Ғафуров – Конибодом аз партов ва алафи хушк тоза карда шуд. Ҳамзамон, баҳри пешгирии пайдошавии партовҳои бесоҳиб бо аҳолии, ки хонаи истиқоматӣ дар наздикии роҳ доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани атроф, напартофтани партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ амалӣ гардид. Дар охири баргузории аксия зиёда аз 15 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Гулистон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зарури андешида шуда, як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Бо иқдоми пешгирифтаи кормандони бахш дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик, ки шаҳрвандон ба он ҷо барои оббозӣ мераванд, аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 250 нафар аҳолӣ иштирок намуда, беш аз 4 км соҳили обанбор ва ҷойҳои обутобгоҳ ташкил гардида аз ҳаргуна партовҳо, хусусан партовҳои пластикӣ тоза карда шуд. Ҳамагӣ қариб 3 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.
11 Июнь 2020
Чорабиниҳои муҳими экологӣ дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар шаҳри Конибодом дар арафаи таҷлили Рўзи байналмилалии муҳити зист як қатор чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида баргузор гардид. Дар давоми ду рўз аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар миқёси шаҳр ва ҷамоати деҳот ҳамагӣ бо иштироки беш аз 3,9 ҳазор нафар шаҳрвандон гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки якҷоя бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳр 2,4 км селроҳаи №7 бо ҷалби техникаи махсус кофта тоза карда шуд. Дар корҳои мазкур 45 нафар мутахассисону кормандони хоҷагии об ширкат варзиданд.
Дар ҳудуди хиёбони марказии Исмоили Сомонӣ ва ду тарафи шоҳроҳи нақлиётгарди Коллеҷи технологии шаҳр бо иштироки 540 нафар шаҳрвандон корҳои рўбучин дар масоҳати 2,1 ҳазор метри мураббаъ, тоза кардани ҷўйбор – 1,2 км, сафед намудани пояҳои 64 адад дарахтон бо ба шакл даровардани шоҳҳо ва баровардани партов – 6,2 тн амалӣ гардид.
Чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Ашт
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Ашт аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо ҷалби аҳолӣ ва кормандони коргоҳҳо, муассисаҳо ва ташкилот, дар маҷмўъ 2330 нафар як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Дар рафти аксияҳо 11,3 км ду тарафи роҳҳои асосӣ, 1,5 ҳазор метри мураббаъ саҳни ҳавлии ташкилоту идораҳо ва ҷўйборҳои қадди роҳҳо аз партовҳо тоза карда шудаанд. Ҳамчунин, партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 5,8 тн ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд. Дар ҷамоати деҳоти Ашт, Понғоз, Пунук, Ошоба ва Шайдон ду тарафи сойҳо низ аз партовҳо тоза гардид.
Баҳри ободу тоза нигоҳ доштани ҷойҳои истироҳати мардум, бо иштироки 220 нафар намояндагони ташкилоту идораҳои маркази ноҳия, дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳраки Шайдони чунин аксия баргузор гардид. Ҳамзамон, бобати пешгирӣ аз касалии пандемия коронавирус COVID – 19 дар ҷамоати шаҳраку деҳот, хусусан маҳаллаҳои аҳолинишин ва хонаҳои истиқоматӣ корҳои безараргардонӣ ва дигар тадбирҳо андешида шуд.
Чорабиниҳо бахшида ба санаи 5 июн дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист як қатор тадбирҳо андешида шуд. Мувофиқи чорабиниҳои пешбинигардида дар ҳудуди ноҳия ду маротиба аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар бо иштироки аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот, кормандони муассисаҳо ва ташкилоти ноҳия гузаронида шуд. Дар натиҷаи ҳашарҳои мазкур 9 км қадди роҳҳои нақлиётгарди ҷамоати шаҳраки Меҳробод, 7 км ҷўйбор, аз чумла дар ҳудуди мавзеи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, 1 км селроҳаҳои «Исфанасой» ва «Томчисой» аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, кўчаю хиёбонҳои ҷамоати шаҳраку деҳот аз алафҳои бегона ва хушк тоза гардида, дар маҷмўъ 24 метри мукааб партовҳо бо воситаи нақлиёти хоҷагии манзилию коммуналӣ ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд.
Чорабиниҳо бахшида ба санаи 5 июн дар шаҳри Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист як қатор амалиётҳо ва чорабиниҳо баргузор гардид. Бо ташаббуси бахш аксияи тақдим кардани маводи пешгирикунанда аз касалии коронавирус COVID – 19 ба шаҳрвандон, ки бо корҳои ободонии кўчаю маҳаллаҳо машғул буданд, маводи пешгирӣ, аз он ҷумла ниқоб ва дастпўшаки резинӣ тақдим карда шуд. Кормандони бахш ҳангоми баргузории аксия бо футболка ва кепка бо навиштачот буданд.
Ҳамчунин, дар арафаи Рўзи байналмилалии муҳити зист собиқадорони соҳа, ки солҳои қаблӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, хусусан дар шаҳри Истиқлол фаъолият карда буданд, аз ҷониби мудири бах шва кормандон аёдат гардидаанд.
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Панҷакент бо тантана 5500 солагии Саразми бостонӣ чашн гирифта мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни мазкур корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Дар рафти маъракаи кабудизоркунӣ бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ аз чониби мақомоти ҳифзи муҳити зист 500 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи гуногун харидорӣ ва дар ин минтақа шинонида шуда буд.
Санаи 8 июни соли ҷорӣ дар мамнуъгоҳи Саразми бостонӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент зиёда аз 5 ҳазор бех гулҳои ороишӣ, аз он ҷумла гули навъи «марҷонгул» шинонида шуд.


