Чорабиниҳо бахшида ба санаи 5 июн дар ноҳияи Ҷ.Расулов

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист як қатор тадбирҳо андешида шуд. Мувофиқи чорабиниҳои пешбинигардида дар ҳудуди ноҳия ду маротиба аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар бо иштироки аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот, кормандони муассисаҳо ва ташкилоти ноҳия   гузаронида шуд. Дар натиҷаи ҳашарҳои мазкур 9 км қадди роҳҳои нақлиётгарди ҷамоати шаҳраки Меҳробод, 7 км ҷўйбор, аз чумла дар ҳудуди мавзеи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, 1 км селроҳаҳои «Исфанасой» ва «Томчисой» аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, кўчаю хиёбонҳои ҷамоати шаҳраку деҳот аз алафҳои бегона ва хушк тоза гардида, дар маҷмўъ 24 метри мукааб партовҳо бо воситаи нақлиёти хоҷагии манзилию коммуналӣ ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд.

      Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия бо иштироки аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал»-и васеъ бо ҷалби 2 адад техникаи махсус баргузор гардид. Ғайр аз ин, боз дигар амалиётҳо, хусусан корҳои безараргардонӣ оид ба пешгирии касалии сироятии коронавирус COVID – 19 гузаронида шуд, ки дар натича чойҳои ҷамъиятӣ ва хусусан утоқҳои кории кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов бо маҳлулҳои кимиёвии зарурӣ безарар гардонида шуд. Ҳамчунин, дар арафаи Рўзи байналмилалии муҳити зист собиқадори соҳа, ки солҳои тўлонӣ ҳамчун роҳбари соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия фаъолият дошт, аз ҷониби мудири бахш ва кормандон аёдат карда шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/tj/news/578-chorabibnijrasulov05062020.html#sigProGalleria13a4fe993f
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.