Все статьи
19 Август 2022
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
а истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар шаҳри Гулистон амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
11 Август 2022
Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 9 августи соли 2022 дар доираи ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А, Раиси Суди Конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода А.А ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ карда шуд. Майдони умумии ҷудо гардида 412 метри мураббаъ, майдони зери бино 256 метри мураббаъ ва худи бино аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқњои корӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ 25 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Дар ошёнаи дуюм - қабулгоҳ ва 5 адад утоқњои корӣ барои кормандон ҷойгир буда, њамаи онњо бо лавозимотҳои зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз он ҷумла 4 адад компютер ва принтер (3 дар 1) таҷҳизонида шудааст.
25 Июль 2022
Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Т
ибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 25 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаригашта доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», «Соҳил», «Набзи рӯз», оҷонсиҳои иттилоотии «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои ШТР «Азия», СМ-1, Танин, «Диёр», «Сафина», «Синамо», «7 Ситора» дар маҷмӯъ 26 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи аввали соли 2022 дастрас гардид.
Амалиётҳои назоратӣ дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик ва соҳили дарёи Сир
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
а танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ, бахусус соҳили манбаҳои обӣ яке масъалаҳои мубрами рӯз буда, дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо ин мақсад аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик ва соҳили дарёи Сир амалиётҳои назоратӣ доир гардидаст. Дар натиҷа, ҳамагӣ ба 4 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз он ҷумла, шаҳрвандон Тоиров О., Бердиев Ф. ва Исомиддинов А. бо дасрасии моддаи 208 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайди ғайриқонунии моҳӣ бо тӯр ва Абдуллоев А. бо моддаи 232 Кодекси мазкур барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар соҳили обанбор.
Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
аҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии давлатии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Деҳмои ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардид, ки дар рафти аксияи мазкур дар баробари кормандони бахши ҳифзи муҳити зист сокинони ҷамоати деҳот, ҳамагӣ зиёда аз 110 нафар иштирок доштанд. Бо мақсади аз алафҳои бегона тоза намудани ду тарафи шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, намояндагони хоҷагиҳои қади роҳ ҷойгиргардида низ фаъолона иштирок доштанд. Дар натиҷа 2,2 км ду тарафи шоҳроҳи аз алафҳои бегона ва хор, инчунин партовҳои гуногун тоза гардида истодааст ва чорабинии мазкур идома дорад. Ҳамзамон, дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шудаст. Дар рафти аксия беш аз 80 нафар иштирок дошта, корҳои тоза намудани роҳ ва хати кабудизори байни роҳ, инчунин ҷуйбору атрофи он ба сомон расонида шудаст. Дар натиҷа 8 метри мукааб партовҳои гуногун интиқол ёфтааст.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар асоси нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тозаву обод намуданимуҳити зист дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 200 нафар ҷавонону волонтёрон ва мураббиёну варзишгарон иштирок намуда, соҳили дарёи Сир аз ҳар гуна партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» роҳандозӣ гардид.
07 Июль 2022
Ҷаласаи якуми Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
С
анаи 5.07.2022 дар Маркази бозомӯзии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ҷаласаи аввалини Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят баргузор гардид, ки дар рафти он фаъолияти кори Комиссияи мазкур ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар нимсолаи якуми соли 2022 баррасӣ гардида, вазифаҳои минбаъдаи сарраёсат ва зерсохторҳо бобати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи вилоятӣ ва ҳам ба фаъолияти чунин комиссияҳо дар шаҳру ноҳияҳо муайян карда шуданд. Тибқи Низомномаи Комиссияи вилоятӣ ҷаласа дар асоси нақшаи корӣ бояд як маротиба дар шаш моҳ баргузор гардида, Сарраёсати ҳифзи муњити зист тасмим гирифта буд, ки дар ҷаласаи аввал камбудиҳои ҷойдоштаро муайян намояд ва то ҷаласаи солона дар назди муовини Раиси вилоят ислоҳ карда, ҷиҳати иҷрои пурра ва сифатноки бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоятро роҳандозӣ намояд.
Фаъолияти нимсолаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд натиҷагирӣ гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
С
анаи 5 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда доир гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. , мудири бахши кишоварзии МИҲД вилоят Акбаров С., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Пас аз шунидани ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият сардори сарраёсат Ҳакимзода А. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд. Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон МавлододА. ва мудири бахши кишоварзии МИҲД вилоят Акбаров С. дар баромадҳои худ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии экологӣ, роҳҳои халли муаммоҳои экологии ҷойдошта дар миқёси вилоят, бо нишондиҳанда ва дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо доданд.
20 Июнь 2022
Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар шаҳри Гулистон, Макази таълимии Бонки миллӣ, дар доираи лоиҳаи минтақавии «Тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоти байналхалқию ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ ва идораю ташкилоте, ки бо масоили тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошанд, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо мизи мудаввар баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат дар мавзўи «Нақши Барномаи давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим» презентатсия пешниҳод гардид, ки дар доираи он иштирокдорон бо пуррагӣ бо «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шинос карда шуданд. Умуман, мақсади асосии вохўрии иттилоотӣ ин ҳамоҳангсозии фаъолият ва рушди ҳамкорӣ байни мақомот ва сохторҳои давлатӣ, инчунин шарикони рушд буда, бо назардошти пешниҳоди иштирокчиён «Нақшаи амал» барои баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва тақвияти чораҳои пешгирии хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таҳия карда мешаванд.
Маросими қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар толори бинои Раёсати маорифи вилоят маросими супоридани диплому сипоснома бо мукофоту тўҳфаҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва сардори сарраёсат ба ғолибони озмуни даври вилоятии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо дар мавзўи «Оқибатҳои зарари партовҳо, аз он ҷумла партовҳои платикӣ» баргузор гардид. Пеш аз оғоз, бо дастовардҳои хонандагон, ки дар маҳфилҳои гуногуни Маркази таҳсилоти иловагӣ машғул мебошанд, сардори Раёсати маорифи вилоят Набизода М.Р. сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ.-ро шинос карда, ҷиҳати минбаъд васеъ фаро гирифтани иштироки хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳо дар озмунҳои мазкур таклифҳо пешниҳод гардид. Дар маҷмўъ, 10 нафар хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Истиқлол, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ва Спитамен аз тарафи Кумита ва 15 нафар хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва Деваштич, ҳамчунин директори Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилоят ва мутахассиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят аз тарафи сарраёсат қадрдонӣ карда шуданд. Диплому сипоснома бо тўҳфаҳо аз ҷониби сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва сардори Раёсати маорифи вилоят, ҳамагӣ ба 27 нафар супорида шуд.


