Фаъолияти нимсолаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд натиҷагирӣ гардид

  Санаи 5 июли соли равон дар  Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда доир гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. , мудири бахши кишоварзии МИҲД вилоят Акбаров С., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Пас аз шунидани ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият сардори сарраёсат Ҳакимзода А. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд.  Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон МавлододА. ва мудири бахши кишоварзии МИҲД вилоят Акбаров С. дар баромадҳои худ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии экологӣ, роҳҳои халли муаммоҳои экологии ҷойдошта дар миқёси вилоят, бо нишондиҳанда ва дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастуру супоришҳо доданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.