Все статьи
24 Июль 2019
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Баҳри таъмини нақша чорабиниҳо ва омодагӣ ба ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ш.Исфара ҷамоати деҳоти Шаҳрак маҳаллаи Моҳпарӣ бо иштироки сокинони маҳалла ва кормандони беморхонаи марказии ш.Исфара аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар рафти аксия ду тарафи ҳамшафати шоҳроҳи «Абрешим» зиёда аз 6 км аз партовҳои бесоҳиб тоза карда шуда, ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.
Иштирок дар ҷаласаи ҳавзавии дарёи Сир
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 10.07.2019 дар Маркази таълимии Бонки Миллӣ дар шаҳри Гулистон ҷаласаи даҳуми Муколамаи ҳавзавии дарёи Сир оид ба Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир доир гардид.
Дар он кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсат иштирок ва баромад намуданд. Дар ҷаласаи гурўҳи корӣ масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи об, барномаи идоракунии ҳавзавӣ, иштироки шарикони рушд дар барномаи идоракунии ҳавзавӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №791 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» ва дар доираи татбиқи Лоиҳаи Идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
10 Июль 2019
Семинари ифтитоҳӣ дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаҳои 4-5 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсии шаҳри Душанбе семинари ифтитоҳӣ дар доираи лоиҳаи "Идоракунии даврагии заҳрхимикатҳо ва нобудсозии заҳрхимикатҳои дорои моддаҳои устувори органикӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Туркия" баргузор гардид, ки дар он мувофиқи даъват намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом иштирок намуданд. Ҳамчунин, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз сохторҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ, намояндагони ташкилоти байналхалқии ФАО дар Тоҷикистон, соҳаи кишоварзӣ ва дигар ташкилоти ғайридавлатӣ иштирок ва баромад карданд.
09 Июль 2019
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бомақсадидар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрҳо, кўчаву хиёбонҳо идомаи корҳои созандагию ободкорӣ шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Гулистон, Панҷакент, Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Айнӣ, Б.Ғафуров, бо ҷалби кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, соҳибкорон ҳамагӣ 5520 нафар аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар рафти аксия ҷўйборҳо ба масоҳати 8740 м, ҳудуд - 21637 м2, қадди роҳҳо - 36800 м, соҳилҳо 300 м, майдонҳо аз алафҳои бегона 2600 м тоза карда шуда, тақрибан 96,4 м3 партовҳои ҳосилшуда ба партовгоҳи шаҳриву ноҳиявӣ бароварда шуд.
02 Июль 2019
Фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 2 июли соли равон равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Раёсат дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода, Саидимон Акбаров мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони шӯъбаҳои Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Раёсат Т.Нӯмонзода бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар ҳама самтҳо, маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли пешин натиҷаҳои хубро муваффақ гардид. Дар ҷаласа фаъолияти нисбатан қаноатбахши бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Ҷ.Расулов, Исфара ва фаъолияти сусти бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Бӯстон, Деваштич ва Шаҳристон қайд карда шуд.
01 Июль 2019
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.02.2019, № 10 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» ва дар доираи 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои басо муҳиму наҷиб ба сомон расонида шуда истодааст ва идома дорад. Бо ин мақсад дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарё бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар он кормандони шуъба, бахши кор бо ҷавонон, сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр, кормандони Маркази дилшиносии вилоят ҳамагӣ 220 нафар иштирок доштанд.
22 Июнь 2019
Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории мусобиқаи «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» ва мувофиқи талаботи низомнома ва нақшаи чорабиниҳо дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғдмусобиқа байни кормандон баргузор гардид. Дар мусобиқа мутахассисони шуъбаҳои Раёсат 22 нафар иштирок дошта, дар даври финалӣ Бақоев Музаффар ғолиби мусобиқа дониста шуд. Дар интиҳои мусобиқа барои гирифтани ҷои 1 ба Бақоев Музаффар, ҷойи дуюм ба Каримов Гафурҷон ва ҷои сеюм ба Қодирова Парвина диплом ва тӯҳфаҳои сардори Раёсат супорида шуд. Дархостномаи ғолиби мусобиқа барои иштирок дар марҳилаи дуюм ба Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод карда мешавад.
Вохӯрӣ бо маорифчиёни ш.Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 19 июни соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" дар толори МТМУ № 71 шаҳри Панҷакент вохӯрии сармутахассиси раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Х. бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид. Дар он намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент иштирок доштанд. Аз тарафи намояндаи раёсат оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, наврасону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.
21 Июнь 2019
Конфронси “Об омили асосии рушди устувор”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, № 487 “Дар бораи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Об омили асосии рушди устувор” баргузор гардид.
Дар он сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумитаи ҳифзи муҳити муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита Шукуров И., сардори маркази ахбори экологии Кумита Тиллоева Г., устодону олимони муассисаҳои таълимии олӣ, намояндагони корхонаву муассисаҳо, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони васоити ахбори омма ва алоыамандони соҳа иштирок доштанд.
17 Июнь 2019
Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни «Ҳифзи табиат – асоси рушди сайёҳӣ»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷуцмҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар мавзӯи «Ҳифзи табиат – асоси рушди сайёҳӣ» аз рӯи 6 номинатсия эълон гардида буд.
Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ муайян гардида, дар конфронси вилоятӣ, ки бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иштирокчиён аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Деваштич, Ҷ.Расулов бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафароз гардонида шуданд.


