Все статьи
02 Май 2019
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар амал
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 1 майи соли равон дар толори раёсат маҷлиси машваратӣ бо иштироки муовини сардор ва сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои раёсат, роҳбарон ва намояндагони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳру ноҳияҳои вилоят, КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъули соња баргузор гардид. Мувофиқи рӯзнома ду масъала - оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии партовгоҳҳо ва қарзҳои пардохти ҳатмии экологии коргоҳҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ баррасӣ карда шуд. Дар рафти маҷлис аз ҷониби намояндагони КДФ «ХМК»-и шаҳру ноҳияҳо таклиф пешниҳод гардид, ки оид ба мунтазам гузаронидани семинар - машваратҳо дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист, корҳои амалиётӣ ва фаҳмондадиҳӣ моҳе як маротиба, дар якҷоягӣ гузаронидани рейдҳо оид ба инвентаризатсияи шартномаҳои байни КДФ «ХМК» ва субъектҳои хоҷагидор ба нақша гирифта шавад.
26 Апрель 2019
Вохўрӣ дар шаҳри Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, санаи 24.04.2019 дар толори МИҲД шаҳри Истиқлол баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ бо намояндагони соҳаи маориф, кормандони корхонаву муассисаҳои дахлдор, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва аъзоёни комиссияи байни идоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, доир ба иҷрои мунтазам ва мушаххаси барнома, оид ба нуқтаҳои вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардиданд, ҳамчунин дарбораи зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, муомилот бо партовҳо ва чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуда шуд.
19 Апрель 2019
Семинар бахшида ба Рўзи байналмилалии замин
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мақомоти ваколатдори давлатӣ буда, барои беҳтар намудани ҷузъҳои муҳити табиӣ вазифадор аст ва тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои талаботи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва «Дар бораи иттилоотӣ экологӣ» дар соли равон маҷмўъи конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо, вохўриҳо, сўҳбатҳо ва дигар чорабиниҳоро доир намояд. Мувофиқи нақшаи корӣ санаи 19.04.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон семинар бахшида ба 22 апрел - Рўзи байналмилалии Замин доир карда шуд. Дар семинар олимону устодон аз кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»,кафедраи маркетинг ва агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори умум ва мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳузур доштанд.
Семинари минтақавӣ дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаҳои 10 - 12 апрели соли равон дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри Гулистон семинари минтақавӣ дар мавзўи "Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ" баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии гуногунии биологӣ ташкил гардид, ба ғайр аз Тоҷикистон намояндагон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Федератсияи Россия, ҳамчунин ташкилотҳои байналхалқӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Дар кушодашавии семинар бо суханҳои ифтитоҳӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С. ва муовини Раиси вилояти Суғд Каримзода Р. баромад намуданд. Дар давоми ду рўз намояндагон мувофиқи барнома презентатсияҳо ва баромадҳои худро пешкаши иштирокдорон намуда, дар охири рўзи дуюм, санаи 11 апрел резолютсияи семинари минтақавии "Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ" дар вилояти Суғд қабул гардид.
18 Апрель 2019
Вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, санаи 16.04.2019 дар толори муассисаи таълимии №6 ноҳия баҳри татбиқи "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳия, аз он ҷумла директорони мактаб ва омўзгорони фанни табиатшиносӣ, дар маҷмуъ 150 нафар доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии гайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумхурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.
15 Апрель 2019
Ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 9.04.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мувофиқи даъват дар ҷаласа сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок дошта, баъд аз маърўзаи сардори раёсат аз ҳар яки онҳо аз ҷониби муовини раиси кумита пурсиш ба амал омад. Ҳангоми музокира камбудиҳои зерсохторҳои раёсат мавриди таҳлил карор гирифта, аз тарафи муовини раиси кумита як қатор дастуру супориш барои ислоҳи камбудиҳо то ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дода шуд.
04 Апрель 2019
Ифтитоҳи Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 31 март соли 2019 дар доираи чорабиниҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” ба истифода дода шуд. Маҷмааи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров дар масоҳати 5 гектар, бо ҳавзҳои намудҳои зиёди моҳӣ ташкил гардида, барои диданибоб шудани минтақа парандаҳои гуногун, аз ҷумла мурғҳои даштӣ (фазан) гирд оварда шудаанд. Корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии парваришгоҳ бо лавозимоти зарурӣ соли 2018 оғоз гардида, дар он бинои истироҳатӣ , толори нишасти мењмонон, бинои маъмурӣ, ошхона, шипангҳо ва нуқтаи гигиенӣ-санитарӣ бунёд ёфтааст.
Сайди моҳӣ манъ аст!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо

Тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Сущд таҳти №21 аз 20.03.2019 сол, дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзизахираҳоимоҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, шароити фароҳам овардан ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 1 апрел то 15 июн соли 2019 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.
Телефони боварӣ: (83422) 6-59-81, 4-03-59
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
19 Март 2019
Аксияи «Тозагии соҳил-2019» дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврўз, ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.02.2019, № 10 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2019» ва бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарё, каналу ҷўйбор ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳудуди вилояти Суғд санаи 16.03.2019 аксияи мазкур гузаронида шуд.
Конференсияи илмӣ-назариявӣ «Об–маъною маъвои зиндагист»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 15.03.2019 дар толори маҷлисгоҳи хурди раёсати МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» конференсияи илмӣ–назариявии «Об – маъною маъвои зиндагист» бахшида ба санаи муҳими экологӣ, 22 март - Рўзи байналхалқии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ устодону олимони муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист, меҳмонон аз Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии вилоят, Котиботи байналхалқии захираҳои об – намояндагӣ дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф», намояндагони васоити ахбори омма, коршиносон ва алоқамандони соҳа иштирок доштанд.


