Все статьи
21 Январь 2026
Идомаи корҳои биотехникӣ дар доираи амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар шаҳри Панҷакент аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар мавзеъи «Чиларча»-и ҷамоати деҳоти Саразм ва мавзеъи «Парваришгоҳи шаҳри Панҷакент» корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Бо мақсади таъмини олами ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ бо хӯроки иловагӣ 300 кг гандум, 350 кг ҷав, 100 кг оқшоқ, 200 кг маккадона, 350 кг хӯроки омехта (комбикорм), 150 кг намак ва 90 кг сангнамак, 80 халта сабӯс, 50 ададӣ бастаи каҳ ва алаф харидорӣ гардида, дар талу теппаҳо ва доманакӯҳҳои мавзеъҳои мазкур, ки минтақаи сукунати ҳайвоноти ваҳшӣ ва намуди бисёри парандаҳо, аз ҷумла кабк ба ҳисоб меравад пошида шуд. Тибқи маълумоти мутахассисону коршиносон то айни ҳол талафоти ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳавои фасли зимистон ба қайд гирифта нашудааст.
«Паём – кафили зиндагии шоистаи мардум» - ҳамоиши омӯзишӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расонидани муҳтавои он ба кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, инчунин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» дар маҷлисгоҳи сарраёсат ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши омӯзишие, ки таҳти унвони «Паём – кафили зиндагии шоистаи мардум» ба амал омад, мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Нурзод Розиқ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Ф., намояндаи кумиҷроия дар вилоят Бобоева З. ва дотсент, номзади илмҳои география, сармутухассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» Турдиев Т. иштирок ва суханронӣ карданд. Ба чорабинии мазкур муовини сардори сарраёсат ҳусни ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии худ масъалаҳои сарҳадӣ, ташаббусҳои Тоҷикистону қабули қатъномаҳо ва дигар рӯйдодҳои таърихии дар Паёми навбатӣ қайдгардидаро таъкид намуд.
16 Январь 2026
Тадбирҳо баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
аҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом вохӯрии муовини раиси шаҳр, мудири бахши ҳифзи муҳити зист ва сардори КДФ «Хаҷагии манзилию коммуналӣ» бо раисони Кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дар толори хоҷагии манзилию коммуналӣ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ ба амал омада, ҳамчунин дар рафти чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба тартибу танзим даровардани ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои истеъмолии аҳолӣ ва фаъолона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ муҳокима карда шуд. Минбаъд, тибқи нақшаи пешбинигардида иқдоми мазкур идома ёфта, барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва атроф тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Т
ибқи нақшаи пешбинигардидаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон мутахассинони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар минтақаи Лаккони шаҳри Исфара ва минтақаи Шӯркӯли болооби обанбори «Баҳри Тоҷик» корҳои биотехникӣ гузаронида, 500 кг-мӣ резаи гандум, резаи ҷав, намак ва сабӯс, 50 кг резаи ҷуворимакка, 50 бандӣ бастаи каҳ ва беда, дар маҷмуъ таъмини ҳаҷми хӯроки иловагӣ 4050 кг-ро ташкил намуд. Ҳамчунин, аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар минтақаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳр, ки минтақаи сардтарин ва сербориштарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки зимни мушоҳидаҳои бисёрсола дар доманакӯҳ ва талу теппаҳои минтақаи мазкур, дар ҳаргуна вақт намудҳои ҳайвонот ва парандагони нодир, аз ҷумла рӯбоҳ, хирс, шоҳин, ҷайра, тазарви тоҷикӣ, бургут, каргас, оху ва дигар намудҳои олами ҳайвонот, инчунин дохили Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешаванд. Дар рафти корҳои биотехникӣ 50 кг-мӣ гандум ва ҷав, 20 кг намак, 30 кг-мӣ сабӯс ва каштан, 10 бандӣ бастаи каҳ ва беда, ҳамагӣ 580 кг хӯроки иловагӣ дар ин минтақа пошида шуд.
12 Январь 2026
Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар айни ҳол муҳлати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ба охир расида, бо мақсади натиҷабардорӣ аз фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят ва чунин комиссияҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ҷаласаи ҷаъмбастӣ дар толори калони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят гузаронида шуд. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд, раиси комиссия Ф.Қосимӣ ва бо иштироки сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Г., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., сохторҳои аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Дар баробари бахшидани ҳусни ифтитоҳ ба ҷаласа муовини Раиси вилоят иштирокдоронро бо рӯзнома шинос карда қайд намуд, ки тибқи Низомномаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 декабри соли 2021, №558 тасдиқ гардидааст, ҷаласаи комиссия дар асоси нақшаи кори ҳарсола тасдиқшаванда, бояд дар як сол ду маротиба гузаронида шавад ва мутобиқи талабот ҷаласаи мазкур дуюм маротиба дар соли 2025 барпо гардида истодааст.
Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2025 – 2027, инчунин беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо ва бартараф кардани партовҳои бесоҳиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои кабудизоркунию ободонӣ гузаронида шуд. Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят баҳри омодагӣ ва муташаккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ 8000 бех ниҳолҳои дарахтони намуди санавбар, ардач, кастона, акатсия, туяи шарқӣ, каталпа ва павлония харидорӣ шуда, то айни ҳол шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд бо 1100 бех, Исфара – 500 бех, Истиқлол – 350 бех, Истаравшан – 800 бех, Б.Ғафуров– 800 бех, Ҷ.Расулов – 200 бех, Спитамен – 300 бех ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо 300 бех ниҳол таъмин гардиданд ва ин амал идома дорад. Дар шаҳри Истиқлол чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси шаҳр баргузор гардида, дар натиҷа 350 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Дар ҷамоати шаҳрак ва деҳоти шаҳри Исфара 300 бех ниҳоли намуди санавбар, 100 бех ардач ва 100 бех туяи шарқӣ шинонида шуд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ маъракаи шинонидани ниҳолҳо баргузор гардида истодааст.
31 Декабрь 2025
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2026
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Фарорасии соли нави 2026-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда, соли навбатии созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози соли таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешавем. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон, собиқадорон ва дӯстдорони табиатро аз самими қалб шодбош гуфта, ба ҳар яки шумоён сиҳатмандиву саодати рўзгор, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин оварад.
Соли нави милодӣ муборак!
Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар асоси нақшаи корӣ, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ва Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали шаҳр дар минтақаи Навобод корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Корҳои биотехникӣ бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ҳамасола дар фасли сармо дар минтақаҳои куҳӣ гузаронида мешавад.
30 Декабрь 2025
Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар соли 2025 бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва кормандони сарраёсат баргузор гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Гулрухсор аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо вобаста ба натиҷаи фаъолият дар ҳамаи самтҳои соҳа пурсиш намуда, вобаста ба татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ва ташкили ниҳолхонаҳо, пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
24 Декабрь 2025
Семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон дар шаҳри Бӯстон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, «Клуби экологӣ»-и донишкадаи мазкур ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ семинар оид ба таҷриба дар пешбурди таълим ва маърифати экологии ҷавонон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, устодон ва донишҷӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Сафи» ва «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳӣ презентатсия ва баромадҳо дар бораи фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар соли 2025 ва лоиҳаи GREEN ROOTS, фаъолияти Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва ТҶ «Сафи», инчунин аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист иштирокдорон бо натиҷаҳои асосии татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар вилоят шинос карда шудаанд. Дар рафти семинар байни иштирокчиён саволу ҷавоб ба миён омада, аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод гардид ва дар интиҳо, тибқи барнома, доир ба дурнамои фаъолияти муштарак дар соли 2026 намояндагони мактабҳои олӣ ва дигар иштирокдорон изҳори ақида намуданд.


