Т
ибқи нақшаи пешбинигардидаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон мутахассинони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар минтақаи Лаккони шаҳри Исфара ва минтақаи Шӯркӯли болооби обанбори «Баҳри Тоҷик» корҳои биотехникӣ гузаронида, 500 кг-мӣ резаи гандум, резаи ҷав, намак ва сабӯс, 50 кг резаи ҷуворимакка, 50 бандӣ бастаи каҳ ва беда, дар маҷмуъ таъмини ҳаҷми хӯроки иловагӣ 4050 кг-ро ташкил намуд. Ҳамчунин, аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар минтақаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳр, ки минтақаи сардтарин ва сербориштарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки зимни мушоҳидаҳои бисёрсола дар доманакӯҳ ва талу теппаҳои минтақаи мазкур, дар ҳаргуна вақт намудҳои ҳайвонот ва парандагони нодир, аз ҷумла рӯбоҳ, хирс, шоҳин, ҷайра, тазарви тоҷикӣ, бургут, каргас, оху ва дигар намудҳои олами ҳайвонот, инчунин дохили Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешаванд. Дар рафти корҳои биотехникӣ 50 кг-мӣ гандум ва ҷав, 20 кг намак, 30 кг-мӣ сабӯс ва каштан, 10 бандӣ бастаи каҳ ва беда, ҳамагӣ 580 кг хӯроки иловагӣ дар ин минтақа пошида шуд.
Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд
Шарҳ додан


