Все статьи
08 Октябрь 2021
Забон ҳастии миллат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо

Бо мақсади ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ маҷлис бо иштироки кормандони бахш ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Соқиев С. доир гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Боқиев Б. ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, оид ба арҷгузорӣ ва гиромидошти забони тоҷикӣ сухан кард. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Соқиев С. ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» баромад намуд. Рафти маҷлис кормандони бахш ба саволҳои худ оид ба забон ва талаботҳои қонун ва Қоидаи имлои забони тоҷикӣ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
06 Октябрь 2021
«Забон бақои миллат»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун «Рўзи забони точикӣ» дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣ қарор мегирад. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ оид ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст доир гардид. Дар машғулият дотсент, номзади илмҳои филологии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоева З.С. иштирок намуд.
02 Октябрь 2021
4 октябр – Рӯзи муҳофизати ҳайвонот
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҳар сол 4 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг мебошад.
16 Сентябрь 2021
Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 14 сентябр дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шахри Бӯстон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он собиқадорони соҳа, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Бо суханони табрикӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баромад намуда, оид ба дастовардҳои мақомот дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар кайд намуд. Рафти маҷлиси тантанавӣ як қатор кормандони собиқадор ва фаъолони соҳа, ғолибони озмуни вилоятии «Шуъба (бахши) беҳтарини ҳифзи муҳити зист» қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ба як катор рӯзноманигорон, ғолибони озмуни ҷумхуриявии «30 соли Истиқлолияти давлатӣ – қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» - Маъмури Юсуфзод котиби матбуоти раиси шаҳриХуҷанд (дарбахшимаводиматбуотӣ), ҒафуровНасимҷон корманди радиои вилояти Суғд (дарбахшимаводирадио), Каримов Обидҷон - корманди телевизиони «Синамо» дар вилояти Суғд (дар бахши маводи телевизион), Раҷабова Ӯғулой – корманди телевизиони ШТР «7 Ситора» (дар бахши маводи телевизион) ва Файзулло Атохӯҷаев – мухбири рӯзномаивилоятии «Ҳақиқати Суғд» (дарбахшимаводиматбуотӣ)диплому ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
07 Сентябрь 2021
Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо таманниёту фараҳмандии афзун Шуморо бо фарорасии ҷашни сарнавиштсози миллӣ - 30 умин солгарди соҳибистиқлолии Ватани азизамон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хушбахтиву иқболи нек ва комёбиҳои беназирро таманно дорам. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият омолу орзуи деринаи халқ, неъмати пурқиматтарин, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории кишвари мост, ки номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ ба анҷом расиданд. Дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
04 Сентябрь 2021
Қуттиҳои ғайриоддӣ барои партовҳои пластикӣ дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Камоли Хуҷандӣ” шаҳри Хуҷанд қуттиҳои ғайриоддӣ барои партовҳои пластикӣ гузошта шудааст. Шумораи ин қуттиҳо 3 адад буда шакли қуттии пластикӣ ё худ баклашкаро доро мебошад. Иқдоми ташкили чунин қуттиро Турсунбой Ғафуров ҷавони 17 сола пешниҳод ва амалӣ намудааст. Андозаи ҳар яке аз қуттиҳо 2 метрро ташкил дода, онро бо ранги зард ва сурх оро доданд, то ин ки аз дигар рангҳои атроф фарқ кунад. Инчунин дар поёнаш дарича низ дорад, ки дар вақти пур шуданаш онро кушода тоза кардан мумкин аст. Ғафуров Т. хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 15-уми шаҳри Хуҷанд мебошад. Давоми 4 сол инҷониб ӯ дар ташкилоти ҷамъиятии Таҷрапт низ таҳсил мекунад. Гузоштани чунин қуттиҳо яке аз лоиҳаҳои иҷтимоии Ғафуров Т. мебошад, ки ташкилоти мазкур маблағгузорӣ намудааст.
31 Август 2021
Аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар соҳили обанбори баҳри Тоҷик бо иштироки 310 нафар кормандони бахши фарҳанг ва маориф аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Рафти аксия аз тарафи иштирокчиён 1 км ҷӯйбор, 600 м2 ҳудуд ва 4 км қадди роҳҳо, 700 метр соҳилҳои обӣ тоза карда шуда, 4 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар шанбегӣ кормандони корхонаву ташкилотҳо, аҳолии ҷамоатҳо ва маҳалаҳо ҳамагӣ 670 нафар иштирок доштанд. Аз ҷониби иштирокчиёни шанбегӣ 2100 м ҷуйборҳо,қадди роҳҳо 7 км, 400 м2 майдонхо аз алафхои бегона тоза карда шуд. Инчунин 230 м роҳҳо таъмир ва сафед карда шуда, 7,5 м3 партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Сомониён ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон - сокинони ноҳия Турсунов Ф. ва Қирғизбоев М. бо моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.
26 Август 2021
Мизи мудаввари ҷамъбастӣ доир ба лоиҳаи «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри беҳтар намудани вазъи муҳити зист, рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ якҷоя бо дигар сохтору ташкилот як қатор чорабиниҳои экологиро баргузор менамояд.Аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз моҳи октябри соли 2020 то моҳи августи соли 2021 лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати зиндагӣ, тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво» татбиқ гардид. Бинобар ба охир расидани лоиҳа дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввари ҷамъбастӣ бо шиори «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ» гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокдорон призентатсия ва баромадҳо дар мавзӯи «Фаъолият, мушкилиҳо ва натиҷаҳои бадастоварда аз амалишавии лоиҳа», «Презентасия ва пешкаши видеоролик оид ба фаъолиятҳои амалигашта доир ба ҳифзи ҳавои атмосфера», «Маълумоти мухтасар оид ба стансияҳои насбнамудаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва фаъолияти онҳо» ва «Таъсири ифлосшавии ҳаво ба саломатии инсон ва оқибатҳои он» пешниҳод гардид.


