Маълумот оиди шуъбаи назорати таҳлилӣ

Шуъбаи назорати таҳлилӣ дар асоси сохтори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.08.2008 сол №189 тасдиқ шудааст (минбаъд Раёсат) таъсис ёфтааст.

Шуъба қисми таркибии Раёсат буда, сиёсати экологиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи табиатро дар вилояти Суғд амалӣ намуда фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Раиси Кумита, Низомномаҳои Кумита, Раёсат ва ҳамин Низомнома ба роҳ мемонад.

    Шуъба вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо дигар шуъбаю бахшҳои Раёсат ва сохторҳои дастгоҳи марказии Кумита амалӣ  менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.