Санаи 1 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хайрулло Бобозода ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баргузор гардид. Рафти ҷаласа ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020 шунида шуд. Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.
Сайди моҳӣ манъ аст
Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №18 аз 31.03.2020, дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 31 март то 15 июни соли 2020 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.
Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 4–03-59
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд
Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тоза намудани манбаҳои обӣ аз партовҳо санаи 28 марти соли равон дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии сохил» бо иштироки 60 нафар кормандони Маркази дилшиносии вилоят ва беморхонаи физиотерапевтӣ, кӯдакистони президентӣ, ташкилотҳое, ки дар назди соҳил ҷойгиранд, иштирок доштанд. Дар аксияи мазкур соҳили дарё аз партовҳои маишӣ, алафҳои бегона тоза карда шуда, 2,2 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр аз тарафи КВДК ХНС -и шаҳри Хуҷанд бароварда шуд.
Моҳипаҳнкунӣ дар кӯли шаҳри Гулистон
Дар рӯзҳои ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд, дар доираи чорабиниҳои Наврӯзӣ, бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати ташкили сайди моҳидории варзишии сайёҳон бо иштироки сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва раиси шаҳри Гулистон дар кӯли Маҷмааи қабули меҳмонони олиқадри вилоят дар ш.Гулистон, санаҳои 24 ва 25 март 15 ҳазор адад моҳиҳои намуди амури сафед, капур, пешонапаҳн паҳн карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки сифати моҳихои паҳнкарда ба меъёри стандартӣ ҷавобгӯ буда, ҳамзамон ба талаботҳои санитарию ветеринарӣ ҷавобгӯ мебошад.