Санаи 1 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хайрулло Бобозода ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баргузор гардид. Рафти ҷаласа ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020 шунида шуд. Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хайрулло Бобозода дар баромади худ оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, симтӯр намудани партовгоҳҳо, назорат ва пешгирии сайди ғайриқонунии моҳӣ, руйпӯш намудани партовгоҳи радиофаъоли (Деҳмой) н.Б.Ғафуров, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ қайд намуд.
Дар интиҳои ҷаласа барои дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дар рушди соҳа, гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист, иштироки фаъолона дар чорабиниҳо баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ як қатор кормандони шуъбаву бахшҳои Раёсат бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.