Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитариву экологӣ ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ дар назди нақби Истиқлол ва Шаҳристон 2 адад қуттӣ барои ҷойгиронии партовҳои пластикӣ гузошта шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт
Баҳри иҷроиши қарори раиси вилояти Суғд аз 22.11.2024, № 363 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои солҳои 2023-2024» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад. Чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар асоси қарори раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо дар ноҳияи Ашт гузаронида шуд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия то охири моҳи январ дар мавзеи шаҳраки Шайдон, қадди роҳҳои протоколӣ, ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Шодоба ва Ошоба, шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт ҳамагӣ 7400 бех ниҳолҳо, аз он ҷумла 200 бех сояафкан, 7100 бех ҳамешасабз ва ороишӣ ва 100 бех мевадиҳанда, аз он ҷумла 200 бех гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Баргузории шанбегӣ дар Кӯҳистони Масчоҳ
Дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон шанбегии дастаҷамъӣ доир карда шуд. Дар ҷараёни шанбегии дастаҷамъона кормандони бахшу идораҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷавонон фаъолона иштирок доштанд. Дар ҷараёни шанбегӣ ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, роҳраву кӯчаҳои марказӣ, боғи Парчам ва Нишони давлатии назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин назди биноҳои маъмурии маркази ноҳия аз партовҳои гуногун тоза карда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Деваштич
Бо мақсади бо таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ дар асоси супориши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят аксияи «Тозагии шоҳроҳ», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» доир гардид. Дар он 115 нафар аҳолии ҷамоатҳо, корхонаву ташкилотҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон бо иштирокчиёни аксияҳо аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Рафти аксия тариқи телевизиони «Синамо» ба навор гирифта шуд.