Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик, минтақаи Шӯркули ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ сокинони н.Б.Ғафуров Шарипов М. ва Қурбонов Ҷ. боздошт гардиданд. Қонуншиканон бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист бо турҳои моҳидории лескавӣ ва қаиқи алюминӣ ва резинӣ бо моҳидорӣ машғул шуда, дар натиҷаи азназаргузаронӣ ошкор карда шуд, ки зиёда аз 182 сар 8 намуди моҳиҳо (ҷерсон, суфмоҳӣ, нуқрамоҳӣ, морсармоҳӣ, пешонапаҳм, зағорамоҳӣ ва амури сафед) сайд шудааст, ки ин амали қонуншиканон бар хилофи моддаи 44, 45-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” буда, дар натиҷа бо моддаи 208-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Арзиши умумии зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи № 8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 12376 сомониро ташкил медиҳад. Барои андешидани чораҳои зарурӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маводҳояш ба суди ноҳияи Б.Ғафуров фиристода шуд.