Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена дар бораи нигаҳдории қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон” аз 2 ноябри соли 2015, № 643, санаи 1 июни соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки роҳбари Маркази миллии озони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов А. ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар роҳбари Марказ оиди вайроншавии қабати озон ва озони стратосферӣ, ба танзимдарории газҳои озонвайронкунанда, оқибатҳои вайроншавии қабати озон баромадҳо намуда, иштирокчиёнро бо Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба нигаҳдории қабати озони замин, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нигаҳдории қабати озони замин шинос намуд.
Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши н.Айнӣ
Дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти н.Айнӣ, ки ҳамчун объекти ҷашнӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода иброз доштанд, ки дар тамоми гӯшаю канори кишвари маҳбубамон айни замон раванди ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол гирад. Ифтитоҳи бинои наву хуштарҳ дар ноҳияи Айнӣ дар остонаи Иди Ваҳдат бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ки аз тарафи ЧДММ «Идораи байнихоҷагии ноҳияи Айнӣ», дар муддати кӯтоҳ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Вохӯрӣ дар мактабҳои ш.Истиқлол
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 24 май дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 бо иштироки муаллимон, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои №№ 1, 2 ва 5-и ш.Истиқлол вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол оиди мақсадҳои асосии қабули Барнома ва татбиқи он, таърихи баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, саҳми насли наврас дар беҳдошти муҳити зист ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ баромад намуд. Хонандагон ва муаллимон ба саволҳои худ оиди мавзӯъҳои зикргардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва барои гузаронидани чунин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, баҳри иҷроиши бандҳои талаботҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва санаҳои 18, 19, 23 майи соли равон дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом озмун аз рӯи номинатсияҳои «Реферати беҳтарин» ва «Расми беҳтарин», ҳамчунин байни хонандагони синфҳои 9 КВН гузаронида шуд. Дар озмунҳои мазкур мактабҳои таҳсилоти ҳамагонаи №№ 1, 16 ва 33 ғолиб дониста, аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.