Санаи 13 май дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон мувофиқи фармоиши сардори Раёсат, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, баҳри иҷроиши зербанди 5-уми қарори ҷаласаи Раёсат аз 05.04.2016, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо, семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони соҳа, аз ҷумла мутахассисони ҷавон гузаронида шуд. Мувофиқи барнома дар семинари мазкур мавзӯҳои тартиби ташкил намудану гузаронидани санҷишҳо дар корхонаву ташкилотҳо, тартибҳои гузаронидани санҷиши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва гирифтани намунаҳои хок, тарзи нигаҳдорӣ, истифодабарӣ ва фурӯши нуриҳои минералӣ ва заҳрдоруҳо, тарзи ҳисоби пардохт ва зарари ба манбаҳои обӣ расонидашуда,
муомилот бо партов ва атмосфера, ба тартибдарории ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ баррасӣ карда шуд. Дар рафти семинар иштирокчиён ба суолҳои худ оиди масъалаҳои мавҷуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.