Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
- Сардори Шӯъбаи назорати давлатии истифорда ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маоши мансаби 1093,50 сомонӣ ; (категорияи сеюм)
- Сармутахассиси Шӯъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маоши мансаби 814,50 сомонӣ; (категорияи панҷум)
- Мутахассиси Шӯъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маоши мансаби 522,00 сомонӣ; (категорияи ҳафтум)
Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм;
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.