Санаҳои 20-21 феврали соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ярмарка – фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Дар оназ тарафи хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, хоҷагиҳои ниҳолпарварии шахсӣ, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 879 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, дар ярмарка –794,2 ҳазор бех дарахтони мевадиҳандаи гуногуни хушсифат, 35,0 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкани пурқимат ва 50 ҳазор бех гулу гулбуттаҳои зебо пешниҳод карда шуд.
Дар рафти гузаронидани ярмарка аз тарафи олимону мутахассисони соҳавӣ оиди шинонидани ниҳолҳову дарахтон вобаста ба шароити маҳал ба харидорон тавсияю пешниҳодҳои мушаххас дода шуд.