Мувофиқи ҷадвали вобастакунии масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иншоотҳои ҷашнии «Наврӯз-2016» сардори Раёсат, ҳамчун масъул ба сохтмони чойхона барои 150 ҷойи нишаст дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт вобаста гардидааст.
Сохтмони чойхонаи мазкур моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, айни замон, ҳамаи корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуда, чойхона бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда шудааст. Корҳои пардозкунии таҳхонаи чойхона аз тарафи сохтмончиён идома дошта, барои пайвастшавии хатти таъминоти оби нӯшокӣ корҳо рафта истодааст. Дар асоси супориши Раиси вилоят ошхонаи кӯҳнаи дар назди чойхона буда, тариқи ҳашар вайрон карда шуда, дар марҳилаи анҷомдиҳӣ мебошад.
Шарҳ додан