Санаи 22 июли соли равон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Сугд семинари омӯзишӣ бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. доир гардид. Дар семинар сардорони шуъбаҳо, мудирон ва сармутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кормандони Сарраёсат иштирок доштанд. Сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. тибқи барнома талаботи қонунгузории санҷиши субъектҳои хоҷагидор, инчунин тавакалнокии субъектони хоҷагидорӣ, дуруст таҳия намудани нақшаҳои корӣ, мушаххас намудани самти санҷиш, дақиқ нишон додани мӯҳлат ва натиҷаи санҷишро мавриди омӯзиш қарор дода, намунаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои оғоз, рафти санҷиш ва натиҷаи он таҳия мегарданд, пешкаши иштирокчиён намуд. Иштирокчиёни семинар доир ба мавзӯҳои болозикр, муаммоҳои ҷойдошта ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Баррасии татбиқи Барномаи давлатӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод (Иҷлосияи понздаҳум, даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар аввал ҳамчун масъалаи асосӣ - рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар ноҳия баррасӣ карда шуд.Бо маърўза муовини якуми раиси ноҳия Ҷумъазода Н.Р. баромад карда, оид ба тадбирҳои андешида ва корҳои ба анҷом расонида, аз он ҷумла дар бораи фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳия ба вакилони халқ маълумот пешниҳод намуд.Ҳамзамон, дар маърўза қайд гардид, ки масъалаи мавриди муҳокима гардида хеле муҳим ва саривақтӣ буда, надонистани қонуну қоидаҳои амалкунанда ва набудани дониши экологӣ ба вайроншавии муҳити зист оварда мерасонад.
Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар шаҳри Хуҷанд
Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тасдиқгаштаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияҳои «Тозагии соҳил ва маҳал» мунтазам доир гардида истодааст. Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони беморхонаи "Микроҷарроҳии чашм", кӯдакистони № 27 ва соҳибкорони ҳудуди мавзеъ аксияи "Тозагии маҳал" гузаронида шуд. Дар аксия 200 метр селроҳа ва 350 метр ҷуйборхо аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Умуман тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд давоми нимсола қариб 30 маротиба аксияҳо бо иштироки васеи аҳолӣ, кормандони соҳаҳои тиб ва маориф, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ гузаронида шуд. Ҷараёни гузаронидани аксияҳо тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва ҷумҳурияви ба навор гирифта ва пахш карда шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Зафаробод
Тибқи нақшаи тасдиқгаштаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зистивилоят дар ноҳияи Зафаробод амалиётҳоиназоратӣ гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёт аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсат оташ задани партовҳо дар ҳавои кушод аз ҷониби шаҳрванди ноҳия Ҳайдаркулов С. ошкор гардид. Нисбати қонуншикан тибқи талаботи моддаҳои 44 ва 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуд.