Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод (Иҷлосияи понздаҳум, даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар аввал ҳамчун масъалаи асосӣ - рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар ноҳия баррасӣ карда шуд.Бо маърўза муовини якуми раиси ноҳия Ҷумъазода Н.Р. баромад карда, оид ба тадбирҳои андешида ва корҳои ба анҷом расонида, аз он ҷумла дар бораи фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳия ба вакилони халқ маълумот пешниҳод намуд.Ҳамзамон, дар маърўза қайд гардид, ки масъалаи мавриди муҳокима гардида хеле муҳим ва саривақтӣ буда, надонистани қонуну қоидаҳои амалкунанда ва набудани дониши экологӣ ба вайроншавии муҳити зист оварда мерасонад.
Бинобар он, вакилони халқ зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагони ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба моҳияти Барномаи давлатии мазкур маълумот дода, ҷиҳати тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва пешгирии қонунвайронкуниҳо мусоидат намоянд. Дар баробари ин доир ба масъалаи асосии рӯзнома раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Н.Ганҷавӣ», №4 Шукуров З., вакил аз ҳавзаи интихоботии «Саъдии Шерозӣ», №33 Шарифзода Т. ва вакил аз ҳавзаи интихоботии «Борбади Марвазӣ», №3 Абдураҳмонзода Н.А. баромад намуданд. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист Ғуфронзода А.Ғ. ҳамчун намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуда, дар бораи натиҷаҳои санҷиши рафти татбиқи Барнома дар вилоят, камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо сухан кард. Ҳамчунин, аз ҷониби сардори сарраёсат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ду ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.