Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуда истодааст. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар ҷамоати Куҳандиёр бо иштироки васеи аҳолӣ, кормандони соҳаи маориф ва хонандагон ҳамагӣ 250 нафар аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Соҳили дарёи Сир аз тарафи иштирокчиёни аксия аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 6 м3 партов бароварда шуд. Ҷараёни аксия тариқи телевизиони маҳаллӣ наворбардорӣ карда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи ХУ1 - уми Шӯрои Олӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» гузаронида шуд. Дар он аҳолии ҷамоатҳо, кормандони муассисаю ташкилотҳо, хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ҳамагӣ 530 нафар фаъолона иштирок доштанд. Рафти аксия қадди роҳҳо ва ҷамоати деҳоти Ёва ва Исфисор аз партовҳои гуногуни пластикӣ, алафҳои бегона тоза карда шуда, 7 м3 партов бароварда шуд.
Машварати корӣ бо гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои экологӣ
Баҳри баланд бардоштани донишу маърифати экологии сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори бинои маъмурии ҷамоат машварати корӣ бо гурўҳи кории ҷамоати деҳоти мазкур оид ба масъалаҳои экологӣ баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовњои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» вохӯрӣ дар ин ҷамоати деҳот дуюм маротиба амалӣ гардида, дар рафти кори он намояндагони муовини раиси ҷамоат, раисони Кумитаҳои маҳаллӣ, Маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сокинони фаъол ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати мазкур бахшида шуда, тибқи барнома аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» иштирокдорон бо маълумоти амалигардии лоиҳаи «Татбиқи роҳҳои дастраси кишоварзӣ дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо назардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», нақши ВАО ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, маълумот оид ба таҳияи лоиҳаҳо барои ҳал намудани масъалаҳои экологӣ шинос гардиданд.
Риояи Қонун ба манфиати ҷомеа
Бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва таъмини иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падар модар оид ба тарбияи фарзанд», Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вохӯрии судяи суди иқтисодии вилоят Давлатзода Т. бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Вохӯриро муовини сардори Сарраёсат Абдумаликзода Б.А. оғоз намуда, оид ба рафти иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падар модар оид ба тарбияи фарзанд», Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Сарраёсат ва зерсохторҳо қайд намуд. Таъкид карда шуд, ки барои дар амал татбиқ намудани Қонунҳои мазкур нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, як қатор корҳои амалӣ ба сомон расонида шуданд. Дар давраи баргузории чорабиниҳои гуногун - аз ҷумла, Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.