Вохӯрӣ дар доираи чорабинии иҷтимоӣ «Замини тоза барои насли оянда»

  Вохўрии дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен баргузор гардида «Замини тоза барои насли оянда» ном дошта, ба баланд бардоштани маърифати экологии иштирокчиён ва ҳифзи муҳити зист бо воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бахшида шуд. Дар толори муассисаи таълимии миёнаи умумии №9, сарвари мактаби мазкур, омӯзгорони фанни экология ва хонандагон аз се мактаби ҷамоат, муовини раиси ҷамоати деҳоти Истиқлол, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, дар маҷмӯъ 100 нафар иштирок доштанд. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «МИР» маълумот оид ба фаъолияти ташкилот ва аз ҷониби намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/ YGPE дар бораи муҳофизати муҳити атроф ва тоза нигоҳ доштани он, аз ҷумла ҳифзи ҳавои атмосфера ва захираҳои об мини - лексияҳо бо намоиши видеороликҳо амалӣ гардид. Ҳамчунин, тибқи барномаи чорабинии иҷтимоӣ сармутахассиси Сарраёсати ҳифзимуҳитизист дарвилоятиСуғд «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025»-ро барои иштирокдорон шарҳ дод.

  Дар баробари ин, маълумот оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ, даст кашидан аз зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ, оқибатҳои ифлосшавии ҳаво ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъсири инсон ба табиат пешкаши хонандагону омўзгорон гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.