Тибқи иҷрои нақшаи корӣ, дар асоси фармоиши сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, бо мақсади пурзӯр намудани назорати ҳифзи олами ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат дар ноҳияи Деваштич амалиёти назоратӣ гузаронида шуд.Рафти амалиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ҳангоми фурӯши ғайриқонунии мори печони шарқӣ сокинони ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти Яхтан, деҳаҳои Хоҷа Боҳир ва Хуҷатоир - Солиев Нуралӣ ва Шарипов Элёр ошкор гардида, нисбати онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда барои андешидани чораҳоимаъмурӣ ба суди ноҳия фиристода шуд.Мори печон як навъ мори безаҳрбуда, дарқитъаҳои шағалу гилдори камрастанӣ маскан мегирад. Доманакуҳҳо ва минтақаҳои куҳии ҳамшафати водиҳои хеле тангро меписандад. Аз моҳи март то ноябр фаъол буда, дар моҳи ноябр ба хоби зимистона меравад.Зоҳиран ба кӯрмор монандӣ дорад, бинобар ин мардуми таҳҷоӣ онро барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа миқдораш солҳои охир кам шудааст.
Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар ноҳияи Зафаробод
Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Зафаробод озмуни «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун 15 адад муассисаҳои таълимии шаҳр бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ ширкат варзиданд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт, расмҳои бо ғалладонаҳо тасвиркардаву бо ресмонҳо кашидашуда оро дода буданд. Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, маводи видеоӣ оид ба корҳои иҷрошудаи гуруҳи нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд. Аз рӯи ин шартҳо зиёда 180 нафар хонандагони синфҳои аз 6 то 11 иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф, ба донишу фаҳмиши хонандагон доир ба муҳити зист баҳои баланд доданд. Ғолибони озмун хонандагони МТМУ № 1, № 6 ва № 16 эълон гардида, аз тарафи намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳр бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Аксияи экологӣ бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир»
Бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» дар «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Раёсати минтақавии захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Дафтари Барномаи Рушди СММ дар вилоят аксияи экологӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бисёр дўстдорони табиатро ҷалб намуд, ки беш аз 60 нафар донишҷӯёни эко – фаъолон, аъзоёни «Эко – клуб»-и Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон, волонтёрон, зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон ва намояндагони васоити ахбори омма ҳам дар корҳои тоза намудани боғ аз партовҳои пластикӣ ва ҳам дар озмун – викторинаи ташкилгардида иштирок карда, ғолибон соҳиби тӯҳфаҳо шуданд. Ҳамчунин, рафти чорабинӣ дар баробари иҷро намудани корҳои ободонӣ, насби ду адад қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ амалӣ гардид. «Рўзи дарёи Сир» бо мақсади нишон додани муҳимияти захираҳои об қайд гардида, ҷиҳати ҷалб, иттилоотонидан ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, мустаҳкам намудани амнияти экологӣ ва беҳсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамояд.
Вохӯрӣ дар доираи чорабинии иҷтимоӣ «Замини тоза барои насли оянда»
Вохўрии дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен баргузор гардида «Замини тоза барои насли оянда» ном дошта, ба баланд бардоштани маърифати экологии иштирокчиён ва ҳифзи муҳити зист бо воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бахшида шуд. Дар толори муассисаи таълимии миёнаи умумии №9, сарвари мактаби мазкур, омӯзгорони фанни экология ва хонандагон аз се мактаби ҷамоат, муовини раиси ҷамоати деҳоти Истиқлол, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, дар маҷмӯъ 100 нафар иштирок доштанд. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «МИР» маълумот оид ба фаъолияти ташкилот ва аз ҷониби намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/ YGPE дар бораи муҳофизати муҳити атроф ва тоза нигоҳ доштани он, аз ҷумла ҳифзи ҳавои атмосфера ва захираҳои об мини - лексияҳо бо намоиши видеороликҳо амалӣ гардид. Ҳамчунин, тибқи барномаи чорабинии иҷтимоӣ сармутахассиси Сарраёсати ҳифзимуҳитизист дарвилоятиСуғд «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025»-ро барои иштирокдорон шарҳ дод.